Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ маҷлиси Комиссияи тақсимотии хатмкунандагони соли таҳсили 2018-2019 баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур аз вазорату корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои гуногун намояндагон иштирок намуданд, ки Сармуҳандиси КВД Агрогеодезияи Хатлон Зиёев А., сардори шуъба дар “Барқи тоҷик” Исозода З.Қ., Сардори шуъба дар КДАМ ҶТ Одинаев Х.Н., КДАМ ҶТ ВКО Нуралиев И.Х., Сартехнологи КВД “Коргоҳи мошинасозӣ” Ҳодиев Д.М., Сармутахассиси ВМҶТ Шарифзода С., Сардори ШИҲК ҶДММ “Ноқили талко” Мирзоева З., Директори ҶСП “Тоҷиказот” Холов Н.А., муовини директори генералии ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” Холиқов Н.А., Сардори шуъбаи кадрҳо дар КВД “ТАЛКО” Абдулҳадов Ф.А., муовини сардори шуъбаи МЛТ “Фазо” Куканов, Сардори шуъбаи кадрҳои ҶСК
Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ маҷлиси Комиссияи тақсимотии хатмкунандагони соли таҳсили 2018-2019 баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур аз вазорату корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои гуногун намояндагон иштирок намуданд, ки Сармуҳандиси КВД Агрогеодезияи Хатлон Зиёев А., сардори шуъба дар “Барқи тоҷик” Исозода З.Қ., Сардори шуъба дар КДАМ ҶТ Одинаев Х.Н., КДАМ ҶТ ВКО Нуралиев И.Х., Сартехнологи КВД “Коргоҳи мошинасозӣ” Ҳодиев Д.М., Сармутахассиси ВМҶТ Шарифзода С., Сардори ШИҲК ҶДММ “Ноқили талко” Мирзоева З., Директори ҶСП “Тоҷиказот” Холов Н.А., муовини директори генералии ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” Холиқов Н.А., Сардори шуъбаи кадрҳо дар КВД “ТАЛКО” Абдулҳадов Ф.А., муовини сардори шуъбаи МЛТ “Фазо” Куканов, Сардори шуъбаи кадрҳои ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” Шарипова З., Сардори шуъбаи илми Саридораи геология Василев С.С., Сардори раёсати Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ш. Душанбе Иброҳимов М., Сардори шуъбаи ММ ва ША дар н. Сино Нарзуллоев С., Сардори шуъбаи ММ ва ША дар н. Шоҳмансур Сафарзода Ҷ., Сардори шуъбаи ММ ва ША дар н. Фирдавсӣ Ҷумазода Н., Сардори шуъба ММ ва ША дар н. И. Сомонӣ Шерализода С., Сардори бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати ММ ва ША Сафаров Б.П., Ёрдамчии директори муассисаи “Литсейи касбии политехникии ш. Душанбе” Шамсиев С., Сармуҳандиси КВД “Обу корези Душанбе” Қаландаров С., Директори КВД “Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ” Исмоилзода Л.С., Муовини Раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Холиқзода М., Сардори шуъбаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав Хайриддинзода А., афсари Раёсати кадрҳои Кумитаи ҲФ ва МТ назди ҲҶТ Гулзода З., Сардори шуъбаи РК кумитаи ҲФ ва МТ назди ҲҶТ Асадов И., мутахассиси калони ТГЭМ Самадова Н., мутахассис дар Агентии омор Манонова Т.,Сармуҳандис ҶСК Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) ш. Душанбе Сайдуллоев С.Н., шуъбаи кадр ҶСК МБГ Мирзоева М.,Сардори шуъбаи Кумитаи меъморӣ Холова С. ва дигаронро метавон номбар кард.
Аз донишгоҳ муовинони ректор, декани факултетҳо, мудирони кафедраҳои тахассусӣ, донишҷӯёни хатмкунанда ва дигар масъулон ширкат доштанд.
Муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал Саидзода Р.Ҳ. меҳмонон ва иштирокдорони ҷаласаро хуш омадед гуфта, маҷлисро ҳусни оғоз бахшид.
Дар баромади муовини ректор қайд гардид, ки дар асоси Пайёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон шудааст. Бо назардошти ин ҳадаф ва иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва аҳамияти саноатикунонии кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон дар бозори меҳнат, баҳри ба роҳ мондани робитаҳои устувори дуҷонибаи густариши ҳамкориҳо бо истеҳсолоту корфармоён аз манфиат холӣ нест.
Ҳоло Донишгоҳи техникӣ дорои 7 факултет, Коллеҷи техникӣ, Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Литсейи техникӣ мебошад, ки зиёда аз 10 000 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Омодакунии мутахассисони дараҷаи бакалавриат, магистратура ва мутахассис тибқи талаботи бозори меҳнат аз рӯйи 83 ихтисос ба роҳ монда шудааст.
Айни ҳол дар донишгоҳ 361 нафар устодони асосӣ ва 202 нафар ҳамкорон кор карда истодаанд. Аз шумораи умумии устодони асосӣ 35 нафар профессорон ва 174 нафар номзадони илм мебошанд.
Соли ҷорӣ донишгоҳро 2015 нафар донишҷӯён хатм менамоянд, ки аз ин шумора 1559 нафар зинаи таҳсилоти бакалаврӣ, 369 нафар зинаи магистратура ва 84 нафар мутахассисон мебошанд. Инчунин донишгоҳро тариқи буҷаи давлатӣ 485 нафар хатм мекунанд. Аз инҳо 24 нафарашон тибқи квотаи Президентӣ ва 58 нафарашон магистрантон мебошанд, ки равияҳои энергетикаю нақлиёт, сохтмону меъморӣ, роҳсозию металлургия, телекоммуникатсияю кимиё, автоматикунонию мошинсозӣ ва идоракунию иқтисодиёти соҳаро хатм менамоянд.
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо корхонаҳои ватанӣ ҳамкорӣ дошта, зиёда аз 100 вазорату идораҳо, корхонаю ташкилот, ширкату муассисаҳои манфиатдор шартномаҳои дутарафа оид ба ҳамкориҳои таълимӣ, илмӣ-техникӣ, инноватсионӣ ва таҷрибаомӯзиҳо ба имзо расонидааст ва дар оянда кӯшиш бар он дорад, ки ин ҳамкориҳо мустаҳкамтар гарданд.
Имсол аз тарафи донишгоҳ ба 65 вазорату идора, корхонаю ширкатҳо ва ташкилоту муассисаҳои манфиатдор мактуб оид ба муайян намудани талабот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон фиристода шуд ва то ба имрӯз ба 29 мактуб ҷавоби мусбӣ омад, ки 192 нафар хатмкунандагони тибқи буҷаи давлат таҳсилкунандаро ба ҷойи кор даъват намудаанд. Мактубҳои дигар бошад, барои ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон дар асоси озмун ва ё ба тариқи дархост хатмкунандагони муайянро талаб намудаанд.
Дар рафти ҷаласа аз меҳмонон Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ш. Душанбе – Иброҳимов М., муовини раиси ШСХК “Барқи тоҷик” – М. Холиқзода, муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раҳматуллозода Ш.И. баромад намуданд. Инчунин аз донишгоҳ Қасобов Л.С., Ниёзов А.С., Алибаева М.М. ва дигарон сухан ронданд.
Маркази иттилоот ва нашр.