Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ муаллимони калони кафедраи «Масолеҳи сохтмон ва маснуот» Наҷибуллоҳи Рӯзӣ ва Ҷӯрақулов Муродалӣ Раҳатович ва ассистенти кафедраи “Коркарди аввалини пахта” Муҳаммадҷон Аҳрориро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмӣ самимона муборакбод мегӯяд.
РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ МУБОРАКБОД МЕГӮЯД
Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ муаллимони калони кафедраи «Масолеҳи сохтмон ва маснуот» Наҷибуллоҳи Рӯзӣ ва Ҷӯрақулов Муродалӣ Раҳатович ва ассистенти кафедраи “Коркарди аввалини пахта” Муҳаммадҷон Аҳрориро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмӣ самимона муборакбод мегӯяд.
Хотиррасон мешавем, ки имрӯз Наҷибуллоҳи Рӯзӣ рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ба зангзанӣ тобоварии маснуоти бетонии роҳ ва иншооти гидротехникӣ бо арматураҳои композитии базалтию пластикӣ ва Ҷӯрақулов Муродалӣ Раҳатович рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Маводи сохтмонии захирасарфавӣ ва энергосамаранок аз композитсияҳои растанигӣ-часпакӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D КОА-016-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Муҳаммадҷон Аҳрорӣ рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Такмилдиҳии раванди тобдиҳии дукарата бо мақсади баланд бардоштани сифати ресмон» дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D КОА-039-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуданд.
Раёсати донишгоҳ умедвор аст, ки дар оянда низ олимони ҷавон ба тадқиқоти худ идома дода, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ хоҳанд расид.
Раёсати донишгоҳ.