Имрӯз таҳти раёсати муовини аввали ректор, муовин оид ба таълим – Саидзода Р.Ҳ. дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо раисони Комиссияи аттестатсионии хатм, котибони комиссия ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ ҷаласа баргузор гардид.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳо доир ба шиносоии раисони Комиссияи аттестатсияи хатм, омодагӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ тибқи талабот ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани имтиҳони давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои хатм, саривақт пешниҳод намудани ҳисоботи раисони КАХ нисбат ба натиҷаи имтиҳони давлатӣ ва рисолаҳои хатм ба Шӯрои
Имрӯз таҳти раёсати муовини аввали ректор, муовин оид ба таълим – Саидзода Р.Ҳ. дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо раисони Комиссияи аттестатсионии хатм, котибони комиссия ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ ҷаласа баргузор гардид.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳо доир ба шиносоии раисони Комиссияи аттестатсияи хатм, омодагӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ тибқи талабот ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани имтиҳони давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои хатм, саривақт пешниҳод намудани ҳисоботи раисони КАХ нисбат ба натиҷаи имтиҳони давлатӣ ва рисолаҳои хатм ба Шӯрои олимони донишгоҳ, пешгирии саривақтӣ ва муқовимат бо амалҳои коррупсионӣ дар рафти баргузории имтиҳони давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои хатм ва масъалаҳои гуногун баррасӣ гардиданд.
Ҷаласаро муовини ректор – Саидзода Р.Ҳ. ифтитоҳ бахшида, баъдан суханро ба методисти шуъбаи таълим дод. Иброҳимов Н. – методисти шуъбаи таълим раисони Комиссияи аттестатсияи хатмро бо қироати фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1706 аз 20.03.2019 ба ҳамагон шиносонд. Сардори ИТМ – Фохаков А.С. доир ба омодагӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ тибқи талабот ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани имтиҳони давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои хатм ахборот пешниҳод намуд. Инчунин дар бораи саривақт пешниҳод намудани ҳисоботи раисони КАХ нисбат ба натиҷаи имтиҳони давлатӣ ва рисолаҳои хатм ба Шӯрои олимони донишгоҳ Саидзода Р.Ҳ. баромад намуда, дастуру супоришҳои заруриро ба мутасаддиён баён дошт.
Доир ба масъалаи дигари рӯзнома – пешгирии саривақтӣ ва муқовимат бо амалҳои коррупсионӣ дар рафти баргузории имтиҳони давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои хатм Бобохонзода Комрон Субҳон – нозири калони Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Ӯ доир ба пайдошавии ҳолатҳои номатлуби коррупсионӣ ва пешгирии он таклифу пешниҳодоти зарурӣ карда, ҳамагонро барои мубориза бо ин ангезаи имрӯза даъват намуд.
Дар охир нисбат ба баъзе аз чорабиниҳои ташкилию интизомии раванди баргузории имтиҳоноти давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои хатм ба масъулон дастуру супоришҳо дода шуд.
Маркази иттилоот ва нашр.