Аз 13-уми январ то 2-юми феврали соли 2019 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (115067/10-15.4 аз 21.12.2018) муовини ректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ Абдуллоев М.А. ва мудири кафедраи «Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ» Юнусов М.Ю. ҷиҳати иштирок дар давраи омӯзишӣ таҳти мавзӯи «Рушди захираҳои инсонӣ дар саноат тавассути таҳсилоти муҳандисӣ бо усули ҷопонӣ», ки санаи 14-ум то 30-юми январи соли 2019 дар кишвари Ҷопон бо забони русӣ баргузор гардид, сафарбар шуданд.
Аз 13-уми январ то 2-юми феврали соли 2019 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (115067/10-15.4 аз 21.12.2018) муовини ректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ Абдуллоев М.А. ва мудири кафедраи «Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ» Юнусов М.Ю. ҷиҳати иштирок дар давраи омӯзишӣ таҳти мавзӯи «Рушди захираҳои инсонӣ дар саноат тавассути таҳсилоти муҳандисӣ бо усули ҷопонӣ», ки санаи 14-ум то 30-юми январи соли 2019 дар кишвари Ҷопон бо забони русӣ баргузор гардид, сафарбар шуданд.
Сафари мазкур бо дастгирии Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) сурат гирифт.
Маълумоти умумӣ дар бораи курс. Барномаи таълимии мазкур ҳамчун таҳияи якҷояи дониши JICA тавассути кӯмаки Донишгоҳи технологии Тойохаси амалӣ гардид ва сафарҳои гуногунро дар дар бар гирифт. Аз ҷумла дар давоми курс намояндагони донишгоҳ шаҳрҳои Нагоя, Тоёхаси, Хатиодзи, Тойота, Нагаока ва Тоямаро тамошо карданд. Дар рафти сафар онҳо бо рафти таҳсил ва тадқиқоти илмии донишгоҳу марказҳои илмии Донишгоҳи технологии Тойохаси, экскурсия ба заводи васлкунии Тойота, Кластери дониши Аити, Пажуҳишгоҳи миллии технология, Донишкадаи технологии Сибаура, Коллеҷи техникии Нагаока, Донишгоҳи технологии Нагаока ваКоллеҷи техникии Тояма аз наздик шиносоӣ пайдо карданд.
Мақсади сафар иштирок дар курси таълимии “Ташаккули захираҳои инсонии дараҷаи олӣ дар саноат тавассути усули ҷопонии таҳсилоти муҳандисӣ” (Development of advanced industrial human resource through japanese style engineering education), омӯхтани усулҳои ҷопонии таълим дар самти рушди таҳсилоти муҳандисӣ, муҳокима ва банақшагирии чорабиниҳои оянда дар самти таҳсилоти муҳандисӣ ба шумор мерафт.
Дар курси мазкур шунавандагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон – 3 нафар, Ҷумҳурии Қазоқистон – 2 нафар, Ҷумҳурии Қирғизистон – 3 нафар, Ҷумҳурии Туркманистон – 2 нафар ширкат варзиданд.
Дар рафти курси мазкур презентатсияи ҳар як иштирокчии курс аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон бо иштироки ҳамоҳангсози лоиҳа Сергей Волковский, профессор Койке, лексияи профессори Донишгоҳи технологии Тоёхаси Китадзаки, раванди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар Кластери донишҳои Аити бо раёсати марказ, раванди таълим дар Донишгоҳи миллии технология, донишҳои бадастовардаи иштирокчиёни курс дар штаб-квартираи JICA бо намояндагони шуъбаҳои равиявӣ ва минтақавии JICA, раванди таълим дар коллеҷи техникии Нагаока, лексияи профессор Миками “Таърихи ташаккулёбии таҳсилоти техникӣ дар Ҷопон” раванди таълим дар Коллеҷи техникии Тояма, нақшаҳои таълимии он, ҳисоботи ҷамъбастии ҳар як иштирокчии курс шунида ва муҳокима гардиданд.
Донишҳо ва малакаҳои нави дар раванди амалисозии барнома бадастомада. Чуноне ки маълум аст, яке аз ҳадафҳои стратегии рушди ватанамон саноатикунонии он мебошад. Расидан ба ин ҳадаф бо ҳалли якчанд масъалаҳои мухталиф дар самти омодасозии кадрҳои муҳандисӣ ва амалҳои мушаххас барои ба даст овардани натиҷаи ниҳоӣ вобаста аст.
