Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон доир гардид. Ин анъанаи нек ҳамасола ду маротиба – дар арафаи Рӯзи Конститутсия ва Наврӯз ташкил карда мешавад.

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон доир гардид. Ин анъанаи нек ҳамасола ду маротиба – дар арафаи Рӯзи Конститутсия ва Наврӯз ташкил карда мешавад.

Тибқи фармоиши Ректори донишгоҳ комиссияи баҳодиҳӣ дар ҳайати Саидзода Р.Ҳ. – муовини ректор оид ба таълим, Раиси ҳакамон, Абдуллоев М.А. — муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналхалқӣ, муовини раис ва аъзоён Раҳмонов А. – сардори Идораи илм ва инноватсия, Хуҷаев П.С. — сардори шуъбаи магистратура ва корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён, Оҷимамадов И.Т. — мудири кафедраи “Шабакаҳои алоқа ва тақсимоти иттилоот”, Абдуллоев Р.Т. – муовини декани факултети Энергетикӣ оид ба илм таъсис дода шуд.

Дар озмуни навбатӣ 24 лоиҳа аз тарафи донишҷӯён  ва магистрон пешниҳод гашта буд.

Иштирокчиёни озмун дар се равия ихтирооти худро пешниҳод намуданд, ки ҳайати комиссияи мазкур баъди аз назар гузаронидани лоиҳаҳои пешниҳодшуда бо қарори худ беҳтаринҳоро муайян ва барои мукофот пешниҳод намуданд:

равияи энергетика, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия:

  1. Лоиҳаи “Сфинктрометр для исследования тонуса мышц тозового дна”. Муаллиф Ҳомидов Ф.Ф., донишҷӯйи курси 4, ихтисоси “Автоматикунонии системаи коркарди иттилоот ва идора”, факултети “Технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ” таҳти роҳбарии н.и.т., Кабилов Ш.С. — сазовори ҷойи якум бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.
  2. Лоиҳаи “Передачик Fm диапазона”. Муаллиф Раҳимов Х.Х., донишҷӯйи курси 3, гурӯҳи 390101, факултети “Энергетикӣ” таҳти роҳбарии Мадумаров У.О. — сазовори ҷойи дуюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 700 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.
  3. Лоиҳаи “Коркарди модели компютерӣ”. Муаллиф Раҳматов Ш.А., донишҷӯйи курси 4, гурӯҳи 530104-03, факултети “Энергетикӣ” таҳти роҳбарии н.и.т., Гиёев Б.М. — сазовори ҷойи сеюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 600 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.

-равияи нақлиёт, технологияи кимиёвӣ, мошинсозӣ ва саноати сабук:

  1. Лоиҳаи “Дастгоҳи амалкунандаи муҳаррики дарунсӯзи автомобилӣ”. Муаллиф Саидов Ф.Б., донишҷӯйи курси 4, гурӯҳи 08-08 01.01.09, факултети “Нақлиёт” таҳти роҳбарии Ҷобиров Ф.И. — сазовори ҷойи якум бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.
  2. Лоиҳаи “Экструдер барои барқароркунии такягоҳи шарнири овеза, идоракунӣ”. Муаллиф Назруллоев А.Х., донишҷӯйи факултети “Нақлиёт” таҳти роҳбарии муалими калон Бердиев А.Л. — сазовори ҷойи дуюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 700 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.
  3. Лоиҳаи “Гелеоконсентратор”. Муаллиф Асадулоев А.Ҷ., факултети “Энергетикӣ” таҳти роҳбарии н.и.т. Султонов Ш.М. — сазовори ҷойи сеюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 600 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.

равияи сохтмон ва меъморӣ, технологияи маводи сохтмонӣ:

  1. Лоиҳаи “Муайан намудани гармиғунҷоиши хоси сӯзишвориҳои ҷои”. Муаллиф Раҳмонов Ф., магистри курси 1, гурӯҳи 700402-01, ихтисоси “Таъмини газу гармӣ ва ҳавотозакунӣ”-и факултети “Сохтмон ва меъморӣ” таҳти роҳбарии н.и.т. Хуҷаев П.С. — сазовори ҷойи якум бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.
  2. Лоиҳаи “Стенд барои шиддати пешакии додани арматурҳои композитӣ”. Муаллиф Шамсуллоев С., донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 700201-05А1, факултети “СваМ” таҳти роҳбарии Ашӯров И. — сазовори ҷойи дуюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 700 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.
  3. Лоиҳаи “Амсилаи пойгоҳи обтозакунӣ”. Муаллиф Ҷамолов Х., донишҷӯйи курси 4, гурӯҳи 700403-01, факултети “СваМ” таҳти роҳбарии н.и.т. Норматов А.Ю. — сазовори ҷойи сеюм бо додани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 600 сомонӣ ва сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.

Мукофот ва ифтихорномаву сипосномаҳо дар вазъияти тантанавӣ дар чорабинии бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки имрӯз – нимаи дуюми рӯз дар донишгоҳ баргузор мегардад, супорида мешавад.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment