Бо камоли эҳтиром Шуморо барои иштирок дар Конференсияи байналмиллалии илмю амалӣ дар мавзӯи «Дурнамои рушди илм ва маориф» ки дар санаи 27-28-уми ноябри соли 2019 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор мегардад, даъват менамоем.

Конференсияи мазкур бо мақсади мубодилаи иттилоотии илмӣ-амалӣ, ки роҳҳои пешрафти техника ва технологияи навин, рушди ҳамкориҳо дар татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ ва инноватсионӣ, роҳандозии робитаҳои корӣ ва муносибатҳои тиҷоратиро дар ин самт муайян месозад, баргузор мегардад.

Самтҳои кории конфЕРЕНСИЯ:

  1. ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТИ МУҲАНДИСӢ;
  2. ЭНЕРГЕТИКА;
  3. ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛЛОТӢ;
  4. СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ;
  5. НАҚЛИЁТ ВА СОХТМОНИ НАҚЛИЁТӢ;
  6. ТЕХНОЛОГИЯИ ХИМИЯВӢ ВА МЕТАЛЛУРГИЯ;
  7. МОШИНСОЗӢ, МАСОЛЕҲШИНОСӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МАВОД;
  8. ИЛМҲОИ БУНЁДӢ (МАТЕМАТИКА, ФИЗИКА, ХИМИЯ);
  9. ИҚТИСОДИЁТ;
  10. ФАНҲОИ ИҶТИМОӢ-ГУМАНИТАРӢ;
  11. ЭКОЛОГИЯ.

Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Давомнокии маърӯза:

-баромади пленарӣ – 15-20 дақиқа;

-баромади сексионӣ – 10 дақиқа;

-гузориши стендӣ – 5 дақиқа.

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯ

Ҳаҷми маводҳои пешниҳодшуда то 5 (панҷ) саҳифаи пурра (на кам аз 2 саҳифа) бошад. Барои қабули маърӯзаҳо ва сари вақт бақайдгирӣ иштирокчиёнро зарур аст, ки то санаи 1 ноябри соли 2019 мақолаи матраҳшудаи худро ба шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ бо шакли чопӣ бо имзои муаллифон ва электронӣ ба почтаи электронии conferencettu@mail.ru пешниҳод намоянд. Пас аз санҷиши мақолаҳо аз тарафи мутахассисони соҳавӣ ва гирифтани тақризи мусбӣ мақолаи пешниҳодшуда ба маҷмуаи маводи конференсия ҷой дода мешавад.

ТАЛАБОТ ОИД БА ТАРТИБИ ОРОИШИ МАВОД

  1. Маводҳо то 5 саҳифаи пура (дар варақи сафеди формати А4 бо ҳошияҳои 25 мм аз ҳама тарафҳо) пешниҳод карда мешавад. Саҳифаҳо рақамгузорӣ карда намешаванд. Маводи маърӯзаро бо истифода аз редактори Word, бо шрифти Times New Roman, Times New Roman Tj (кегел 14), бо як фосилаи байни сатрҳо (одинарный интервал) тартиб дода мешавад. Нусхаи якуми матни чопии мавод аз тарафи ҳамаи муаллифон имзо карда мешавад. Мавод бояд ҷавобгӯи нақшаи сохтории зерин бошад: номгӯй, ному насаби муаллифон, номи ташкилот, шаҳр, давлат, матни асосӣ, хулосаҳо, номгӯйи адабиёт, шарҳи мухтасар (аннотация), маълумот дар бораи муаллифон. Номгӯй бо ҳарфҳои калони равшан, бе фосила аз ҳошияи боло, бе кӯчонидан ба сатри дигар, дар марказ навишта шавад. Баъд аз як сатри холӣ, бо ҳарфҳои калон ному насаби муаллифон бо шрифти равшан, дар қавсҳои гирд бо курсив номи ихтисори ташкилот, шаҳр, давлат бо вергул ҷудо намуда, марказонида шавад. Баъдан матни асосиро оваред. Шарҳи мухтасар (аннотация) бо забони маърӯзаи пешниҳодшуда ва бо забонҳои рӯсӣ ва англисӣ оварда шавад (нигаред ба намуна).
  2. Расмҳо, тасвирҳо, диаграммаҳо ва нақшаҳоро дар формати *bmp, *gif, *jpg, *dwg, бо андозаи на кам аз 6060 мм ва бо ҷо ба ҷогузории объектҳо аз рӯйи равиши мавод омода намоед.

Ҷадвалҳо бояд номгузорӣ карда шаванд. Зери ҳар расм ва болои ҷадвали объектҳои сохташуда ном ва рақамгузорӣ карда шавад. Ҳар як расм ва ҷадвали овардашуда аз боло ва поёни матн як интервал фосила гузошта шавад.

  1. Формулаҳоро бо курсив навишта, аз матни асосӣ бо як интервал ҷудо ва рақамгузорӣ намоед ва дар марказ қарор диҳед. Рақамҳо дар қавсҳои гирд навишта шуда, дар тарафи рости ҳошия қарор дода шавад. Таҳриргари формулаҳо Microsoft Equation мебошад. Услуби формулаҳо барои Microsoft Equation: Full — 12 pt, Subscript/Superscript — 10 pt, Sub-Subscript/Superscript — 8 pt, Symbol — 12 pt, Sub-Symbol — 10 pt.
  2. Мувофиқи талаботи кумитаи тадорукот барои як муаллиф як мақола ва ҳамчун ҳаммуаллиф то ду мақолаи дигар пешниҳод намудан, иҷозат дода мешавад. Маводе, ки мувофиқи талабот омода нашудааст ва ба мавзӯи конфронс мувофиқ нест, инчунин ба кумитаи тадорукот дер ирсол шудааст, барои чоп тавсия дода намешавад!

Суроғаи мо

  1. ш. Душанбе, хиёбони акад. Раҷабовҳо, 10,

2 ошёна, шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ (шӯъбаи аспирантура).

(Тел/факс: (992 37) 227 15 36;

* E-mail: conferencettu@mail.ru

Мактуби иттилоотӣ

Leave a Comment