(Терроризм ва экстремизм падидаи хатарзотарин дар ҷомеаи башарӣ)
Чуноне аз сарчашмаҳои илмии муосир бармеояд, дар масъалаи тафсиру таҳлили мафҳуми “терроризм” ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад ва ҳар муҳаққиқ ин падидаро вобаста аз нуқтаи назар ва дидгоҳи худ таҳлил ва тавсир намудааст. Дар ин замина пеш аз ҳама бояд маънои луғавии калимаи “терроризм” мавриди омӯзиш қарор гирад. Калимаи “террор” (terror) аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарс, даҳшат мебошад.

(Терроризм ва экстремизм падидаи хатарзотарин дар ҷомеаи башарӣ)

Чуноне аз сарчашмаҳои илмии муосир бармеояд, дар масъалаи тафсиру таҳлили мафҳуми “терроризм” ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад ва ҳар муҳаққиқ ин падидаро вобаста аз нуқтаи назар ва дидгоҳи худ таҳлил ва тавсир намудааст. Дар ин замина пеш аз ҳама бояд маънои луғавии калимаи “терроризм” мавриди омӯзиш қарор гирад. Калимаи “террор” (terror) аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарс, даҳшат мебошад. Дар ҳақиқат пеш аз ҳама амалҳои террористӣ, хусусияти зӯроварӣ, маҷбурсозӣ, таҳдидкунандагӣ ва даҳшатафканиро доранд. Ҳар як террорист бо роҳи тарсонидан, фароҳам овардани муҳити тарсу ҳарос ва даҳшатафканиро мақсади асосии расидан ба ҳадафҳои хеш қарор медиҳад. Бо назардошти хавфи ҷамъиятӣ ва даҳшатнокии амалҳои террористӣ, зидди иҷтимоию зидди инсонӣ будани он, терроризмро ҳамчун феномени ҷамъиятӣ, ки истифодабарии зиддиҳуқуқии қувва ва таҳдидро ба хотири тарсонидани рақибон ва расидан ба ҳадафҳои хеш асос медонад, тасниф кардан мумкин аст.

Ҷомеаи башарӣ дар марҳилаи муосири рушди худ ба раванду ҳодисаҳои зиёди иртиҷоӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Гарчанде ки ҳодисаҳо ва равандҳои иртиҷоӣ моҳияту хусусиятҳои асосии оламро мураттаб гардонида натавонанд ҳам, дар инкишофи таърихии халқҳо, кишварҳо ва минтақаҳои гуногун таъсири назаррас мебахшанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва тероризми сиёсӣ аз ҳамаи дигар ҷараёнҳои дигаре ки хусусяти глобалӣ доранд, хатарноктар мебошанд. Онҳо доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд.

Ҳанӯз аз замонҳои қадим қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ки барои ҳокимият талош доштанд, даст ба зӯрӣ, даҳшатафканӣ ва тарсонидани одамон мезаданд ва террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш истифода мебурданд, аз ин лиҳоз терроризм ва экстремизм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав нестанд. Масалан, дар асрҳои миёна як дар қатор кишварҳои аврупоӣ терроризм ҳамчун шакли махсуси муборизаи сиёсӣ баҳри дифои манфиатҳои давлатӣ ва калисою ҳокимияти динӣ мақоми махсус пайдо намуда буд. Чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳамаи давру замонҳо нерӯҳои иртиҷоиву экстремистӣ барои нобуд намудани рақибон ва расидан ба мақсадҳои сиёсии худ аз террор ба таври васеъ истифода мебурдаанд.

Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё ташкилоти террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро иттиҳодияҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳадафҳо ва фаъолияту амалашонро махфӣ медоранд. Аммо ташкилоти калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Дар ин миён алахусус ташкилоти экстремистиву террористии Ал-қоида, ДИИШ, Толибон ва ТЭТ ҲНИ-ро зикр кардан мумкин аст, ки саркардагони онҳо барои расидан ба ҳадафҳо ва ғаразҳои сиёсиии худ бо шиорҳои авомфиребона ҳазорон ҷавонони ноогоҳро ба доми худ афканда, аз онҳо «манқурт» месозанд ва то имрӯз тавассути онҳо ҳазорон нафар одамонро қатли ом кардаанд. Дар айни замон тамоми қувваҳои зиддитеррористии ҷаҳон асосан баҳри несту нобуд кардани ин гуна ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ сафарбар карда шудаанд. Тибқи маълумот амалиёти терроризми байналхалқӣ тақрибан 5-10 фоизи амалҳои террористии ҷиноятиро ташкил медиҳанд. Аз соди 1976 то соли 1996 ба ҳисоби миёна аз 320 то 660 амалиёти террористии байналхалқӣ pyx додааст. Шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Сатҳи мудҳишият ва ваҳшоният авҷ мегирад. Фақат дар солҳои 1994 ва 1995 мутаносибан 423 ва 440 нафар одамон қурбони амалҳои террористӣ гаштаанд.

Терроризм ва экстремизм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули фазои орому осоишта дар ҷаҳони муосир гардид. Аз ин рӯ, тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон имрӯз ба муқобили ин падидаҳои хатарнок бархоста, зидди он муташаккилона мубориза бурда истодаанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун узви комилҳуқуқи кишварҳои ҷаҳон нисбат ба ин падидаҳои манфуру хатарнок бетараф нест.

Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун узви қомилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин падидаҳои манфуру хатарноки глобалӣ бетараф нест. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ пайваста дар радифи дигар масъалаҳои муҳим ба масъалаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар ва махсусан, пешгирии терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамеша таъкид мекунанд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд.

Воқеан таъсир ва ташаккули равия террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон дода истодааст, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин, дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Чӣ тавре ки маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб намуд. Ҷиҳати пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иҷтимоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад. Хушбахтона, баъд аз ба даст овардани истиқлолият соли 1994 ва 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар асоси таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар қабул гардид. Мақсад аз қабули қонуну қарорҳои мазкур танзим ва таъмини фаъолияти ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ ва ҳифзи дини мубини ислом аз ҳама гуна ифротгароиҳост. Зеро имрӯз дини мубини ислом аз ҷониби баъзе гурӯҳҳо дар шаклҳои гуногун ҳамчун омили низоъу муноқишаҳо истифода шуда истодааст. Дар ин замина мо бояд таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом доранд, муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.

Самадов Ҳ., Шоқурбонова Ҷ.

Leave a Comment