2-юми апрели соли 2019 дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии намояндагони фонди «Эл-юрт умиди»-и назди Кабинети вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён — шаҳрвандони Ӯзбекистон баргузор гардид.
Аз ҷониби ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар вохӯрӣ декани факултетҳо ва кормандони шуъбаи робитаҳои хориҷи бо роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ Абдуллоев М.А. иштирок намуданд.
Намояндаи фонди «Эл-юрт умиди» Ҷавоҳир Ахмедов ба иштирокдорон доир ба фаъолияти фонд ва имконоти идомаи таҳсил дар хориҷа барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон нақл кард.
Дар навбати худ консули Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳимов қайд кард, ки бо талошҳои Роҳбарони ду давлат байни кишварҳои мо робитаҳои дӯстона амал мекунад. Ӯ донишҷӯёнро ба риояи қоидаҳои буду боши хориҷиён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда, аз онҳо талаб намуд, ки хубу аъло таҳсил намуда, дар чорабиниҳои оммавию фарҳангии донишгоҳ ва сафорат фаъолона ширкат намоянд.
Маълумоти мухтасар доир ба фонди «Эл-юрт умиди»
25-уми сентябри соли 2018 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти №УП-5545, барои ташкили омодакунии мутахассисон дар хориҷа ва барпо намудани гуфтугӯ бо ҳамватанон дар назди Кабинети вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон фонди «Эл-юрт умиди» таъсис дода шуд, ки бо ҳамин фармон тамоми ҳуқуқу уҳдадориҳо, шартномаҳои хориҷӣ ва ваколатҳои Фонди «Истеъдод» дода шуд.
Мақсади фонд барқароркунии робитаҳо бо ҳамватанони дорои таҷрибаҳои бебаҳои илмӣ-амалӣ, ки дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимию тиббӣ ва ояндадори соҳаҳои иқтисодӣ ва махсусан соҳаи истеҳсолоти дорои технологияҳои муосир кор мекунанд, мебошад. Инчунин истифодаи нерӯи ақлонии онҳо дар ташаккул ва дастгирии обрӯйи мусбии Ӯзбекистон дар хориҷа, омодакунии ҳамаҷонибаи мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазири бозори меҳнати ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Барои маълумоти иловагӣ ба сомонаи http://eyuf.uz. муроҷиат намоед.