Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 таҳти №АП-1729 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки васеи ВАО доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма – хабарнигорон аз телевизиони «Баҳористон», «Душанбе», ва «Варзиш», рӯзномаҳои «Вечерка», «Омӯзгор», «Минбари халқ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Садои мардум», «Тоҷикистон», «Ҷумҳурият», радиои «Ховар», «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», АМИТ «Ховар», раёсати донишгоҳ, декани факултетҳо, сардори Маркази иттилоот ва нашри донишгоҳ, Сардорони идораҳо ва мудирони шӯъбаҳои дахлдор иштирок намуданд.

Ибтидо Ректори донишгоҳ Одиназода Ҳ.О. дар бораи фаъолияти ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Сипас хабарнигорон бо саволҳои гуногун муроҷиат намуданд. Асосан саволҳои аз ҷониби намояндагони ВАО пешниҳодгардида доир ба масъалаҳои натиҷаи тадқиқоти олимони донишгоҳ, ҳавасмандгардонии устодону кормандон, вазъи таҳсили аспирантон ва унвонҷӯён – олимони ҷавон, рафти қабули имсолаи довталабон ба донишгоҳ, ҳолати бо ҷойи кор таъминшавии хатмкардагони тариқи квота, ихтироъкории донишҷӯён, фаъолияти варзишӣ, ихтироъкории донишҷӯён, қабули донишҷӯёни шартномавӣ ва монанди инҳо буд.

Ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ректори донишгоҳ Одиназода Ҳ.О., муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал – Саидзода Р.Ҳ., муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ – Абдуллоев М.А., муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва дигар мутасаддиёни идораву шӯъбаҳои донишгоҳ ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.

Боиси зикр аст, ки фаъолияти донишгоҳ дар намуди слайди намоишӣ (презентатсия) ва видеоролик дар тахтаҳои электронии толори маҷлисӣ ба намоиш гузошта шуд ва дар давоми нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО аз он низ маълумот гирифта тавонистанд.

Дар охир ректори донишгоҳ Одиназода Ҳ.О. ба намояндагони ВАО миннатдории худ ва аҳли коллективи донишгоҳро баҳри ҳамкориҳои судманди доимиашон баён дошт.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment