Имрӯз дар донишгоҳ бо ташаббуси Донишкадаи тадқиқотии фаронсавии Осиёи Марказӣ, IFEAC ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Душанбе – шаҳри оянда» баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Директори минтақавии Донишкадаи тадқиқотии фаронсавии Осиёи Марказӣ, IFEAC – хонум Катрин Пужол, инчунин хонум Эдда Шлагер – (тариқи online), ҷаноби Филипп Мойзер,

Имрӯз дар донишгоҳ бо ташаббуси Донишкадаи тадқиқотии фаронсавии Осиёи Марказӣ, IFEAC ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Душанбе – шаҳри оянда» баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Директори минтақавии Донишкадаи тадқиқотии фаронсавии Осиёи Марказӣ, IFEAC – хонум Катрин Пужол, инчунин хонум Эдда Шлагер – (тариқи online), ҷаноби Филипп Мойзер, намояндаи мақомоти давлатии ҳокимияти Душанбе дар симои  Косимджон Усмонзода, раиси Иттифоқи меъморон Тоҷикистон Баҳром Юсупов, муовини раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шахноза Рахматулозода, ректори ДТТ ба номи акад. М. С. Осимӣ профессор, Хайдар Одиназода, муовини ректор Абдуллоев М.А., сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳмонзода А., сардори Маркази рушди касбият ва татбиқи лоиҳаҳо Гулнора Анварова, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Саъдуллозода Ш., журналист таърихшинос Гафур Шерматов, декани факултети Сохтмон ва Меъморӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Парвиз Хоҷаев, мудири кафедраи “Меъморӣ ва дизайн”, доктори илмҳои таърих, дотсент Сангахмад Тиллоев бо устодони кафедра Шерматов Г.А., Сангов И., Шарифи С., Додхудоева Л., Абдушукров Ҷ., Муқимова С.Р., Тиллоев С.С., Шерматов М.У., Мамадҷонова С.М., Исмаилов М.И., Акбаров А.А., Наимов К.И. ва дигарон иштирок ва маърӯза намуданд. Дар кори семинар инчунин магистрону донишҷӯён низ иштирок доштанд. 

Масъалаи ташаккули ҳамоҳангии фазои меъмории шаҳри Душанбе аз нуқтаи мавқеи ҷойгиршавӣ, пайвасти алоқаи қисматии таърихии шаҳр ба симои нав  ва  тарҳи шаҳри сабз муҳикима гардид.

Бояд қайд кард, ки чунин мизҳои мудаввар ки дар ду пойтахтҳои шаҳрҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя – Қирғизистон (мизи мудаввар «Бишкек – шаҳри оянда», 15-16 октябри соли 2018) ва Қазоқистон (мизи мудаввар «Остона – шаҳри оянда», 22 июни соли 2018) гузаронида шуда буд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment