Истиқлолият муҳимтарин рукни худогоҳӣ ва худшиносии ҳар фарди ҷомеа буда, бе ягонагии ваҳдати комили шаҳрвандони ҳар як давлати миллӣ ба даст намеояд. Аз ин рӯ дар саросари олам давлат ё миллатеро пайдо кардан ғайриимкон мебошад, ки Ваҳдати миллиро гиромӣ надорад. Ин вожаи бузург гарчанде дар забони миллатҳои гуногун бо шеваи хоссаи худ фаҳмида шавад, аммо ифодакунандаи мазмуни ягона мебошад. Ваҳдат барои мо тоҷикистониён боз ҳам азизу боманзалаттар аст, зеро пас аз нооромиҳо ва ноумедиҳои зиёди миллат асоси бардавомӣ ва оромии истиқлоли давлататиамонро танҳо Ваҳдати миллӣ тавонист таъмин намояд.

Истиқлолият муҳимтарин рукни худогоҳӣ ва худшиносии ҳар фарди ҷомеа буда, бе ягонагии ваҳдати комили шаҳрвандони ҳар як давлати миллӣ ба даст намеояд. Аз ин рӯ дар саросари олам давлат ё миллатеро пайдо кардан ғайриимкон мебошад, ки Ваҳдати миллиро гиромӣ надорад. Ин вожаи бузург гарчанде дар забони миллатҳои гуногун бо шеваи хоссаи худ фаҳмида шавад, аммо ифодакунандаи мазмуни ягона мебошад. Ваҳдат барои мо тоҷикистониён боз ҳам азизу боманзалаттар аст, зеро пас аз нооромиҳо ва ноумедиҳои зиёди миллат асоси бардавомӣ ва оромии истиқлоли давлататиамонро танҳо Ваҳдати миллӣ тавонист таъмин намояд. Аз ин рӯ бояд қайд намуд, ки дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро ҳарчанд истиқлолият таъмингар бошад, аммо бе асоси Ваҳдат ва оромии ҷомеа наметавонад устувор гарданд ва такмил ёбанд.

Дар ҳоле ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти хешро ба даст овард ва фазои муносибатҳои идоракунӣ дар зери сохти сиёсии демократӣ сурат гирифт, як қатор ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандонро дар асоси сохтори нави идоракунӣ дар мадди аввал гузошт. Аммо ин ҳолатро қувваҳои гуногун, ки чандон ба ҳокимият ва идоракунӣ наздикие надоштанд, барои омма дар шакли ғаразхоҳона корбурд намуданд. Ин меъёри муносибатҳо ва рафтори бавуҷудомада дар миёни гурӯҳҳо ҳодисаҳои гуногунро аз зери қонун берун баровард. Дар фазои сиёсии бавуҷудомадаи онвақта кишвари ҷавони мо ба тӯфони нопокии ғаразҳои гурӯҳҳои гуногуни манфиатхоҳ гирифтор шуд. Солҳои 1992-1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангу низоъҳои сиёсӣ миёни гурӯҳҳои номбурда боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекарданд. Дар ҳамон замон кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озодиҳои демократӣ ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ оварда расониданд. Арзишҳои воло ва муқаддасоти диниро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ истифода мебурданд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи дин асоснок менамуданд, вале тасаввуроти бисёрҳизбию ҷаҳонбинии дигарро эътироф намекарданд. Дар ҳамон солҳо душманони миллат мехостанд Ҷумҳурии Тоҷикистонро порча-порча кунанд. Хушбахтона, Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона, матонат ва зиракиву ҳисси миллатдӯстонаи худ кишварро аз вартаи фалокат берун овард, мардуми парокандаро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор муҳоҷиронро аз ҳамсоядавлат ба Ватан баргардонид. Президенти кишвар дар як муддати кӯтоҳ вайронкориҳоро ба ободӣ табдил дода, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори кишвар талоши бузург кард. Яке хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ваҳдати миллӣ афзал донистани манфиатҳои миллат бар манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ аст, зеро ҳеҷ як аз манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллат вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин нигоҳ Ваҳдати миллӣ омили ҳастии миллат ба шумор меравад. Ба андешаи мо чанд омил мавҷуд аст, ки Ваҳдати миллиро барои мардуми кишвари мо дучанд муҳим сохта, онро арзиши мутлақ медонад. Ин омилҳоро метавон ба ду қисм – а) хориҷӣ; б) дохилӣ ҷудо намуд.

