Ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон Иди Сари сол, Соли нав, Ҷашни миллии бостонӣ ва тараннумгари эҳёи табиату сарчашмаи баракати хонадон ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ин ҷашни зебо бо тамоми шукуҳу шаҳомат ва гулрезию гулбезиҳояш таҷлил гардид.
Ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон Иди Сари сол, Соли нав, Ҷашни миллии бостонӣ ва тараннумгари эҳёи табиату сарчашмаи баракати хонадон ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ин ҷашни зебо бо тамоми шукуҳу шаҳомат ва гулрезию гулбезиҳояш таҷлил гардид.
Дар ҳавлии донишгоҳ майдони чорабинӣ ороста шуда, меҳмонон – Гулназар Келдӣ, Меҳринисо Бобобекова, Абдулҳамид Самад, Меҳмон Бахтӣ, Саида Набиева, Назарзода Умед, Ҳамроз Давлатзода ва дигарон аз зумраи шоирону нависандагон, намояндагони вазорату идораҳои дигар иштирок доштанд.
Дар оғоз Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. ҳозиринро бо таманниёти нек бо ин ҷашни миллӣ муборакбод намуд.
Тибқи Низомномаи гузаронидани чорабинии “Наврӯзи байналмилалӣ” факултетҳои донишгоҳ дар озмунҳои Маликаи наврӯзӣ, қироати шеър, дастархони наврӯзӣ, омода намудани хӯрокҳои миллӣ, газетаи деворӣ, намоиши либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иштирок намуданд.
Ҳайати ҳакамон – Меҳринисо Бобобекова, Саида Набиева, Некқадам Шоҳназаров ба ҳунари дастаи факултетҳо баҳогузорӣ намуданд.
Қисми дуюми чорабинӣ чун анъана мусобиқаи варзишӣ буд. Вазнбардорӣ, гӯштингирӣ, бандкашӣ аз намудҳои мусобиқаи варзишии наврӯзӣ интихоб гардида буд.
Пас аз анҷоми озмуну мусобиқаҳо ба ғолибон диплому ифтихорнома ва сипосномаву мукофоти дигар супорида шуд.
Боиси ёдоварист, ки қабл аз оғози чорабинии наврӯзӣ Парки технологии донишгоҳ озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавонро доир намуд, ки дар рафти мукофотсупории наврӯзӣ ба ихтироъкорони ҷавон низ мукофоти пулию молӣ ва ифтихорномаҳо супорида шуд.
Чорабинии имсолаи наврӯзии донишгоҳ бо як қатор хусусиятҳои хоси худ фарқ мекард. Шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ бо нияти тарғиби Наврӯзи тоҷикона тамоми донишҷӯёни хориҷие, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, ба чорабинӣ ҷалб намуд. Донишҷӯёни хориҷӣ бо эҳсоси баланди дарки анъанаҳои тоҷикон дар ин чорабинии бошукуҳ иштирок намуданд.
Рафти чорабинӣ аз ҷониби намояндагони васеи ВАО низ сабт гардид.
Маркази иттилоот ва нашр.
Хадамоти ташкилию тарбиявӣ.
Шуъбаи кор бо ҷавонон.