Аз 8-ум то 13-уми апрели соли 2019 сафари омӯзишӣ-кории устодони донигоҳ дар ҳайати мудири шуъбаи таълим – Маҷидов Т.С., профессори кафедраи «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар истеҳсолот» – Аҳророва А.Д. ва мудири кафедраи «Асосҳои назариявии радио ва электротехника» – Исмоилов С.Т. ба Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ сурат гирифт.

Аз 8-ум то 13-уми апрели соли 2019 сафари омӯзишӣ-кории устодони донигоҳ дар ҳайати мудири шуъбаи таълим – Маҷидов Т.С., профессори кафедраи «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар истеҳсолот» – Аҳророва А.Д. ва мудири кафедраи «Асосҳои назариявии радио ва электротехника» – Исмоилов С.Т. ба Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ сурат гирифт.

Сафари хизматӣ дар доираи амалисозии Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, гранти “Татбиқи стандартҳои аврупоӣ ва байналхалқии таҳсилоти олии касбӣ дар мисоли ихтисоси «Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ» ва инчунин барои шиносоӣ бо раванди таълим ва таҷрибаи Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ пешбинӣ шуда буд. Ғайр аз ин муҳокима ва тарҳрезии нақшаи амалисозии лоиҳа бо донишгоҳи мазкур ба нақша гирифта шуда буд.

Фаъолияти гурӯҳи корӣ тибқи барномаи ташрифи намояндагони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ба ДМҚ ба номи Ал-Форобӣ амалӣ гардид.

Тибқи барнома рӯзи аввал вохӯрии расмӣ бо мудир ва ҳайати омӯзгорони кафедраи «Физикаи ҷисмҳои сахт ва физикаи ғайрихаттӣ»-и факултети физикаи техникӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа маълумоти умумии муфассалро оид ба сохторҳои фаъолияткунандаи ДМҚ ба номи Ал-Форобӣ пешниҳод намуданд.

Мудири кафедраи номбурда Ибраимов М.К. ва профессори кафедра Жанбаев З.Ж. нисбат ба амалисозии лоиҳаи мазкур ва ҳамкории байни ҳамдигарии донишгоҳҳо баромад намуданд. Дар рафти вохурӣ намояндагони донишгоҳи мо Маҷидов Т.С., Аҳророва А.Д. ва Исмоилов С.Т. низ оид ба амалисозии лоиҳаи мазкур ва ҳамкориҳо баромад карда, фикру ақидаҳои худро пешниҳод намуданд.

Дар нимаи дуюми рӯз инчунин вохӯрӣ бо декани факултети физикаи техникӣ Давлетов А.Е. низ анҷом дода шуд.

Рӯзҳои баъдӣ (аз 9-ум то 12-уми апрел) дар кафедраи «Физикаи ҷисмҳои сахт ва физикаи ғайрихаттӣ» бо кормандони кафедра барои коркарди нақшаи таълимӣ тибқи “Стандартҳои аврупоӣ ва байналхалқии таҳсилоти олии касбӣ дар мисоли ихтисоси «Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ» ҷамъ омада, дар рафти он барои таъмини адабиёт ва васоити таълимӣ-методӣ барои ихтисоси зикршуда тавофуқ карда шуд.

Инчунин вохӯриҳо бо Сардори идораи таълмӣ-методӣ Байгараев Н.А., мудири шуъбаи таълим Далетова Гаухар ва Сардори шуъбаи робитаҳои баналмилалӣ Жолдибекова А.Е. анҷом дода шуд. Тибқи вохурӣ намояндагони ҳарду ҷониб нисбат ба кору фаъолият дар донишгоҳ ва раванди таълим суҳбат намуданд, ки дар натиҷа аз таҷрибаи кории ҳамдигар бархӯрдор шуда, барои амалисозии лоиҳаи “Татбиқи стандартҳои аврупоӣ ва байналхалқии таҳсилоти олии касбӣ барои ихтисоси «Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ» дар муҳлати муайяншуда бандҳои шартномаро мувофиқи лоиҳа баррасӣ намуданд.

Дар рафти сафари корӣ намояндагони донишгоҳи мо дар ДМҚ ба номи Ал-Форобӣ дар конференсияи “Фарабиевские чтения” иштирок ва намоишгоҳи конференсияро тамошо намуданд.

Чӣ тавре ки намояндагони донишгоҳи мо бо базаи таълимӣ-озмоишии кафедраи «Физикаи ҷисмҳои сахт ва физикаи ғайрихаттӣ»-и факултети физикаи техникии донишгоҳ шинос шуданд, дар кафедраи номбурда ба ғайр аз озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ инчунин озмоишгоҳҳои инноватсионии академияи Samsung ва Huawei фаъолият мекунанд, ки тибқи лоиҳаҳои шарикони хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар сафари омӯзишӣ-корӣ намояндагон дар семинаре, ки доир ба муҳокимаи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, гранти “Татбиқи стандартҳои аврупоӣ ва байналхалқии таҳсилоти олии касбӣ барои ихтисоси «Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ» барпо гардид, аз ҷониби донишгоҳи миллии давлати Қазоқистон фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа, лоиҳаи нақшаи амалисозии чорабиниҳои лоиҳа аз ҷониби гурӯҳи кории ДМҚ таҳия карда шуд. Нақш ва вазифаҳои Донишгоҳи миллии Қазоқистонро мушаххас намуда, мавзӯи чорабиниҳо, муҳлати иҷро ва буҷаи он мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд.

