Ду нафар олими ҷавони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ – Саъдуллозода Шаҳриёр ва Ҳусейнов Мирзоазиз барои навовариҳои илмӣ, саҳми босазо дар корҳои илмию тадқиқотӣ бо Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” қадрдонӣ шуданд.
Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки дар қатори 11 нафар сазоворшудагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ ду нафар олими ҷавони донишгоҳи азиз низ бо ин мукофоти давлатӣ сарфароз гардиданд. Назари неки Роҳбари хирадманди кивар ба ҷавонон ва махсусан ба кадрҳои техникӣ моро водор месозад, ки боз ҳам бо нерӯи созандаву ақли солим ба пеш, ба сӯйи ободиҳо кӯшиш намоем.
Ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми август мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
Ду нафар олими ҷавони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ – Саъдуллозода Шаҳриёр ва Ҳусейнов Мирзоазиз барои навовариҳои илмӣ, саҳми босазо дар корҳои илмию тадқиқотӣ бо Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” қадрдонӣ шуданд.
Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки дар қатори 11 нафар сазоворшудагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ ду нафар олими ҷавони донишгоҳи азиз низ бо ин мукофоти давлатӣ сарфароз гардиданд. Назари неки Роҳбари хирадманди кивар ба ҷавонон ва махсусан ба кадрҳои техникӣ моро водор месозад, ки боз ҳам бо нерӯи созандаву ақли солим ба пеш, ба сӯйи ободиҳо кӯшиш намоем.
Раёсати донишгоҳ, ташкилоти ҷамъиятӣ, коллективи устодону кормандон ва донишҷӯёни ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ олимони ҷавонро бо ин дастоварди ҳаёт самимона муборакбод менамоянд.
Раёсати донишгоҳ.