Авиатсияи гражданӣ яке аз намудҳои авиатсия, ки барои қонеъ намудани талаботи шаҳрвандон ва иҷрои вазифаҳои махсуси хоҷагии халқ таъйин шудааст.

Барои ин мақсадҳо авиатсияи гражданӣ корҳои зеринро анҷом медиҳад: кашондани мусофирону бағоҷ, борҳо ва почта; иҷро намудани корҳои авиатсионӣ дар кишоварзӣ, сохтмон, соҳаи нефту газ, муҳофизати ҷангалзор, хизматрасонии экспедитсионӣ; расондани хизмати тиббӣ ба аҳолӣ ва гузарондани чорабиниҳои санитарӣ; гузарондани корҳои тадқиқотии илмӣ ва таҷрибавӣ; гузарондани чорабиниҳои таълимӣ, маданӣ-маърифатӣ ва варзишӣ; гузарондани корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ, садамавӣ-наҷотдиҳӣ ва расондани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулодда.

Навъҳои авиатсияи гражданӣ:

нақлиётӣ;

-санитарӣ;

-таълимию машқӣ;

-варзишӣ;

-махсус (кишоварзӣ, разведкаи геологӣ, аэрофотосуратгирӣ, тадқиқоти илмӣ ва ғ.).

Авиатсияи гражданӣ дар аэродромҳои гражданӣ ҷойгир шуда, дорои самолёту вертолёт, шабакаи роҳҳои ҳавоӣ, воситаҳои радиотехникӣ, метеорологӣ, техникаи рӯшноидиҳанда, аэропортҳо ва ғайраҳо мебошад.

Таърих. Авиатсияи гражданӣ асосан дар нимаи дуюми асри 20 инкишоф ёфт. Аз соли 1947 самолётҳои думуҳаррикаи сохти С.В. Илюшин – Ил-12 ва Ил-14 самолётҳои асосии авиатсияи гражданӣ гардиданд. Дере нагузашта, ба ҷойи онҳо самолётҳои реактивии калонсуръату бисёрҷоя истифода шуданд. Ту-104, ки ду муҳаррики турбореактивии пуриқтидор дорад, дар ҷаҳон якумин самолёти мусофирбари реактивӣ гардид (соли 1956), ки дар роҳҳои ҳавоии байналхалқӣ ба парвози мунтазам оғоз намуд. Солҳои 1957-59 самолётҳои мусофирбари турбовинтии Ил-18, Ту-114, инчунин самолётҳои сохти О.К. Антонов – Ан-10, Ан-24 сохта шуданд. Дар намоишгоҳи ҷаҳонии Брюссел (соли 1958) Ту-104, Ил-18, Ан-10 ба гирифтани медали тилло, Ту-114 ба мукофоти олии «Гран-при» сазовор гаштанд. Самолётҳои мусофирбари Ил-62, Ил-62 М, Ту-134, Ту-154, Як-40 самолётҳое мебошанд, ки муҳаррикҳои турбореактивии дуконтура доранд ва онҳо дар ақиби танаи самолёт ҷойгир шудаанд.

Аз солҳои 50-уми асри 20 дар хоҷагии халқ вертолётҳои сохти М.Л. Мил ва Н.И. Камов (Ми-1, Ми-4, Ми-6, Ми-8, Ка-15, Ка-18, Ка-26 ва ғ.) васеъ истифода мешаванд. Аз самолётҳои таълимӣ ва машқию варзишӣ самолётҳои винту мотории Як-18 ва реактивии Як-30, Як-32 (сохти А.С. Яковлев) ҷолиби диққатанд. Соли 1965 дар дунё калонтарин самолёти нақлиётии Ан-22 «Антей» (сохти О.К. Антонов) сохта шуд, ки иқтидори 4 муҳаррики турбовинтии он тақрибан 4416•103 Вт (60000 қ.а.) мебошад. Вай 80 тонна бори муфид ё 720 мусофирро бо суръати 740 км/соат ба масофаи 5000 км бенишаст бурда метавонад. Дар солҳои баъдӣ ба ҷойи онҳо самолётҳои нави мусофирбари Ил-86 (аэробус), Як-42, самолётҳои боркаши Ил-76 омаданд. Самолёти Ил-76 метавонад 40 тонна борро дар баландии 13000 м бо суръати 850 км/соат ба масофаи 5000 км расонад.

Авиатсияи гражданӣ дар Тоҷикистон. Аввалин хати парвози авиатсияи граждании тоҷик Бухоро – Душанбе буда, парвози нахустин ба Душанбе 3-юми сентябри соли 1924 дар самолёти Ю-13 таҳти идораи Р. Ахриев ва П. Комаров амалӣ шуд. Ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин маротиба 21-уми октябри соли 1924 самолёти Ю-13 дар ҳайати Н. Баранов ва А. Велмер аз рӯйи хатсайри Душанбе – Ғарм – Хоруғ парвоз кард, лекин парвозҳои мунтазам танҳо дар соли 1932 оғоз шуданд. Охири соли 1924 роҳи ҳавоии Душанбе – Тошканд ба кор сар кард. Аэропорти шаҳри Душанбе феврали соли 1930 сохта шуд. Пас аз як сол дар Кӯлоб, Ғарм, Панҷ ва Данғара низ аэропортҳо сохта шуда, аз пойтахт парвозҳои мунтазам иҷро мешуданд.

Августи соли 1924 Хатсайри Бухоро – Душанбе аз ҷониби комиссияи Осиёимиёнагии «Добролет» барои истифода пазируфта ва ба он иҷозат дода шуд.