Таҳлили раванди саноатикунонии Ҷопон ва рафти давраи омӯзишӣ нишон дод, ки дар кишвари мо дар самти омодасозии кадрҳои муҳандисӣ мушкилоти зерин вуҷуд доранд:
-набудани пойгоҳи моддию техникии зарурӣ дар макотиби олии техникӣ ва макони гузаронидани таҷрибаомӯзии мувофиқ дар истеҳсолот;
-зарурати ташаккули малакаи касбии устодону профессорон тавассути тадқиқоти муштараки илмӣ ва коромӯзӣ, хусусан дар муассисаҳои олии техникии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон;
-ҳамоҳангсозии стандартҳои таҳсилоти муҳандисӣ ба стандартҳои байналхалқӣ бо мақсади амалисозии барномаҳои гуногун, аз ҷумла мубодилаи академӣ.
Дар давраи омӯзишӣ намояндагони донишгоҳ бо системаи беназири таҳсилоти касбии муҳандисии Ҷопон аз наздик шинос шуданд.
№ |
Масъалаи ҷалбкунанда |
Фарқият аз кишвари мо |
Кадом корҳоро барои мувофиқоварӣ бояд анҷом дод |
1 |
Системаи омодакунии кадрҳо |
Дар Ҷопон ба системаи таҳсилоти олӣ донишгоҳҳо, коллеҷҳои чорсола ва омӯзишгоҳҳои махсуси панҷсола дохил мешаванд. Гарчанде аз таҳлил маълум гардид, таҳсилоти асосии олӣ дар донишгоҳҳо амалӣ мешавад. |
Барои лоиҳаи пилотӣ дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ як курси ба усули ҷопонӣ ташкил кардан мумкин аст. Дар чунин курс диққати асосиро бояд ба дарсҳои амалӣ ва озмоишӣ равона кард. Ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони донишгоҳ дар Ҷопон ва даъвати профессорони ҷопонӣ барои гузаронидани чунин курс дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ. |
2 |
Ҳамкории зичи байни макотиби олӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ |
Корхонаҳои хусусӣ ҳиссаи босазои худро дар омодасозии кадрҳои муҳандисӣ ва тадқиқоти илмӣ мегузоранд. |
Ҷалби сектори хусусӣ ба омодасозии кадрҳои муҳандисӣ ва тадқиқоти якҷояи илмӣ. |
3 |
Системаи дастгирӣ дар самти ба кор таъмин намудани хатмкунандагон |
Ба рушди босуботи истеҳсолот фалсафаи бо ном “монодзукури” мусоидат менамояд, ки ба нигоҳ доштани “тавозуни бохирадона” миёни элементҳои ҳастӣ (соҳаи истеҳсолот) ва расидан ба гармония бо табиат асос ёфтааст. Омодасозии кадрҳо бевосита ба талаботи бозори меҳнат равона шуда, нақшаҳои таълимӣ пайваста такмил меёбанд. Зиёда аз 95% хатмкунандагон бо кор таъмин мегарданд. |
Пеш аз ҳама талаботи иқтисодиёти кишварро ба кадрҳои муҳандисӣ омӯхтан лозим аст. Вобаста ба он диққати ҷиддиро ба омодасозии кадрҳои муҳандисии ба бозори меҳнат заруриро ба роҳ мондан лозим аст. Ташаккули неруи инсонӣ. |
4 |
Маркази таълимӣ-илмии истеҳсолоти моддӣ |
Маркази таълимӣ-илмии истеҳсолоти моддӣ имкон медиҳад, ки донишҷӯён, аспирантон ва устодон бо раванди истеҳсолот аз наздик шинос шуда, бо корхонаҳои истеҳсолӣ алоқа барпо кунанд ва талаботи корхонаро низ муайян созанд. |
Дастгирии паркҳои технологии назди ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар самти бунёди базаи моддӣ-техникӣ. |
Бозомӯзӣ ва аҳамияти он барои донишгоҳи мо. ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамчун донишгоҳи базавии техникии ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар муҳити ягонаи таҳсилотӣ кадрҳои рақобатпазири муҳандисии сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳониро омода созад. Татбиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт вазифаи аввалиндараҷаи он мебошад. Шиносоӣ бо таҷрибаи Ҷопон имкон дод, ки намояндагон бо усули хоси ҷопонии омодасозии кадрҳои муҳандисӣ – Косен аз наздик шинос шаванд. Косен дар даврони рушди бомайлони баъдиҷангӣ ва пойгоҳи пурқуввати моддӣ-техникӣ пайдо шудааст. Он имкон медиҳад, ки донишҷӯён ба таҳсилоти муҳандисӣ аз синни 15-солагӣ ба таҳсилоти панҷсола ҷалб гарданд.
Инчунин идеологияи CDIO (Conceive – Design – Implement – Operate) бисёр писанд омад. Амалишавии идеологияи CDIO омӯзиши касбҳои муҳандисӣ бо модели «Фикр – Тарҳрезӣ – Амалисозӣ – Идоракунӣ» аст.
Доир ба курси мазкур дар яке аз рӯзномаҳои Ҷопон маводе низ ба табъ расид.