а). Ба омилҳои хориҷӣ метавон ҳодисаҳои раванди гузаштаи таърихӣ ва охири чаҳони имрӯза, бахусус, рӯйдоди ҳодисаҳои гуногуни номатлуб ва ҷангиро дар кишварҳои гуногуни олам шомил сохт. Яъне заиф будани ваҳдати миллӣ ва истиқлоли фикрии бошандагони он дар ин мамлакатҳо ба абарқудратҳо имкон додааст, ки бо баҳонаи риояи арзишҳои демократӣ ба ин мамлакатҳо мудохила карда, бад-ин васила, манфиатҳои геополитикии худро дар минтақа амалӣ созанд. Инчунин ба омилҳои хориҷӣ муносибати на он қадар дӯстонаи як давлат бо ҳамсоядавлаташ мебошад, ки дар роҳи пешрафти иқтисодии кишвари алоҳида ҳар гуна монеаҳои сунъӣ эҷод месозанд, метавон дохил намуд. Дар чунин ҳолат дар атрофи роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ зичтар муттаҳид гардидан ва нозукиҳои мушкилоти сунъиро эҳсос намудани ҳар як фарди мустақил, вазифаи аввалиндараҷа барои мо буда, бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ба ин мушкилот назар андохтан таъмини амнияти Ваҳдати миллӣ хоҳад гардид. Буҳрони сиёсии солҳои 1992-1997 барои халқи тоҷик ҷиҳати ғаразҳои берунӣ доштааш ҳис гардида, тарафҳоро баҳри ҳалли ин масъала ва Ваҳдат гирд овард.

б). Омили дохилӣ. — Дар шароити имрӯза чораҳои ҳифзи Ваҳдати миллиро бе мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ, терроризм ва эктремизм тасаввур намудан ғайриимкон аст. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви ҷомеаи башарӣ баҳри таъмини амнияти байналмиллалӣ, минтақавӣ ва дохилӣ бар зидди ин вабои аср дар ҳоли мубориза мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари амалисозии тамоми барномаҳои давлатӣ равона намудани таваҷҷуҳи асосиро ба ҷавонон, таъмин намудани зеҳни соҳибдавлатиро ба онҳо, бедории ҳисси миллӣ, истиқлоли фикрии ҷомеаро дар ҳоли пешбурд қарор додааст, ки метавонад дар таҳкимбахшии Ваҳдати миллӣ роҳи мушаххас гардад. Ба омилҳои дохилӣ, инчунин як гардонидани сатҳи рушди шуур ва таффакури сиёсии аҳолӣ дохил мешавад. Омили мазкурро ба омилҳои ҳалкунанда дохил кардан мумкин аст, зеро аз як гиребон сар баровардан ва муттаҳидии тамоми бошандагони миллат бо устувории Ваҳдати миллӣ замина мегардад. Инчунин дар таъмини ваҳдати миллӣ мавҷудияти фарҳанги бардавом ва таҷрибаи ғанӣ доштани давлатдории тоҷикон буд, чунки асрҳое чанд бедавлатии миллати тоҷик ба тамоми бошандагони он айён буд. Метавон ин ҳолатро яке аз омили бадастгирии ваҳдати миллӣ донист. Зарурат ва аҳамияти бузурги Ваҳдати миллӣ махсусан дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ эҳсос мешавад. Зеро ки соҳиб шудан ба истиқлолият барои ҳар як халқу кишвар кори осон нест, вале муҳофизат ва ҳимояи он мушкилтар аз он аст.

Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва ба вуҷуд омадани фазои номусоиди дохилӣ чораҳои муассире зарур буданд, ки ҷангро хотима дода, Ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, рушди соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро таъмин намоянд.

Бо дарки ҳамин зарурати таърихӣ Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст гирифтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муясар гардид. Роҳбарияти нави сиёсии мамлакат бо малакаи волои сиёсӣ ва дурандешонаи хеш дар мулоқоти якчанд давр баргузоргардида ниҳоят 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба фазои кашмакаши сиёсӣ-дохилӣ хотима бахшид. Охир Ваҳдати миллӣ самти мафкуравии ҷомеаи соҳибистиқлоламонро чуноне ки аз нестшавӣ маҳфуз дошт, бори дигар исбот намуд, ки мардуми мо дар ҳама гуна ҳоллатҳо ягонаю иттиҳодқарин ва ваҳдатзамирем.

Сӯфиев Ҷ.Н., Шарифзода Р.Ф., Тӯраев Ф.Р. – ассистентони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Leave a Comment