Пеш аз оне ки вобаста ба фаъолияти собиқ ҲНИТ, ки имрӯзҳо вирди забони ҳар як фарди солимфикр чарх мезанад, мехоҳам фикрамро дар бораи азҳоби сиёсӣ баён дошта бошам.
Дар моддаи 2-и боби 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» омадааст: Дар зери мафҳуми ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки вазифаи ӯ дар ворид шудан ба ҳаёти сиёсии ҷамъият тариқи таъсис додани гурӯҳи шаҳрвандони сиёсӣ, инчунин ба вуҷуд овардани ҳокимият бо воситаи намояндагони худ, фаҳмида мешавад.

Пеш аз оне ки вобаста ба фаъолияти собиқ ҲНИТ, ки имрӯзҳо вирди забони ҳар як фарди солимфикр чарх мезанад, мехоҳам фикрамро дар бораи азҳоби сиёсӣ баён дошта бошам.

Дар моддаи 2-и боби 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» омадааст: Дар зери мафҳуми ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки вазифаи ӯ дар ворид шудан ба ҳаёти сиёсии ҷамъият тариқи таъсис додани гурӯҳи шаҳрвандони сиёсӣ, инчунин ба вуҷуд овардани ҳокимият бо воситаи намояндагони худ, фаҳмида мешавад.

Ва ё ба тарзи дигар ҳизби сиёсӣ иттифоқи ихтиёриест, ки бо аломатҳои идеологӣ асос ёфта, мақсади ба даст овардани ҳокимиятро дорад.

Ҳокимият ин воситаи амалигардонии барномаҳои сиёсӣ мебошад, ки ба манфиати ин ё он гурӯҳи ҷамъиятӣ хизмат менамояд.

Ҳизб аз калимаи лотинӣ ё франсавӣ — patu гирифта шуда, маънояш қисм ё гурӯҳ мебошад.

Мақсаду вазифаҳои ҳар як ҳизби сиёсӣ дар оиннома ва барномаҳои худ барои маълумоти умумӣ гуфта шудааст.

Аммо ҳамаи мо тавассути васоити ахбори омма медонем, ки собиқ ҲНИТ бо роҳбарии М. Кабирӣ ҳангоми ба таври расмӣ фаъолият доштанаш чӣ мехост ва кадом амалҳоро ба сари мардуми тоҷик оварданӣ буд! Аз тарафи кадом давлат мавриди маблағгузорӣ қарор гирифта, супориши кадом давлатро иҷро мекард.

Дар ин росто қайд кардан бамаврид аст, ки дар давраи солҳои 1991 то 1997 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томи минтақавии он 8 ҳизби сиёсӣ (ҲКТ, ҲНИТ, ҲДТ, Ҳизби сиёсӣ ва барқароркунии иқтисодӣ, Ҳизби халқӣ, Ҳизби ягонаи халқӣ, Ҳизби ба шаҳрвандон содиқ, (гражданско-патриотическая партия) ҲСТ ва Ҳизби адолатхоҳ), 7 ҳаракатҳои сиёсӣ-ҷамъиятӣ ба монанди Лаъли Бадахшон, Растохез, Ориёнои бузург, Шӯрои таҷаддуди халқӣ (Совет национального возрождения), Таҷаддуди халқӣ ва ягона, инчунин 430 ҷамъиятҳои гуногун ба қайд гирифта шуда буданд. Дар асоси пешниҳодоти Прокуратураи Генералии ҶТ соли 1993 бинобар сабаби риоя накардани оинномаҳои ҳизбӣ, ба қонунвайронкуниҳо роҳ додани бархе аз роҳбарон ва аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳо бо Қарори Суди Олии ҶТ фаъолияти ҲНИТ, ҳаракати «Лаъли Бадахшон, ва «Растохез» манъ карда шуда, бо хулосаи баъзе органҳои марбута соли 1995 фаъолияти онҳо боз аз нав барқарор карда шуд.

Умуман ҲНИТ дар Осиёи Марказӣ ягона ҳизби хислати динидошта ба шумор рафта, мақсади асосии он исломигардонии ҷомеа ва давлат мебошад. Вале онҳо ношукрӣ аз соҳибистиқлолӣ ва тинҷию оромӣ дар Тоҷикистон карда, мехостанд, ки солҳои 1992-ро бори дигар дар Ватани худ такрор намоянд.

Агар нисбат ба М. Кабирӣ гуфтанӣ шавем, мо медонем, ки ӯ ҳамчун соҳибкор ба ишқи пулу мол рафта, чунин шахс метавонад дар як лаҳза Модар-Ватани худро фурӯшад. Чунин шахсиятҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Аз ин ҷост, ки М. Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, М. Ҳайит, Саидумар Ҳусайнӣ ва дигарон, ки айни ҳол намаки маҳбусиро мечашанд, мазҳаби худро бар ивази маблағҳои муайян фурӯхта, маҳз бо дастгирии молиявии ҶИЭ мехостанд, ки дар Тоҷикистон табадуллотро роҳандозӣ намуда, сохти конститутсиониро фалаҷ гардонанд. Аммо ҳушёриву зиракии мардуми ба ору номуси миллат ва дигар сохторҳои қудративу низомӣ боиси пешгирии ин кирдори нангин гашт.

Имрӯзҳо мо дар сомонаҳои интернетӣ мехонему тамошо мекунем, ки М. Кабирӣ аз мавқеи хориҷа истода, ҳамчун «ватанфурӯш» бар зидди давлатдории Тоҷикистон, ки сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллатамонро дигар кишварҳо омӯхта, дар кору зиндагиашон мавриди истифода қарор дода истодаанд, зери суоли танқид кашида истодааст. Аммо халки баору номуси миллати тоҷик ин гуфтаҳои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.

Аз маълумоте, ки дар сомонаҳои интернетӣ вуҷуд дорад, бармеояд, ки М. Кабирӣ аслан оид ба муҳоҷирони тоҷик сухан ронда, мехоҳад, ки мавқеи худ ва собиқ хизбашро дар байни онҳо пурзӯр намояд. Ба фикри банда агар шахсе, ки дорои маълумот ё касб бошад, дар ҳеҷ куҷо хор намешавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «ба як мард чил ҳунар кам аст».

Аз ин лиҳоз ба ҳамаи хонандагон пешниҳод мекардам, ки бояд мо аҳли солимфикри ҷомеа тамоми қувваву имкониятҳоро баҳри илмомӯзии насли наврас ва ҷавонон равона карда, шомилшавии онҳоро ба чунин ҳизбу равияҳои номатлуб ба мисли ҲНИ пешгирm намоем.

Шарифзода Раҳматулло Файзулло

асисстенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Leave a Comment