Як тарафи мусбате, ки боз ба мушоҳида расид, ин алоқаи мустаҳками байни донишгоҳ ва корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад, ки дар навбати худ барои бо ҷойи кор таъмин кардани хатмкунандагон нақши асосиро мебозад.
Баҳодиҳии умумӣ ба курс. Курс бисёр пурмазмун ва шавқовар буд. Дар рафти курс ҳама ба якчанд макотиби олии шаҳрҳои Нагоя, Тоёхаси, Хатиодзи, Тойота, Нагаока ва Тояма ташриф оварданд. Дар маҷмуъ бо фаъолияти 7 муассисаи таълимӣ ва як маркази илмӣ шинос шуданд.
Курс дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуд.
Барои ташкили чунин курс аз ҷониби намояндагони Донишгоҳи техникӣ дар оянда якчанд пешниҳодот пешкаш гардид:
-барои таҳлили қиёсӣ хуб мешуд, ки дар баробари шиносоӣ бо муассисаҳои навъи Косен, бо фаъолияти макотиби олии классикии муҳандисии Ҷопон низ шинос карда шавад;
-барои шиносоӣ бо усули дарсдиҳии профессорони ҷопонӣ, хуб мешуд, ки дар дарси ягон профессори соҳаи техника ба пуррагӣ шунида шавад;
-додани имкон барои омӯзиши методикаи таҳияи нақшаҳо ва модулҳои таълимии ихтисосҳои муҳандисӣ.
Дар самти амалисозии таҷрибаҳои бадастомада аз намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чиро интизорем?! Дар ду соли охир донишгоҳ бо намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро хеле зич ба роҳ мондаст. Бо дастгирии JICA соли гузашта устоди донишгоҳ Умаров С. дар Ҷопон курси такмили ихтисосро оид ба назорати ҳолати пулҳо хатм намуд. Соли ҷорӣ низ боз як устоди дигари донишгоҳ А. Раҳмонзода низ аз чунин курси такмили ихтисос гузашт. Инчунин бо дастгирии JICA дар донишгоҳ минигрант «Омӯзиш ва ҷалби диққати ҷавонон ба энергияи офтоб ва муҳимияти сарфаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мисоли таҷрибаи Ҷопон” амалӣ шуд.
Тибқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мо се самти стратегии рушдро барои тарақиёти устувори иқтисодиёти кишвар амалӣ сохта истодаем:
-таъмини истиқлолияти энергетикӣ;
-баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ;
-таъмини амнияти озуқаворӣ.
Дар баробари ин дар Паёми имсола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид.
Чуноне ки аён аст, аз чор ҳадафи стратегӣ сетояш бевосита ба сатҳу сифати кадрҳои муҳандисӣ вобаста мебошад. Аз ҷумла саноатикунонии мамлакатро бе кадрҳои муҳандисӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Вобаста ба ин нақши таҳсилоти муҳандисӣ дар кишвар афзуда истодааст.
ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамчун донишгоҳи базавии техникии ҷумҳурӣ ва пешоҳанги таҳсилоти муҳандисӣ ба ҳамкории боз ҳам зичтару бевосита бо намояндагии JICA дар Ҷумуҳурии Тоҷикистон ниёз дорад.
Вобаста ба ин пешниҳод карда мешавад:
-дар оянда барои иштирок дар курсҳои омӯзишӣ оид ба таҳсилоти муҳандисӣ бо усули ҷопонӣ, такя ба устодону кормандони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ намудан лозим аст;
-мусоидат кардан ба ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои устодони донишгоҳ вобаста ба самтҳои стратегии рушди мамалакат, аз ҷумла нақлиёт, энергияи барқароршаванда, самаранокии истифодаи энергия ва ғайра;
-мусоидат кардан ба таклифи профессорони ҷопонӣ баҳри ташкили курсҳои такмили ихтисос барои устодони донишгоҳ. Дар донишгоҳи мо имсол ихтисоси нав дар самти хизматрасонии техникаи тиббӣ кушода шудааст. Дар Донишгоҳи технологии Тоёхаси профессор Наохиро Ходзуми (Naohiro Hozumi) лексия хонда буд, ки яке аз олимони варзидаи соҳаи мехатроника ва техникаи тиббӣ мебошад. Профессор Наохиро Ходзуми иброз дошт, ки дар сурати дастгирӣ аз тарафи JICA омода аст, то барои устодони донишгоҳи мо курси такмили ихтисос гузаронад. Вобаста ба ин аз намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоем, ки барои ташрифи профессор Наохиро Ходзуми ба ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ мусоидат намоянд;
-мусоидат намудан ба таҳсили устодону кормандони донишгоҳ дар магистратура ва докторантураи макотиби олии муҳандисии Ҷопон;
-мусоидат дар ташкили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо макотиби олии муҳандисии Ҷопон.
Абдуллоев М.А. – муовини ректор оид ба
илм ва робитаҳои байналмилалии
ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