Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар вазъияти тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ мусобиқаи Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот оғоз гардид.
Бахшида ба ин муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ – Ашуров А.Н. чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, сухани табрикотии роҳбарияти донишгоҳро ба иштирокдорон расонид.
Инчунин меҳмони гиромӣ Ризо Назарзода – муовини якуми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баромад карда, доир ба шоҳмот, таърих ва ташаккули он дар ҷомеаи миллии тоҷикон маълумот дод.

Шоҳмот бозии завқовари рӯйимизӣ мебошад. Ин бозӣ яке аз бозиҳои қадимтарини дунё ҳисобида мешавад. Аслан, шоҳмотбозӣ ба сифати бозии зеҳнҳо маъмул буда, навъе варзиши фикрӣ байни ду бозингар арзёбӣ мешавад. Илова бар ин, шоҳмотбозон байни мардум баъзан бо унвони «интеллектҳо» ёд мешаванд. Бояд таъкид кард, ки на ҳама кас аз уҳдаи ин навъи бозӣ мебарояд. Санҷиши зеҳн, озмудани фаросат, дақиқ ва мутамарказ кардани диққат унсурҳоеанд, ки дар ин бозӣ барандаро муайян ва мушаххас мекунанд.

Барои устодону донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ, ки ҳамагон муҳандис ва ё муҳандисони ояндаанд, тавонистани бозии шоҳмот аз қавииродагӣ ва зеҳни баланди шахсият далолат мекунад. Боиси дастгирӣ низ аст, ки дар тӯли мавҷудияти донишгоҳ устодону донишҷӯёни мо дар бисёр озмунҳои шоҳмотбозии сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ маҳорати баланд нишон дода, пешсаф гардидаанд. Шумораи шоҳмотбозони донишгоҳ низ хеле зиёд аст ва ҳамасола дар Спартакиадаи донишгоҳӣ дастаҳои шоҳмотбозони факултетҳои донишгоҳ дар он фаъолона иштирок ва барои ба сафи аввал баромадан талош менамоянд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment