Рӯзи 13.09.2019 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе вобаста ба ҷалби онҳо ба чорабиниҳои маърифатӣ ва ба ин васила тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб ва бемориҳои сироятӣ дар толори маҷлисгоҳи асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мулоқот баргузор карда шуд.

Меҳмонон – муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Аҳмадзода Дилнозаи Даврон, намояндаи Раёсати иттиҳодияҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ризоева Нигинамо, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозири хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД – Каримов Меҳрубон, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар охир ба саволҳои бешумори худ ҷавондухтарон ҷавобҳои қаноаткунанда гирифтанд.
Шуъбаи кор бо ҷавонон
Маркази иттилоот ва нашр