Муҳтарам хатмкунандагони соли 2017, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бо ихтисосҳои технологияи компютерӣ хатм намудаед!
Вазорати маориф ва илм Шуморо барои иштирок дар пурсиши хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба масъалаҳои ба кор таъминшавӣ даъват менамояд.
Мақсади ин тадқиқот ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи таҷрибаи хатмкунадагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба ворид шудан ба бозори меҳнат, раванди ба кор таъминкунӣ ва қаноатмандии онҳо аз таҳсилот мебошад.

Маълумоте, ки Шумо дар доираи ин тадқиқот пешниҳод мекунед, ба Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин донишгоҳҳо барои ворид намудани тағйирот ба низоми таҳсилоти олӣ ва таҷдиди барномаҳои таълимӣ кӯмак хоҳад кард.

Бо назардошти гуфтаҳои боло аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки то санаи 20 сентябри соли ҷорӣ ба саҳифаи интернетии http://gts-center.tj/question/ ворид шуда, пурсишномаро пур кунед. Барои гирифтани рамз Шумо метавонед, ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоед:

Телефон:

Почтаи электронӣ: gts.2019@mail.ru

Қаблан ба Шумо барои ҷудо намудани вақт ва саҳми арзанда барои беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон арзи сипос менамоем.

Leave a Comment