Санаи 2-юми июли соли 2019 дар толори Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ семинари илмӣ-техникӣ дар мавзӯи “Шиносоӣ бо технологияҳои ташхиси конструксияҳои оҳанубетонӣ бо усули нигоҳ доштани муcтаҳкамӣ” баргузор гардид.
Семинари мазкур дар доираи ҳамкориҳои тарафайн бо Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналхалқӣ (JICA) аз тарафи мутахассисони ширкати Ҷопонии “Нитто Констракшн Инк.” ва Маркази рушди муҳандисии Ҳоккайдо баргузор гардид.

Дар семинар мутахассисони Ҷопонӣ намунаи дастгоҳ ва ченкунандаҳои техникӣ барои гузаронидани муоинаи техникии конструксияҳои оҳанубетонии пулҳо, бино ва иншоотро барои иштирокчиёни семинар муаррифӣ намуданд.
Дар кори семинари илмӣ-техникӣ донишҷӯён, магистрон ва омӯзгорони донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, мубодилаи афкор оид ба вазъи имрӯзаи нигоҳдории пулҳо дар ҷумҳурӣ ва усулҳои муоинаи техникии пулҳо сурат гирифт.
Дар рафти семинар инчунин хабар дода шуд, ки дар давоми соли таҳсили 2019-2020 дар заминаи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ аз тарафи ширкати “Нитто Констракшн Инк.” курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ баргузор карда мешавад.
Маркази иттилоот ва нашр.