Имрӯз дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ чорабинии маърифатӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва оммавию варзишӣ таҳти унвони “Як рӯзи ҷавонӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ” доир гардид. Макони баргузории чорабинии мазкур саҳни ҳавлии хобгоҳи №3-и донишгоҳ интихоб шуд.
Дар чорабинӣ муовинони ректор Саидзода Р.Ҳ. ва Ашуров А.Н., Раиси иттифоқи касабаи устодон ва кормандон, деканони факултетҳо, Раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён, комендантони хобгоҳҳо, устодон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ ширкат намуданд.
Имрӯз дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ чорабинии маърифатӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва оммавию варзишӣ таҳти унвони “Як рӯзи ҷавон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ” доир гардид. Макони баргузории чорабинии мазкур саҳни ҳавлии хобгоҳи №3-и донишгоҳ интихоб шуд.
Дар чорабинӣ муовинони ректор Саидзода Р.Ҳ. ва Ашуров А.Н., Раиси иттифоқи касабаи устодон ва кормандон, деканони факултетҳо, Раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён, комендантони хобгоҳҳо, устодон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ ширкат намуданд.
Саидзода Р.Ҳ. – муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал чорабиниро кушода, сухани табрикотии ректори донишгоҳро қироат намуд.
Пас аз он мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ – Акрамов С.С. бо сухани табрикотӣ ҳамаи ҷавононро муборакбод намуд.
Инчунин дар ин чорабинӣ барои баланд бардоштани маҳорати варзишӣ байни донишҷӯён, устувор намудани дӯстию робитаҳои варзишӣ байни варзишгарону донишҷӯён, тарғибу ташвиқи ҳаёти солим тавассути варзиш дар ҷомеа, дар байни ҷавонон бурдани ташвиқот бар зидди истеъмолу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мусобиқаи кушоди варзишӣ байни донишҷӯёни хобгоҳҳои №3, №4, №6, №8, №2-и донишгоҳ оид ба волейбол, футболи хурд, дастхобонак, шашкаю шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ” бахшида ба “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар соли 2019 гузаронида шуд ва аз ҷониби Раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳои хотиравӣ, диплому сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар чорабинии мазкур бо иқдоми раиси Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ Раҳимова С.С. бахшида ба “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намоиши либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби донишҷӯдухтарон ба меҳмонон пешкаш карда шуд.
Бояд дарҷ намуд, ки дар охир ба устодон, кормандон ва донишҷӯёни фаъол аз номи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи донишгоҳ сипосномаю ифтихорномаҳо, инчунин ба донишҷӯёни нимятим ва камбизоат идрорпулӣ тақдим карда шуд.
Баҳри болидагии ҳамагон барномаи фарҳангии дастаи “Муҳандиси ҷавон”-и пешкаш гардид.
Шуъбаи кор бо ҷавонон
Маркази иттилоот ва нашр