3-юми сентябри соли 1924 аввалин парвоз бо хатсайри Бухоро – Душанбе тариқи ҳавопаймои Ю-13 сурат гирифт, ки командираш Рашидбек Ахриев ва бортмеханикаш Петр Тихонович Комаров буданд. Аз 3-юми сентябр то охири соли 1924 тавассути хатсайри Бухоро – Душанбе 43 парвоз анҷом дода шуда, 216 нафар мусофир, 483 кг бағоҷ, почта ва дигар намуди борҳо интиқол ёфтанд. 21-уми октябри соли 1929 парвози ҳавопаймоҳо ба самти Душанбе – Тошканд оғоз шуд. Муддати парвоз 10 соатро ташкил медод. Июн – июли соли 1932 дар фурӯдгоҳи Хоруғ бинои аэровокзал сохта, ба истифода дода шуд. Августи соли 1932 ба ҳавопаймои Р-5 ба Хоруғ парвозҳои мунтазами мусофирбарии хатсайри Помир оғоз ёфтанд. 3-юми марти соли 1933 ба Душанбе 25 ҳавопаймои «АП» оварда шуд. Соли 1935 кушодашавии хатсайрҳои ҳавоии Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Тавилдара, Душанбе – Ҷиргатол, оғози парвозҳои мунтазам ба Ховалинг аст.

Пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ пойтахти Тоҷикистон бо 25 ноҳияи ҷумҳурӣ ва шаҳрҳои Тошканду Самарқанд бо роҳи ҳавоӣ пайваст буд. Солҳои ҶБВ авиаторҳои тоҷик зиёда аз 6000 тонна борҳои ҷангӣ ва хоҷагии халқ, 1000 тонна почта ва 50 ҳазор нафар мусофиронро кашонда, зиёда аз 1500 парвозҳои санитарӣ ва корҳои зиёди кишоварзиро ба анҷом расондаанд. Дар ин солҳои пурошӯб ба ҳафт дастпарвари Раёсати тоҷикистонии Авиатсияи гражданӣ – Г.А. Таран, И.Е. Душкин (пас аз марг), Т.К. Гаврилов, И.С. Валухов, В.М. Обухов, М.В. Родних ва П.И. Тихонов унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шудааст. Пас аз ҶБВ авиаторҳои тоҷик ба хатҳои парвози умумииттифоқӣ баромаданд.

Соли 1945 ҳавопаймои Ли-2 хатсайри ҳавоии Душанбе – Маскав оғоз ёфт. Соли 1948 ба ҷумҳурӣ ҳавопаймои вазнини ТС-82 барои иҷрои парвозҳо дар хатсайрҳои Бадахшон оварда шуда, аз ҷониби пилот Г. Собиров соли 1954 ба маркази ҳавопаймоии Тоҷикистон Ил-12 низ ворид гардид. Соли 1956 аввалин Ил-14 дар коргоҳи ҳавопаймоии тоҷик бо командирони киштии ҳавоӣ Н.М. Осипов – авиатори тоҷикистонӣ омад.

Тобистони соли 1945 экипажи самолёти Ли-2 дар ҳайати С. Шувалов, А. Марушкин ва В. Родченко роҳи ҳавоии Душанбе – Маскав ва шаҳрҳои Боку, Минералние Води, Адлерро кушоданд. 28-уми феврали соли 1960 аввалин самолёти турбовинтии Ил-18 дар аэропорти Душанбе нишаст ва 2-юми март аз Душанбе ба Маскав парвоз намуд. Солҳои баъдӣ самолётҳои турбовинтии Ли-24 (соли 1968) ва турбореактивии Як-40 (соли 1969) ба истифода қабул шуданд. Дар шароити кӯҳистон истифодаи вертолётҳо афзалияти зиёд дошт ва аввалин вертолётҳои авиатсияи граждании тоҷик Ми-4 (соли 1964) ва Ми-8 (соли 1970) буданд. Соли 1970 вертолётчиёни тоҷик ба пиряхи Федченко (дар баландии 4200 м) ва соли 1977 ба пуштакӯҳи қуллаи «Коммунизм» (ҳоло Исмоили Сомонӣ) (6100 м) фурӯд омаданд. Соли 1974 нахустин самолёти Ту-134 дар аэропорти Хуҷанд ба кор сар кард. Соли 1978 нахустин самолёти Ту-154 дар аэропорти Душанбе фурӯд омад. Охири солҳои 60-уми асри 20 мамлакатҳои гуногун ба сохтани самолётҳои мусофирбари дорои суръати фавқуссадо (2500 – 3000 км/соат) ва дурпарвоз (6000 – 8000 км) шурӯъ карданд. Соли 1968 дар ҷаҳон нахустин самолёти мусофирбари фавқуссадои Ту-144 парвоз кард. Суръати парвози Ту-144 2300 км/соат, дурпарвозиаш бо 120 нафар мусофир 6500 км мебошад.

Авиатсияи гражданӣ дар замони истиқлол. Дар давраи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ширкати ҳавоии авиатсияи гражданӣ амал мекунанд: «Тоҷик-Эйр» ва «Сомон-Эйр». Аз соли 2007 самолётҳои хориҷии навъи «Боинг – 737-200» ва «Боинг – 757-200» истифода мешаванд, ки дар натиҷа шумораи мусофирбарӣ афзуд. Ҳоло аз Душанбе самолётҳо ба Россия, Эрон, Чин, Ҳиндустон, Туркия, Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо парвоз мекунанд. Дар хатҳои парвози маҳаллӣ самолётҳои Ту-154, Ту-134, Як-40, Ан-24, Ан-26, Ан-28 ва вертолёти Ми-8 ба мизоҷон хизмат мерасонанд.

Leave a Comment