Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба 9-уми май ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур Раёсати донишгоҳ, устодон, донишҷӯён ва меҳмони олиқадр – Сафири Беларусия дар Тоҷикистон Олег Николаевич Иванов ширкат намуданд.

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба 9-уми май ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур Раёсати донишгоҳ, устодон, донишҷӯён ва меҳмони олиқадр – Сафири Беларусия дар Тоҷикистон Олег Николаевич Иванов ширкат намуданд.

Сухани ифтитоҳӣ ба ректори донишгоҳ Ҳайдар Одиназода дода шуд.

Ректори донишгоҳ собиқадорони ҷангу меҳнат, аҳли толор ва меҳмононро бо Иди Ғалаба табрик намуд. Дар табрикоти ректори донишгоҳ доир ба саҳми миллати тоҷик дар ғалаба бар фашизми гитлерӣ, ҷонсупориҳои мардони тоҷик, ҷафоҳои модарону пирон ва кӯдакон дар ақибгоҳ, ёду хотираи онон то абад, инчунин донистани қадри Ватану миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, қарзи фарзандию худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсӣ дар ин даврони пурошӯби ҷаҳонӣ суханҳои пурмуҳтаво гуфта шуд.

Сипас сухани табрикотӣ ба Сафири Беларусия дар Тоҷикистон Иванов О.Н. дода шуд. Ӯ низ доир ба нақши миллати тоҷик дар ғалабаи бузург, хотираи неки қаҳрамонон, дӯстии тоҷикону миллати беларус сухан карда, тамоми иштирокдорони чорабинии мазкур ва дар симои онҳо миллати тоҷикро бо ин рӯзи хотирмон табрик гуфт.

Баъдан сухани табрикотӣ ва хотираҳо аз корнамоиҳои халқи тоҷик дар ҶБВ аз ҷониби собиқадори меҳнат, устоди донишгоҳ Аслонов М.А. ироа шуд.

Муовини ректори донишгоҳ Ашуров А.Н. фармоиши ректори донишгоҳро доир ба қадрдонӣ ва супоридани мукофот қироат намуд.

Дар охир донишҷӯёни донишгоҳ бо барномаи тантанавию фарњангӣ бахшида ба 74-солагии «Иди Ѓалаба» дар ҶБВ баромад намуданд.

Хадамоти ташкилию тарбиявӣ.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment