Бисту ҳашт сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омада, истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд. Ин ҳодисаи фаромӯшнопазир аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваста, 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Бисту ҳашт сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омада, истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд. Ин ҳодисаи фаромӯшнопазир аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваста, 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Таърих ба мо гувоҳӣ медиҳад, ки миллати мо рӯзҳои сахту сангинро паси сар намуда бошад ҳам, дастоварду фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони аслии модарӣ, илму адабиёти оламгирашро ҳаргиз аз даст надодааст. Зеро фазои Истиқлолият ба ҳар яки мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дуруст интихоб намоем. Мафҳуми истиқлолияти сиёсӣ барои мо рамзи олии ватандӯстӣ, бузургтарин неъмати созанда ва нишондиҳандаи талошу фидокории расидан ба мустақилияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро кушода намуда, меъёри расидан ба ҷомеаи демократию шаҳрвандиро таҳким бахшид. Ғайр аз ин истиқлолияти сиёсӣ барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, ҳуҷҷати байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли тоҷикони дунё ба ҳисоб меравад.

Ба ин маънӣ куллӣ сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту ҳафт сол қабл аз ин нахустин пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

Бояд қайд намуд, ки баъд аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи ҳокимият шахсиятеро интихоб намуд, ки тамоми дастовардҳои минбаъдаи даврони истиқлол, аз ҷумла Ваҳдати миллии кишварро асос гузоштааст, ба он алоқамандии бевосита дошт. Яъне аз замони сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла асосҳои сохтори конститутсионӣ, муассисаҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муътадил сиёсӣ самти сиёсати ҳарбию мудофиавии кишвар мустаҳкам гардида, қувваҳои мусаллаҳ ва Артиши миллӣ ҳамчун рамзи ватандӯстӣ таъсис дода шуда, ба хусусияти доимӣ гирифтанд.

Мардуми заҳматкаши тоҷик баҳри таҳкими Истиқлолияти сиёсӣ, нигаҳдории якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагию суботи ҷомеаро роҳи қонунии хеш медонистанд. Ба таври мисол қабули Конститутсияи соли 1994 барои мардуми шарифи тоҷик марҳилаи нави инкишоф буд, ки хато нахоҳад буд. Чунки барои расидан ба сулҳи комил ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама заминаҳои қонунии ҳокимият зарур буд, ки онро метавонист танҳо Конститутсияи ҳаматарафа такмилёфтаи кишварамон таъмин намояд.

Дар баробари якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми халқ нишони эътирофи Ҳукумати қонуниро дошта, бо сарварии фарзанди вафодору Пешвои ин миллати содиқ Эмомалӣ Раҳмон барои аз вартаи ҳалокат берун овардани мамлакати дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида фаъолияти шабонарӯзӣ мебурданд.

Ба ин маънӣ, дар замимаи ин санади тақдирсоз Ҳукумати кишвар бо роҳбаладии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштани эътибори байналмиллалии Тоҷикистон ба қисматҳои Конститутсия аз ҷумла, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагонӣ, меҳнати озод, таълиму тарбияи насли ҷавон, таъмини озодии баён, истифодаи озоди забони модарӣ, таҳкими ҳуввияти миллӣ, рӯ овардан ба асолати худшиносӣ, ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва таъмини озодии виҷдон ва афкору озоди ҳар фарди кишвар мусоидати васеъ намудааст.

Чунки доштани истиқлолияти миллӣ барои ҳар фарди ватанпарвар неруи бузург мебошад. Хусусан дар замони ҷаҳонишавӣ, ки кулли кишварҳои оламро васеъшавии масъалаҳои гуногун аз қабили бемориҳои сирояткунанда, нарасидани оби ошомиданӣ, гуруснагӣ ва таҳдидҳо ба арзишҳои миллиро эҳсос намуда, баҳри нигоҳ доштани чунин арзишоти воло мубориза мебаранд. Аммо пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани комёбиҳои муҳим ба чунин дастовардҳо, аз ҷумла кушодани роҳи иқтисоди бозоргонӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохтори нави идоракунӣ, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба бозори минтақавию ҷаҳонӣ роҳ нав кушоданд.

Яке аз самтҳои стратегии сиёсати кишвар, ки тӯли солҳо аз паси амалишавиаш мебошем, масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буда, яке аз воситаи баланд бардоштани вазъи зиндагони мардум ва ба низом даровардани иқтисоди кишвар маҳсуб меёбанд. Чунки раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза асосан дар заминаи истифодаи энергетика ва истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ вобастагӣ доранд.

Ба ин маънӣ Сарвари давлат дар ин раванд ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, роҳҳои баромадро низ дарёф намуда буданд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат буда, заминаи хешро аз сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ ёфтааст.

Бояд қайд намуд, ки муноқишаю бетартибиҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва сарвари давлат пайваста талош меварзид, ки то суботу  осоиштагиро дар саросари кишварамон таъмин намояд.

Бо амри тақдир чунин рӯз ҳам фаро расид. Яъне 27-умип июни соли 1997 дар Москва – пойтахти Федератсияи Русия Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод гардидааст.

Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худошиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Ин нуктаро Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурда, борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.

Ғайр аз ин муҳтарам Сарвари давлат ба мардуми шарифи Тоҷикистон борҳо таъкид намуда мегуфтанд, ки «Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, мову шумо бояд якҷоя хатари вусъатёбии ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намуда, барои бақои тақдири миллат ва таъмини ваҳдати миллию амнияти давлатӣ ва пойдории сулҳу суботу оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ, ки давлати тоҷикро аз нобудшавию парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолияти ҳар яки мо ба шумор мераванд».

Аз ин андешаҳо бармеояд, ки ба ҷараёнҳои номатлуби ғаразнок иқдомоти созандаро роҳбарияти давлати мо муқобил гузошта, обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштаанд. Зеро бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли оби тоза эълон намудани соли 2003 басо рамзӣ буд. Ҳамин тавр, паси ҳам саъю кӯшишии мамлакати мо дар муқаррар шудани «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» ва ҷонибдорӣ ёфтани таклифҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тозагии муҳити зист ва ҳифзи сайёра дастовардҳое буданд, ки мавқею манзалати кишвари моро дар арсаи олам муайян ва баландтар бардоштаанд.

Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир ном мебаранд, таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо намудааст. Чунки даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар раванди истиқлолияти сиёсии кишвар ба эҳёву зиндагардонӣ ва ҷашнгирии намояндагони барҷастаи фарҳангу миллати тоҷик аҳамияти барҷаста доштанд. Аз ҷумла, ба ҳамаи мо маълум аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори ҳақиқии барпо кардани ҷашнҳои 1310-солагии роҳбари мазҳаби ҳанафӣ Ҳазрати Имоми Аъзам, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, шайхҳои бузург Камоли Хуҷандӣ ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Имом Fаззолию Имом Бухорӣ ва дигарон ба шумор мераванд. Таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ ва бузургдошти шахсиятҳои барҷаста дар тарбияи маънавии халқ, бахусус насли наврасу ҷавон аҳамияти бузурги стратегӣ доранд.

Дар натиҷаи чунин натиҷаҳои беназири худ инсон ҳанӯз ба ормону орзуҳои деринааш, яъне эҷоди як зиндагии поку пурсаодат, орому осуда ва озод аз хушунату ихтилофҳо комёб нашудааст. Баръакс, имрӯз инсоният бо хатарҳои нав ва мушкилоти сангинтар рӯ ба рӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад.

Имрӯз ҳамеша Пешвои миллати тоҷикон таъкид менамоянд: «Вазъи имрӯзаи сайёра моро водор месозад, ки на аз зиддияти мафкураҳо, бархӯрди манфиатҳо ва ихтилофи тамаддунҳо, балки аз робитаҳои дӯстона, ҳамзистии мусолиматомез ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҳарф занем.

Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркиби тамаддуни башарӣ эътироф намуда, ба он арҷгузорӣ намоем. Зеро кишвари азизи мо чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табиист, ки аз равандҳои ҷаҳонишавӣ берун буда наметавонад. Муносибатҳои мо ба кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни олам торафт вусъат ёфта, ҳарчи бештар вориди муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида истодаем. Дар чунин шароит амиқ дарк кардани мақсад ва ҳадафҳои худ, таҳкими дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ амри зарурист».

Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо муносибатҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа ва мамолики пешрафтаи олам аҳамияти махсус доранд. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати «дарҳои кушода» чунин муносиботу ҳамкориҳо рӯз аз рӯз таҳкиму густариш меёбанд. Чунки ҳадафи воқеии мо эъмори давлати мустақили ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи инсон дар ҷомеа мебошад.

Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тӯлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.

Ҳадафи асосии раванди демократикунони дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлатӣ мебошад.

Амалишавии чунин тадбирҳои зикршуда дар навбати аввал аз сатҳи рушди иқтисодии кишвар вобаста аст. Дар ин замина,  мо роҳи густариши муносибатҳои бозорӣ ва рушди устувори иқтисоди миллиро пеш гирифта, дар ин ҷода ба комёбиҳои назаррас низ ноил шуда истодаем. Қисмати асосии ин масъаларо баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт, иқтидори содиротии кишвар ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тибқи барномаҳои махсуси давлатӣ оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолӣ ташкил менамоянд, ки амалишавии чунин стратегияи омили асосии азбайнбарии сатҳи камбизоати дар саросари кишвар маҳсуб меёбад.

Яке аз омилҳое, ки монеаи азбайнбарии сатҳи камбизоати дар кишвар мебошад ин, масрафу хароҷот зиёдати вобаста ба расму оинҳои миллиамон ба шумор мерафтанд. Вобаста ба он баҳри баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми кишвар ва раҳоӣ аз маъракаву маросимҳои серхароҷот Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун воситаи асосии берун гаштан аз буҳрони иқтисодӣ таҳия гардиданд. Бо ин иқдом барои то андозае сабук гардонидани бори зиндагии халқамон шароити мусоид фароҳам овардем. Дар айни замон зарур аст, ки дар доираи татбиқ ва риояи қатъии конуни мазкур расму ойинҳо ва маъракаҳо ба тартибу низом ва меъёри муқарраршуда дароварда шаванд. Пеш гирифтани чунин ташаббуси рушди сиёсати устувори иқтисодӣ мақсад дорем, ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, тадриҷан беҳтар шудани сифат ва сатҳи зиндагии мардум муваффақ шавем.

Гузашта аз ин, дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатдории навини худ баҳрабардорӣ аз арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, нигоҳдории ҳуввияти милливу ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ сафарбар намудани куллӣ мардуми шарифи кишвар воқеан ҳам дар маркази сиёсати давлатӣ қарор гирифтаанд.

Ба ин маънӣ, бо як нияту орзуи нек андеша дорем, ки дар остонаи 28-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи фарзандони бошарафу бонанги миллати мо тамоми арзишҳои фарҳангию таърихи миллати тоҷикро пос дошта, онро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ дониста, баҳри ҳифзу дастовардҳои истиқлолият, пуштибонӣ аз амнияти милливӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсии Ватани азизамон кӯшишҳо намоянд.

Аз ин рӯ, дар радифи ду ҷашни бузург 28-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 22-солагии рӯзи Ваҳдати тоҷикон эълон доштани соли рушди айёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва махсусан, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумату давлат ва ташаббусии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи асосии дигар ба шумор меравад. Ҳадафи асосии чунин сиёсати давлату ҳукумати азизамон баланд бардоштани сатҳу сифати соҳаи сайёҳии кишвар ҳамчун манбаи сермаҳсули иқтисодӣ ва баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари осиёгии аз лиҳози экологию табиӣ зебо мебошад.

Аз дигар ҷониб инкишофи давлатдории муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати дарки давлатдории демократиро ба миён гузоштааст ва дар ин замина моро зарур аст, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи ваҳдату ягонагӣ ва муқадассоти миллӣ тарбия намоем. Дар ин хусус Пешвои миллат борҳо дар мулоқоти хеш сиёсати давлатии ҷавононро самти афзалиятнок дониста, бар он таъкид намуданд, ки «Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ ва амнияти миллии кишвар ҳисобида, авзои иҷтимоӣ ва иқтисодии насли наврас, аз қабили ҷараёни демографӣ ва муҳофизати ҷавонон, сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, танзими оила, афзудани иллатҳои нашъамандӣ, зӯроварӣ дар байни ҷавонон ва ғайраро мавриди таҳлилу омӯзиши ҷиддӣ қарор диҳем».

Аз ин рӯ, дар амалишавии чунин сиёсат Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар самти ташаккулу рушди маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия намудани насли ҷавон барномаҳои алоҳидаи давлатиро тарҳрезӣ намоянд.

Ҳамин тариқ фарорасии ин ду ҷашни мубораки сиёсӣ – 22-солагии Ваҳдати миллии тоҷикон ва 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таърих ҳамчун ҷашни сиёсӣ доим хотирмон бошанд. Бошад, ки ҷашни муқаддаси Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти сиёсии тоҷикон барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осоишта ва бурдборию пешравиҳо ба бор оварад!

Поянда бод Ваҳдати миллӣ ва Исиқлолияти сиёсии тоҷикон!

Саидумаров С.С

Мусоев Ш.М.

Leave a Comment