Имрӯз аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ва бевосита Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. ба 30 нафар донишҷӯёни ятимони кулл ба андозаи ду идрорпулӣ ва ба 10 нафар донишҷӯёни маъюб ба андозаи як идрорпулӣ кӯмаки молявӣ расонида шуд. Ин дастгирӣ ва мадди назар қарор додани ниёзмандон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ дар пайравӣ аз амалҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду чорабиниҳои гуногун давоми сол ба таври доимӣ амалӣ карда мешавад.

Инчунин дар ин навбат ба ғолибони Спартакиадаи 60-уми донишгоҳӣ, ки ҳар сол доир мегардад, дипломҳои дараҷаи 1-ум, 2-юм ва 3-юм супорида шуд.

Ғолибони Спартакиадаи мазкур аз рӯйи дастаҳо муайян карда шуданд. Дар байни дастаҳои устодон ва кормандон аз рӯйи нишондиҳандаҳои умумӣ дастаи Раёсат – ҷойи аввал, дастаи факултети “СваМ” – ҷойи дуюм ва дастаи факултети “Энергетикӣ” – ҷойи сеюм дониста шуданд.

Аз рӯйи намуди шоҳмот дастаи Раёсат – ҷойи аввал, дастаи факултети “СваМ” – ҷойи дуюм ва дастаи факултети “МваКН” – ҷойи сеюм, аз рӯйи намуди тенниси рӯйи миз дастаи факултети “СваМ” – ҷойи аввал, дастаи факултети “Энергетикӣ” – ҷойи дуюм ва дастаи факултети “МваКН” – ҷойи сеюм, аз рӯйи намуди волейбол дастаи факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” – ҷойи аввал, дастаи Раёсат – ҷойи дуюм ва дастаи факултети “Энергетикӣ” – ҷойи сеюм, аз рӯйи намуди баскетбол дастаи Раёсат – ҷойи аввал, дастаи факултети “СваМ” – ҷойи дуюм ва дастаи факултети “Энергетикӣ” – ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Дар байни донишҷӯён аз рӯйи намуди шоҳмот дастаи факултети “Нақлиёт” – ҷойи аввал, дастаи факултети “СваМ” – ҷойи дуюм ва дастаи факултети “МваКН” – ҷойи сеюм, аз рӯйи намуди тенниси рӯйи миз дастаи факултети “ТИ” – ҷойи аввал, дастаи факултети “МваКН” – ҷойи дуюм ва дастаи факултети “ДМТБ-ДТТ” – ҷойи сеюм, аз рӯйи намуди волейбол дастаи факултети “СваМ” – ҷойи аввал, дастаи факултети “ТИ” – ҷойи дуюм ва дастаи факултети “Энергетикӣ” – ҷойи сеюм, аз рӯйи намуди баскетбол дастаи факултети “СваМ” – ҷойи аввал, дастаи факултети “ТИваК” – ҷойи дуюм ва дастаи факултети “МваКН” – ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Ба дастаҳои пирӯз диплом ва мукофоти пулию молӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва нашр.