Вақтҳои охир таъсис ёфтани созмону гурӯҳҳои ғақриқонунӣ аз ҷониби саркардагони собиқ ТЭТ ҲНИТ дар хориҷи кишвар ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби кишварҳои Ғарб мардуми шариф ва сулҳпарвари Тоҷикистони азизамонро ба андеша водор намудааст. Хусусан вокунишҳои беасосе, ки аз номи роҳбари ҳизби мамнуъгаштаи ТЭТ ҲИТ Кабирӣ М. ва аъзоёни дигари он дар шабакаҳои интернетӣ паҳн гардида, ки хусусияти иғвоангезӣ дошта, порчае аз сенарияҳои иғвоангезии навбатии онҳо ба ҳисоб мераванд.
Вақтҳои охир таъсис ёфтани созмону гурӯҳҳои ғақриқонунӣ аз ҷониби саркардагони собиқ ТЭТ ҲНИТ дар хориҷи кишвар ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби кишварҳои Ғарб мардуми шариф ва сулҳпарвари Тоҷикистони азизамонро ба андеша водор намудааст. Хусусан вокунишҳои беасосе, ки аз номи роҳбари ҳизби мамнуъгаштаи ТЭТ ҲИТ Кабирӣ М. ва аъзоёни дигари он дар шабакаҳои интернетӣ паҳн гардида, ки хусусияти иғвоангезӣ дошта, порчае аз сенарияҳои иғвоангезии навбатии онҳо ба ҳисоб мераванд. Чунин таъсиррасониҳои сиёсии ин равияҳо мухолифин хусусияти идеологию иртиҷоӣ дошта, хоҳиши коҳиш додани боварии мардуми тоҷик аз фаъолияти Сарвари давлату Ҳукумати кишвар ва парешону иғвогарӣ миёни мардуми кишвар мебошад. Аммо чунин таъсиррасониҳои ин созмонҳои характери ҷудоихоҳию экстремистӣ ва иғвогароии ватанфурӯшони бурунмарзии тоҷикро метавонем бенатиҷа тасвир намоем. Чунки довари бевоситаи он халқ буда, шоҳиди натиҷаи фаъолияти боамони Ҳукумати кишвар ва мувафаққиятҳои беназири он мебошанд. Кишвари Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият дунявию ҳуқуқӣ буда, муқобила ҳама гуна беадолатию тангназариҳо ва чунин иғвогариҳои нафарони ватанфурӯши бурунмарзии хеш буд.
Қазоват бояд намуд, набояд фаромӯш сохт. Чунин саҳнаҳои сиёсии ин гурӯҳҳою равияҳо ва ашхосе, ки аз номи дини ислом ва шариати поки он истифода менамояд, барои мардуми тоҷик бегона нест. Зеро парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ аз як тараф ба кишвари мо истиқлолияти сиёсӣ, давлати миллии ҳуқуқбунёду демократӣ дода, ба манфиату ҳуқуқу шарафи шаҳрвандон заминаи дунявӣ гузошта бошанд ҳам, аммо аз дигар ҷониб сабабгори як қатор бесарусомониҳои сиёсӣ дар кишвар гардида, ба ҳаёти миллионҳо нафари бегуноҳ ва оилаҳояшон хатар ва сабабгори марги ҳазорҳо бегуноҳон дар кишвар гардида буданд. Сабабгори ҳамаи ин парешониҳо дар кишвар поягузорони ин гурӯҳи мухолифин ба ҳисоб мерафт. Яъне чунин ҳамоишу бозиҳои сиёсии ин созмонҳои мухолифини ҳукуматӣ дар андешаи озод намудани бозингарони сиёсии хеш аз зиндон буда, аз пайи нақшаи нави хунин ва ё ташкили ташвиқу тарғиби ҳодисаҳои даҳшатангез дар кишвари азизамон мебошанд. Имрӯз низ онҳо аз ҳадафи муғризонаи хеш даст накашида, бо тамоми ҳастиашон ба майдони хунин кашидани халқи тоҷикро интизорӣ мекашанд. Хусусан, ташкил намудани ин ҳамоишҳо дар кишварҳои Аврупо гӯё аҳамияти ҳуқуқӣ дошта, ба хотири расидан ҳуқуқҳои хеш анҷом медода бошанд.
Имрӯзҳо ин созмонҳои ғайриқонунӣ дар шабакаҳои интернетӣ дар хусуси он ки аъзоёни ҲНИТ ва ё кадом нафаре, ки кишвари азизи моро ба гирдоби хилофат кашида буду тибқи ҷиноятҳои хеш зиндонӣ гардида буд, мехоҳанд ба монанди қаҳрамон азизаш дорем. Ҷойи тааҷҷуб нест. На танҳо роҳбари давлатамон шоҳиди воқеии он замон буданд, балки тамоми насли наврасу ҷавон аз таърихи талху хиёнат ва ватанфурӯшии Кабирӣ М., Абдусаттор Б. ва ҳамсафони дигари он бохабаранд.
Хусусан, ҳодисаҳои даҳшатангези хунине, ки як соли охир дар кишварамон ба амал омада пеши назар меояд. Масалан, ба амал омадани ҳодисаҳои ваҳмангези сиёсӣ аз ҷониби ин равияҳои мухолифини ҲНИ ва аъзоёни “Давлати исломӣ” яъне ҳуҷум ба велосипедистони хориҷӣ, ошӯб дар маҳбаси ш. Хуҷанд ва маротибаи дуюм ошӯб дар маҳбаси ш. Ваҳдат кулли мардуми шарифи тоҷикро ба ташвиш овардааст. Пайдарҳамии чунин таъсиррасониҳои равонии ин гурӯҳҳо дар хориҷ ба хотири таъсиррасонию ҷойгир намудани ҳадафи дурӯғини хеш ба шуури мардуми кишвар бахусус, насли ҷавон мебошад. Яъне анҷом додани чунин амалиёти террористӣ дар соли ҷорӣ аз ҷониби саркардагони ин созмонҳои мухолифини ҲНИ ба хотири заиф нишон додани ҷомеаи дунявию ҳуқуқии Тоҷикистон мебошад. Ҳол он ки ташкилдиҳандагони ҳодисаи даҳшатангези ҳам зиндони ш. Хуҷанд ва ҳам ш. Ваҳдатро шогирдони тайёркардаи худи онҳо анҷом дода буданд. Аллакай ин бозиҳоро онҳо на як бору ду бор, балки аз солҳои аввали истиқлолият то ба имрӯз анҷом дода истодаанд. Ҳамаи мардуми кишвар сафед ва ё сиёҳ будани сиёсатмадории ҲНИ-ро медонанд. Ҳамин қадар медонанд, ки кишвари ободи тоҷиконро ба ҷанги бародаркуш табдил дода, имрӯз низ нияти пурра аз байн бурдани онро доранд!
Бинобар ин, анҷом додани ин амалҳои террористию экстремистиро ба хотири расидан ба он рӯз анҷом дода истода, аъзоёни ҳукумати кишварро гунаҳкор менамоянд. Бахусус, амали даҳшатангезе, ки шаби 19-20 майи соли ҷорӣ дар маҳбаси №3/2 ш. Ваҳдат рух дода, як навъ амали иғвоангези маҳкумшудагони узви “Давлати исломӣ” ва аъзоёни собиқи ҲНИ буданд, ки монанди шир сафедаш тасвир намуда истодаанд. Ҳол он ки онҳо хатокоранд, дар роҳи хатоянд, ки ин роҳ ба хиёнатҳо пайваст гардидааст. Ин ноҷавонмардии онҳоро ҳамаи тоҷикони дунё медонанд ва ҳоҷат ба сафед кардану бегуноҳ нишон додани худ ва қурбониёни сиёсии хеш надоранд.
Бинобар ин таъсисдиҳандагони ҳодисаҳои сиёсии чанд соли охир дар Тоҷикистон намояндагони ашаддии ин равияҳои ТЭТ ҲНИ ва зергурӯҳҳои онҳо мебошанд. Яъне дар фоҷиаи даҳшатанзеги зиндони ш. Ваҳдат қурбон гардидани аъзоёни ашаддии онҳо Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Каримов Саттор шояд нақшаи навбатии онҳо низ бошад. Ҳеҷ ҷойи тааҷҷубу шубҳа ба ҳукумати кишварамон ва ба созмонҳои ҳуқуқи башар арз кардани ин гурӯҳи мухолифин зарур нест. Чунки онҳо нафароне буданд, ки дар рехтани хуни мардуми бегуноҳи зиёд гунаҳкор буданд. Мақоли халқие вуҷуд дорад, ки “мазан ба дари касе, ки мезанад ба дарат каси дигар” рост баромаду ин нафарон бо дасти худи шогирдони онҳо кушта шуданд. Онҳо, ки дар гузашта чун қотилу террорист сабабгори қатли ҳазорҳои одамони бегуноҳ гардида буданд, инмрӯз онҳо низ аз ҷониби террористи дигари хеш кушта шуданд.
Ба ин васила пешниҳоди мо ҳамчун як фарди ватандӯст ба тамоми шаҳрвандони бетарафи тоҷик, ҷавонон ва фарзандони ин миллати содиқ ҳамин аст, ки баҳри ҳифзи тамоми муқаддасоти кишвар истиқлолият, ваҳдат, ягонагӣ ва субот аз ин ҷонибдорони равияи ТЭТ ҲНИ ва дигар равияҳои экстремистӣ, ки зери чеҳраи ислом ба мардуми шарифи Тоҷикистон дарафтодаанд, ҳимоя намуда, ободии ин кишари азизамонро доимо нигаҳбон бошанд. Зеро Тоҷикистони азизи мо беҳтарин давлати дунявӣ буда, ба шарафу виҷдон ва эътиқоду боварии ҳар шаҳрванд нисбат ба дин арҷгузорӣ намуда, зери ҳимояи қонуни асосӣ қарор додааст. Шукронаи аз ин ваҳдату кишвари сулҳпарвар бояд намуд, ки асрҳои оянда ин хоку ин сарзамин ободу поянда бошад.
Мусоев Ш.М.
Саидумаров С.С.