Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Ҳар давру замон хатарҳои нав ба наверо тавлид менамояд, ки боиси ноустувор гардидани истиқлолияти ин ё он давлати дунё мегардад. Дар замони муосир баҳри поку безавол нигоҳ доштани истиқлолияти сиёсӣ аз хатарҳое, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ба вуқуъ омада истодааст, масъалаи муҳим арзёбӣ гардидааст.

Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Ҳар давру замон хатарҳои нав ба наверо тавлид менамояд, ки боиси ноустувор гардидани истиқлолияти ин ё он давлати дунё мегардад. Дар замони муосир баҳри поку безавол нигоҳ доштани истиқлолияти сиёсӣ аз хатарҳое, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ба вуқуъ омада истодааст, масъалаи муҳим арзёбӣ гардидааст.

Имрӯзҳо хатарҳои гуногуне ба монанди қочоқи маводи мухаддир, одамрабоӣ, муҳоҷирати ғайриқонунии аҳолӣ, паҳн шудани бемориҳои сироятӣ, яроқи қатли ом, терроризми байналмилалӣ, экстремизм, кибертерроризм, биотерроризм ва амалҳои коррупсия, дигар шаклҳои нави терроризм, ки ба истиқлолияти ҳар як давлат хатаровар аст, хурӯҷ карда истодаанд. Яке аз шаклҳои хатарноктарини терроризм дар замони муосир биотерроризм мебошад, ки зиёда аз 60%-и амалҳои террористиро дар бар мегирад. Солҳои 20-уми асри XX оид ба масъалаи биотерроризм (силоҳи биологӣ) олимону муҳаққиқони давлатҳои гуногуни олам тадқиқот гузарониданд ва дар натиҷа муайян карда шуд, ки ин намуди силоҳро ҳамчун яроқ дар ҷанги якум ва дуюми ҷаҳон васеъ истифода намудаанд.

Оид ба ин масъала Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Рӯзи Дониш, ки 1-уми сенябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда гузашт, қайд намуданд, ки АИҶТ ва дигар муассисаҳову академияҳои соҳавиро зарур аст, барои мустаҳкамгардонии истиқлолияти сиёсии кишвар саҳми муассир дошта бошанд ва дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар фаъолона саҳм гузоранд.

Ба масъалаи бехатарии амнияти биологӣ, на танҳо олимони соҳаи кишоварзӣ ва биологӣ балки олимони дигари соҳаҳо оид ба ин масъала тадқиқоти илмӣ пешниҳод намоянд. Дар замони муосир бехатарии биологӣ ба яке аз мушкилоти глобалӣ ба шумор меравад.

Аз сабабе ки дар замони муосир хатари силоҳи биологӣ ва биотерроризм зиёд шуда истодааст, ин масъала аҳамияти махсус пайдо менамояд. Паҳн намудани вирус ва генҳои бемориовар, бо бактерияҳо олуда шудани маҳсулоти озуқаворӣ, олудашавии хок, об ва ҳаво ворид гардидани бактерияҳои бегонаи организмҳои зинда бо эко-системаҳо омилҳои манфӣ ва номатлубе мебошанд, ки андешидани чораҳои махсусро тақозо менамояд.

Биотерроризм паҳн намудани мақсадҳои ғаразнок тавассути агентҳои биологӣ мебошад. Ин агентҳо бактерияҳо, вирусҳо, токсинҳо мебошанд, ки ҳам дар шакли табиӣ ва ҳам ғайритабиӣ ба вуқуъ меояд. Инчунин биотерроризм паҳн кардани бемориҳои сирояткунанда тавассути ҳайвонот, растаниҳо, бод ва ё заҳролудкунии маводи ғизоӣ мебошад. Роҳи аз ҳама самараноки истифодаи силоҳи биологӣ пошидани заҳрхимикатҳо дар замин ва ё дар фазо мебошад. Дар асоси таърифи байналмиллалӣ биотерроризм нашр кардани амалҳои биологӣ ё заҳролуд сохтан ба мақсади қатл ё осеб расонидан ба инсон, ҳайвонот ва гиёҳҳо буда, таҳдиду ваҳшонияти як гурӯҳ ё як давлату халқиятро барои мақсадҳои ғаразноки сиёсиву иҷтимоии худ ба гурӯҳ ё давлату халқиятҳои дигар равона  месозад, ки ин боиси коста гардидани истиқлолияти сиёсӣ мегардад.

