Барои оғози соли нави таҳсили 2019-2020 дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ корҳои омодагӣ давом доранд. Синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва толорҳои лексионӣ ба қабули донишҷӯён омодаанд.
Ҷадвали дарсӣ яке аз омилҳои аввалини танзими раванди таълиму тарбия ба ҳисоб меравад. Ҳоло тақсимоти сарбории ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ аз ҷониби кафедраҳо ба охир расида, дар асоси он ҷадвали дарсҳо тартиб дода шудааст.

Имрӯз бо ташаббуси Идораи таълимию методӣ (Сардори идора – Фохаков А.С.) ва шуъбаи таълим (мудири шуъба – Маҷидов Т.С.) таҳлил, баррасӣ ва бартарафсозии камбудиҳои ҷадвалҳои дарсии омода шудаистода сурат гирифт, ки муовини декани факултетҳои донишгоҳ оид ба таълим низ бо ҷадвалҳои дарсии факултетҳои худ ширкат доштанд.
Дар рафти таҳлилу баррасӣ ҷадвали дарсҳои тамоми факултетҳои донишгоҳ бо ҳам мутобиқ карда шуда, ба муовинони деканҳо супориш дода шуд, ки пас аз бартарафкунии камбудиҳои ҷойдошта ҷадвали дарсҳоро барои тасдиқ ба раёсати донишгоҳ пешниҳод намоянд.
Маркази иттилоот ва нашр.