Бо ташабуси раёсати Донишгоҳи техникии ба номи академик М.С. Осимӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва раёсати ТИ “Муҳандис”-и донишгоҳ семинари илмӣ-таҳлили сиёсӣ зери мавзӯи “Омилҳои мусбӣ ва манфии ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид.
Бо ташабуси раёсати Донишгоҳи техникии ба номи академик М.С. Осимӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва раёсати ТИ “Муҳандис”-и донишгоҳ семинари илмӣ-таҳлили сиёсӣ зери мавзӯи “Омилҳои мусбӣ ва манфии ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид.
Сараввал намоиши филми омоданамудаи Пӯлодӣ Виктория Леонидовна бо номи “Тоҷикистон”, ки фарогири дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу вадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирифт, ба ҳозирин намоиш дода шуд ва аз намоиши филми мазкур иштирокчиён таассуроти зиёд гирифтанд.
Сипас Изатуллои Ҳабибзод – муовини раис, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба кори семинар ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмонону ҳозиринро хайра мақдам намуд ва риштаи суханро ба роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Муродов Ҷӯрабек вогузор намуд.
Инчунин дар кори семинар Президенти фонди байналмиллалии фарҳанг ва маорифи ба номи Шодмон Пӯлодӣ бо забони русӣ зери мавзӯи “Роль партии в формировании общественного мнения! Эмомали Рахмон – достойный и созидательный лидер”, котиби илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Нусратулло Зокиров, Раиси ТИ “Муносибатҳои байналхалқиӣ”-и ДМТ номзади илмҳои таърих, дотсент Самиев Холаҳмад Давлатович дар мавзӯи “Пешгирии ҷавонон аз оқибат ва зуҳуроти номатлуби иҷтимоию сиёсии раванди ҷаҳонишавӣ” ва мутахассиси бахши таҳлилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, барномасоз ва муҳаррир оид ба Аврупо дар телевизиони “Ҷаҳоннамо” Шарафи Кароматулло дар мавзӯи “Вазъи имрӯзаи минтақа ва посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ” баромад намуданд.
Камолидинов Б.Т. – муаллими калони кафедраи “ИваЛН”