Чуноне ки зикр гардид, агентҳои биологӣ метавонанд ба воситаи ҳаво, об ё ғизо паҳн шаванд. Террористон бештар ба агентҳои биологӣ майл мекунанд, зеро ки ошкор кардани ин амалҳо хеле душвор мебошад. Баъзе агентҳои биологии террористӣ ба монанди вируси эбола, зуком, табларза, нағзак (оспа) ва дигар намуди вирусҳо мумкин аст аз шахсе ба шахси дигар гузашта, зуд паҳн гардад. Силоҳи биологӣ силоҳи ҷолибест, ки террористон тавассути он агентҳои биологиро нисбатан осон ва арзон ба даст меоранд ва метавонад ба осонӣ паҳн намоянд, ки ин боиси зарари воқеӣ ба тамоми организмҳои зинда ва ноустувории истиқлолияти сиёсии кишвар мегардад. Биотерроризмро дар маънии васеаш ба якчанд қисҳои асосӣ ҷудо кардан зарур аст: терроризми иқтисодӣ, терроризми экологӣ, терроризми аграрӣ, терроризми ғизоӣ, терроризми генетикӣ.

Имрӯзҳо дар роҳи асосии маблағгузорӣ фаъолияти ҷинояту ҷинояткорӣ ва махсусан ҷинояткории муташаккилонаю ғайримуташаккилона, ки бо назардошти самтҳои асосии тиҷорат равона шудааст, як қатор созмону ташкилоти қисман ё пурра хосияти террористидошта фаъолият менамоянд. Манбаи асосии маблағгузории терроризм назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ришвахӯрӣ, танфурӯшӣ, қочоқи аслиҳа, қимор ва ғайраҳо мебошад. Барои мисол сарчашмаи асосии маблағгузорӣ барои ҳаракатҳои «Сендеро луминасо», «Толибон», «Лубнон», «Ҳизбулло», «Озодиҳои Тигерс аз Томили ислом» маводи мухаддир ва сангҳои қимматбаҳо ва ғайраҳо мебошад.

Терроризми ғизоӣ. Таълимоти махфӣ (тайная доктрина) дар аввали солҳои 70-ум дар Амрико яке аз олимони барҷастаи ин кишвар Макномари Киссинджер доктринаи ба номи «миллиарди тиллоӣ» пешниҳод намуд, ки моҳияти ин доктрина кам будани маводи хӯрокворӣ дар тамоми курраи замин ва аҳолии сайёраро бо маводи ғизоӣ таъмин карданро мефаҳмонад. Генетикаи миллӣ (националная генетика) нажодҳои инсонӣ на танҳо аз шакли зоҳирӣ фарқ мекунанд, ҳар як халқият генетикаи миллии хоси худро дорад, аз ин рӯ, ба бемориҳои махсуси миллӣ гирифтор мешаванд.

Мутаассифона бо суръат инкишоф ёфтани технология ва биотехнология дар замони муосир дар баробари бардоштҳои мусбӣ, инчунин ҷиҳатҳои манфии он ба назар мерасад. Тавассути генҳо ва технологияи муосир ба вуҷуд овардани маҳсулоти ғизоӣ ба таври сунъӣ боиси пайдо шудани ҳар гуна нуқсон ва бемориҳо дар организми инсон мегардад. Дар ҷаҳон ҳанӯз ҳолатҳои терроризми генетикӣ маълум нест, аммо иттиҳодияҳо дар ишора ба коршиносони СММ мегӯянд, ки ба ғизо метавонад силоҳи генетикиро дар содир кардани амалҳои терроризми иқтисодӣ ҷӯянд.

Умуман таъсири хатарҳои замони муосир ба истиқлолияти сиёсии кишвар солҳои охир бештар ба назар мерасад. Бахусус шаклҳои навини терроризми байналмилалӣ хурӯҷ карда истодааст, ки бояд бештар мавриди омӯзиши муҳаққиқон ва коршиносони ватанию хориҷӣ гардад. Ин навъҳои терроризм бо суръати баланд дар ҳоли паҳншавӣ қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ҳаргиз аз ин таҳдидҳои замони муосир дар канор буда наметавонад, зеро ки хатарноктарин минтақа дар олам минтақаи Осиёи Миёна ва ба хусус кишвари азизи мо мебошад.

Мо ҷавонон ҳамчун пайрави Пешвои миллат ба ин ҳама хатару таҳдидҳои дар боло зикр гардида бояд бетараф набошем, чунки Пешвои миллат мо – ҷавононро ояндаи миллат ва такягоҳи давлат номидааст. Танҳо мо дар якҷоягӣ метавонем истиқлолияти сиёсии кишварамонро аз ин хатарҳои мудҳиш ҳифз намоем.

РАСУЛОВ Ҷ.Г. омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment