Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,

Гаштӣ ба рӯзи сахтӣ мушкилкушои миллат.

Эй Қаҳрамони миллат,

Зӯру тавони миллат…

Дар таърихи навини халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, ба сифати “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат” эътироф шудааст. Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баландатарин мартабаҳо меарзанд, зеро имрӯз ҳама он дастоварду пешравиҳое, ки мо мебинем, ҳама аз хизматҳои шоёни ин шахсияти фидокор буда, моро мебояд танҳо бо хизматҳои арзанда ва бо дасту дили пок паҳлу ба паҳлуи Ҷаноби Олӣ содиқ будан ба ин давлату миллатро собит намоем. Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд.

Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Паёми нахустини мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд. Мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: “Ман барои Шумо сулҳ меоварам”, «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам», “То ки бошам барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам” хуб дар хотир доранд. Он замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят рӯзҳои сахту душвору даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунин миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард. Вале 16-уми ноябри соли 1992 ба решаи ташнаи ин миллат обе расид, Раиси Шӯрои Олии дилсӯхтаи баҳри халқ таҳдиди куштан шуниду натарсид аз маргаш, мардумро сарҷамъ мекард, “Биё тоҷик Ватан хонаи шумо ҳаст” гуфта, ҳарф мезад. Чӣ қадар мушкилу хатарнок буданд ҳамон солҳо. Бо вуҷуди ин қадар нотинҷию нооромиҳо бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишвари азизамонро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонид. Бо иродаи Сардори давлат дар як муддатӣ кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омадаанд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳҳо кушод, барои робита бо кишварҳои хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвари азизи мо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва иқдомҳои фидокоронаву қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ мавқеи хосеро сазовор гашт.

Бузургтарин дастоварди Сарвари Олимақом Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчунин барои гузаштан ба барқарорсозии иқтисодиёт оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи хеле боэтимод гузошт.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 150 кишварҳои ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд эътироф намуданд. Дар тӯли 27 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Пули миллӣ, Артиши миллӣ, Конститутсия, Ваҳдати миллӣ ва ғайраҳо гардид.

Маҳз натиҷаи хизматҳои арзандаву шоёни ин марди шуҷоъ буд, ки ӯро 11-уми декабри соли 1999 ҳамчун Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуданд.

Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ба тасвиб расидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, ба сифати “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” эътироф шудааст.

Чӣ хеле ки ба мо маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳои худ доим таъкид мекунад, ки ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар дасти ҷавонон мебошад, аз ин рӯ бояд ҷавонони мо босаводу боилм бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Мо ҷавонон аз ин дастуру супоришҳо ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари дурандешамон оқилона истифода бурда, дар рушду нумуи кишвари азизамон нақши босазое мегузорем.

Чунки дар рӯйи ту мебинем

Рӯи миллатро,

Нури миллатро,

Чунки аз пешонии бози ту мехонем

Мо хати тақдири миллатро.

Бояд қайд кард, ки маҳз сиёсати хирадмандона ва талошу заҳматҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллати номвар ва номбардори халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон буд, ки хавфи аз байн рафтани давлат дар солҳои баъд аз ҷанги таҳмилӣ нигоҳ дошта шуд. Бо мақсади рушду инкишофи илми тоҷик мунтазам аз ҷониби Роҳбари давлат ғамхориҳои зиёд зоҳир гардида, тамоми кӯшишу ғайрат ва ҳидояти ин абармарди миллат ба иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамзамон рушди илмҳои бунёдӣ дар амал татбиқ гардида истодааст. Имрӯз тамоми шароит барои рушди илм ва робитаи илм бо истеҳсолот, ғамхорӣ дар ҳаққи олимони ҷавон ва корҳои зиёде дар ин самт гувоҳи гуфтаҳои болост. Беҳуда нест, ки мардуми мо сарвари худро Президенти мардумӣ ном наниҳоданд. Чунки ӯ худ аз байни халқ баромада, ба дарду ғами халқ шарик аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои 90-ум гурезагон бар асари муноқишаҳо ба Афғонистону кишварҳои пасошӯравӣ рӯ ниҳода буданд, пурра ба марзу буми аҷдодӣ баргаштанд ва шахсан бо кӯмаки бевоситаи Роҳбари давлат бо мақсади обод гардонидани хисороти ҷанги шаҳрвандӣ маблағҳои зиёде ҷудо намуданд. Билохира 27-уми июни соли 1997 имзои Созишномаи Сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав ба вуқуъ пайваст. Ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон буд. Роҳбарияти мухолифини тоҷик ба хотири қатъи оташи ҷанги бародаркуш бо ҳукумат пайваст, барои барқарории харобаҳои ҷанг ва рушди иқтисоди миллат қадамҳои боварибахшу устувор гузошта шуд.

Бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда, аз империяи бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мероси ночизе гирифт, хисороти ҷанг беш аз сад миллион долларро ташкил дод, ҳазорҳо одамон ҷонҳои ширини хешро аз даст дода, иқтисоди мамлакат рӯ ба таназзул ниҳода буд. Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохт. Эълони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократӣ, дунявӣ ва ягона имкон дод, ки мардумаш осудаву хушҳол умр ба сар баранд.

Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилоти мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофи президенти интихобкардаи хеш боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Президенти кишвари маҳбубамон ҳангоми савгандёдкунӣ бори дигар иброз дошт, ки ӯ барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳад кард. Бале, ӯ яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистон аст. Миллати мо барҳақ бо Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад. Баҳри беҳбудию некӯаҳволии халқ ва ободии Ватан ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ӯро халқ дӯст медорад.

Тӯли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат будани мавсуф кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.

Давлати мо давлати сулҳофар аст,

Давлати озод дар баҳру бар аст,

Нест ин ҷо аз хазонӣ ҳеҷ ёд.

Мисли ҷаннат сабзу ҳам муаттар аст.

Дар таърихи халқи тоҷик низ чунин абармардоне буданд, ки барои дар ҷодаи таърих боқӣ мондани миллати мо саҳми худро гузоштаанд. Аз ҷумла, чунин нақшро дар гузашта Шоҳ Исмоили Сомонӣ дошт. Пас аз ҳазорсолаҳо, дар эҳёи нави миллати тоҷик чунин нақши барҷастаро Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозидааст. Аз рӯзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ то ба имрӯз Президенти кишвар ҳамеша мекӯшад, ки давлатдории миллиро тақвият бахшад, осоишу сулҳу субот ва ҳаёти арзандаро барои миллати тоҷик фароҳам оварад. Дар ин ҷода месазад, ки хизматҳои арзишманди Президенти кишварро зикр намоем. Пеш аз ҳама Эмомалӣ  Раҳмон тавонист, ки миллатро аз ҳолати нобуд шудан ва ба коми фано рафтан наҷот бахшад. Истиқрори сулҳ дар кишвар маҳз натиҷаи хиради воло ва ташаббусҳои сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо кӯшиш ва талошҳои пайдарҳами Президенти кишвар Тоҷикистон аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ раҳо ёфт ва тадриҷан зина ба зина сӯйи пешрафт аст. Дар фазои орому осуда ҳаёти шаҳрвандони кишвар рӯз аз рӯз рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва бо шукргузорӣ аз суботи мавҷуда шаҳрвандони кишвар баҳри зиндагии арзанда дар ҷомеа ва мустаҳкамии давлатдории миллиамон камари ҳиммат мебанданд.

Хизмати арзандаи дигаре, ки Президенти кишвар ба сомон расонид, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аст. Бо пеш гирифтан ва амалӣ намудани ин сиёсат Сарвари мамлакат тавонист, алоқаҳои миёни тоҷиконро боз ҳам қавитар ва мутамарказияти давлатдориамонро мустаҳкамтар созад. Имрӯз низ ин сиёсати босамар идомаи худро дорад. Кӯшишҳои Сарвари кишвар барои баромадан ба бандарҳои бузург бозгӯи ин гуфтаҳост. Дар умум Сарвари кишварамон бо сиёсати пешгирифтаи худ бар он мекӯшад, ки иқтисоди кишварамон боз ҳам рушди баланд дошта бошад ва Тоҷикистон ба қатори кишварҳои пешрафта ворид гардад.

Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори он аст, то ҳар шаҳрванди кишвар худшиносу худогоҳ бошад ва дар ободии кишвари азизамон, ки хонаи умумии ҳамаи тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзӣ аст, саҳмгузор бошад. Дар умум бояд зикр кард, ки хизматҳои Президенти кишвар назди миллатамон хеле бузург аст ва моро зарур аст, ки ҳамеша қадрдонии онро намоем, ба қадри сулҳу осоиштагӣ бирасем.

Шукри Истиқлолу сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем.

Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,

Шукри бому хонаву дар мекунем!

Амонатова Ф.Қ. – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Leave a Comment