Дар вохӯриҳои минбаъда дар мувофиқа ба Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, Идораи таълим ва шуъбаи юридикии ДМҚ ба номи Ал-Форобӣ дар асоси лоиҳаи мазкур аз тарафи муовини аввали ректор шартнома ба имзо расонида шуд. Вобаста ба ин дар солҳои 2019-2020 ташкил ва баргузории 3 тренинги омӯзиширо вобаста ба лоиҳаи мазкур мувофиқа намуданд.

Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ. ДМҚ ба номи Ал-Форобӣ таърихи бой дошта, марҳилаҳои гуногуни ташаккулёбиро гузаронида, аз соли 1934 фаъолият мекунад. Пойгоҳи моддӣ-техникии донишгоҳ ба пуррагӣ баҳри таъмини таҳсилоти босифат ва омодасозии кадрҳои талаботи бозори меҳнати аврупоӣ мувофиқ мебошад. Донишгоҳи номбурда бо бисёр давлатҳои аврупо ва Россия ҳамкориҳои илмии зич дорад.

Айни ҳол донишгоҳ аз 16 факултет, 70 кафедра аз рӯйи 86 ихтисос бакалавр, магистратура 98 ихтисос ва докторантура 92 ихтисос мутахассисонро омода месозад. Контингенти умумии донишҷӯён 25 000 нафарро ташкил медиҳад. Имрӯз дар донишгоҳ 2600 нафар муаллимон ва профессорони касбӣ ва ботаҷриба кору фаъолият менамоянд.

Раванди таълим дар донишгоҳ ва ҳуҷҷатнигорӣ ба се забон қазоқӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Донишгоҳи миллии Қазоқистон дар саҳни 80 гектар бо тамоми имкониятҳои таълимӣ, факултетҳо, китобхона, духтурхона, ошхона ва хобгоҳҳо барои донишҷӯён ва омӯзгорон сохта шудааст. Дар саҳни ҳавлии донишгоҳ мақбараи Абу Носир Ал-Форобӣ қомат афрохтааст.

Сифат дар донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ. Яке аз пояҳои асосии донишгоҳ фарҳанги сифат ва татбиқи он ба ҳисоб меравад. Мафҳуми сифат дар муассисаи олии касбӣ аз 3 компоненти асосӣ иборат аст:

-барномаҳои босифати таълимӣ;

-таъминоти омӯзгори босалоҳияти касбиву педагогӣ;

-ҷараёни таълимии талаботи донишҷӯро қонеъкунанда.

Шарт ва равандҳои калидии таъминкунандаи сифати баланди таҳсилот инҳо мебошанд:

-иштироки донишҷӯ ва шарикони ҷамъиятӣ дар қабули қарорҳо;

-ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилооти амиқ аз сарчашмаҳои мувофиқ вобаста ба баҳодиҳии сифати таълим;

-таъмини шаффофияти баҳодиҳии натиҷаи таълим ва пешниҳоди ахборот ба ҷомеа оид ба беҳшавии сифат.

ДМҚ ба номи Ал-Форобӣ таҷриба ва дастовардҳои калон ва беназири илмиро бо базаи модӣ-техникӣ доро мебошад, ки мутахассисони варзида ва касбии дар бозори меҳнат мутобиқро тайи солҳои зиёд омода месозад. Айни ҳол донишгоҳ бо 418 донишгоҳҳои байналхалқии ҷаҳон ҳамкориҳои зичи илмӣ дорад.

Татбиқи таҷрибаи самараноки ДМҚ ба номи Ал-Форобӣ. Ҳайати гурӯҳи кории ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ таҷриба ва дастовардҳои Донишгоҳи миллии Қазоқистонро дар самти таҳсилот, махсусан дар сатҳи баланд ба роҳ мондани раванди таълим мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, бо назардошти таҷриба ва тавсияи ҳамкасбон аз давлати Қазоқистон роҳандозӣ намудани шартҳои муосири идоракунӣ ва таълимиро дар Донишгоҳи техникӣ мувофиқи мақсад медонад. Татбиқи қисматҳои системаи муосири таълимӣ, ки дар донишгоҳи мо низ қисман ба роҳ монда шудааст, яке аз ҳадафҳои стратегии донишгоҳ ба ҳисоб меравад, моро барои гирифтани эътирофи байналмилалӣ равона ва наздик месозад.

Ҷонибдорӣ аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф. Баҳри татбиқи «Барномаи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» Вазорати маориф ва илми кишвар «Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ»-ро таҳия ва амалӣ менамояд. Дар доираи ин лоиҳа гранти “Татбиқи стандартҳои аврупоӣ ва байналхалқии таҳсилоти олии касбӣ барои ихтисоси «Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ»” таҳия, коркард ва пешниҳоди стандартҳои давлатӣ, нақшаю барномаҳои таълимӣ барои ихтисоси мазкур бо таҷрибаи Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ин лиҳоз, сафарбар гардидани гурӯҳи корӣ аз ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормадони дахлдори донишгоҳро баҳри самаранок ва натиҷабахш намудани фаъолият тибқи лоиҳаи амалкунанда барои расидан ба ҳадафҳои давлатӣ дар соҳаи маориф зарур медонем.

Маҷидов Т.С. – н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи таълим

Аҳророва А.Д. – д.и.и., профессори кафедраи ИваИдарИ,

Исмоилов С.Т. – н.и.т., дотсент, мудири кафедраи «АНРваЭ»

Leave a Comment