Дар шаҳри Тюмени Федератсияи Россия Форуми нафту гази Тюмен – 2019 баргузор гардид. Дар кори он аз ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ муовини ректор оид ба тарбия Ашӯров А.Н. ширкат варзида, инчунин бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи индустриалии шаҳри Тюмен таҳсил менамоянд, вохӯрӣ гузаронданд.
Дар шаҳри Тюмени Федератсияи Россия Форуми нафту гази Тюмен – 2019 баргузор гардид. Дар кори он аз ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ муовини ректор оид ба тарбия Ашӯров А.Н. ширкат варзида, инчунин бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи индустриалии шаҳри Тюмен таҳсил менамоянд, вохӯрӣ гузаронданд. Вохӯрӣ рӯзи 17.09.2019 соати 1600 баргузор гардид. Ашӯров А.Н. дар бораи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ маълумот дода, сипас бо донишҷӯён оид ба омӯзиши забон, касби талаботи замон ва ба ҷумҳурӣ зарурӣ, озмоишгоҳҳои донишгоҳ суҳбат намуд. Ифтихормандии худ ва Донишгоҳи техникиро доир ба оне ки донишҷӯёни тоҷик берун аз ватан таҳсил менамоянд, низ иброз дошт.
Донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавоби қаноатбахш гирифта, аз ташрифи намояндаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва ғамхориҳои раёсати донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ашӯров Муродҷон, ш. Тюмен
Маркази иттилоот ва нашри ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