Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо дар асоси сохтори сиёсии демократӣ низоми мафкуравии арзишҳо дигаргун гардида, ба миллионҳо одамони муқаррарӣ арзишҳои навро ҳувайдо намуд. Он гуногуниҳо, ки самти озодии ҳуқуқҳоро барои шаҳрвандон асос менамуд, боиси он гардид, ки ба мафкураи мардумӣ ҷомеаи пасосотсиалистие, ки чандон аз фазои озодии сиёсӣ бохабар набуданд, бо тарзи дигар қабул гардид. Ин ҳолатро гурӯҳҳои манфиатхоҳ дар ҳоли ғаразхоҳона истифода намуда, ақоиди бегонаро ба тарзи ифротӣ вориди шуури омма намуданд.

Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо дар асоси сохтори сиёсии демократӣ низоми мафкуравии арзишҳо дигаргун гардида, ба миллионҳо одамони муқаррарӣ арзишҳои навро ҳувайдо намуд. Он гуногуниҳо, ки самти озодии ҳуқуқҳоро барои шаҳрвандон асос менамуд, боиси он гардид, ки ба мафкураи мардумӣ ҷомеаи пасосотсиалистие, ки чандон аз фазои озодии сиёсӣ бохабар набуданд, бо тарзи дигар қабул гардид. Ин ҳолатро гурӯҳҳои манфиатхоҳ дар ҳоли ғаразхоҳона истифода намуда, ақоиди бегонаро ба тарзи ифротӣ вориди шуури омма намуданд. Яке аз ин гурӯҳҳо, ки барои дар парокандагӣ ва ҳолати ногувор мондани аҳолӣ даст дошт, Ташкилоти экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аст, ки дар як муддати кӯтоҳ бо роҳи пур кардани фазо ва афкори авомфиребона дар байни аҳолии навбунёд то андозае нуфуз пайдо намуданд. Саркардагони ҲНИТ ҳамчунин тиҷоратҳои гуногун ташкил намуда, барои ғасб намудани андешаи мардум фазои иттилоотии кишварро сармоягузорӣ мекарданд. Идеяи асосии онҳо таблиғи шахсиятҳои мазҳабӣ, пӯшидани ҳиҷоб ва амсоли онро омилҳои асоситарини ҷомеаи ормонии исломӣ меҳисобиданд, ки ин ҳам бошад, мухолиф ба сохтори нави давлатӣ ва арзишҳои идоракунӣ ба ҳисоб мерафт. Яке аз самти фаолияти пешгирифтаи ҲНИТ дар он буд, ки онҳо худро пуштибони асосии ислом меҳисобиданд, гумон доштанд, дар мафкураи авом гӯё адолат дар байни мусулмонон танҳо андешаи онҳост. Ин шакли найрангкоронаи онҳо то ба ҷое расид, ки онҳо худро яке аз нухбагони адолатпарвари мусулмонони башарият муаррифӣ мекарданд.

Пас, дар ин ҷо ҷанбаи дигари масъаларо матраҳ карданием, ки он вобаста ба фаъолияти ҲНИТ мебошад. Саволе ба миён меояд, ки ин гурӯҳ дар тӯли фаъолияти расмӣ дар ҷомеаи динии кишвар чӣ кореро анҷом дод, ҳол он ки ташаккули ҳизб аз номи дин ғайри қобили қабул мебошад. Бояд зикр кард, ки ин ҳизб дар фаъолияти хеш ҳеҷ гуна идеологияи дурнамо, мавқеи муайяне дар масъалаҳои миллӣ, илмию фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайра надошт. Дар фаъолияти шахсии аксари аъзои ҳизб риояи ахлоқи шоиста кам ба назар мерасид. Ва ҳамчунин пур кардани сафи аъзои ҳизбро аз шахсони холӣ аз донишу ахлоқ, ибодату маънавияти исломӣ ва ашхоси сиёсатзадаи тиҳимағз мақсад гузоштанд. Дар фаъолияти иҷтимоию иқтисодии ҳизб кори шоисту боист ва ба нафъи ҷомеа дида намешуд, то ҷое ки барномаи амалие ҳам вуҷуд надошт. Қайд кардан лозим аст, ки сад ҳайфи номи дини мубини ислом, ки ҳизби номбурда ба он нисбат дода шудаасту тавассути он мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ мегардониданд. Агар саволе гузорем, ки магар ҳизб исломӣ мешавад? Куҷост он манбаи илоҳӣ ва қуръонӣ, ки ҳизби наҳзати бо ном исломӣ аз он иқтибос мегираду исломияташро асоснок мекунад? Бархе аз давлатҳои олами ислом ва кулли ҷомеаи мусалмоннишин имрӯзҳо аз дасти ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломӣ сoхта валангор ва мардуми осоишта сарсону саргардон шуда истодаанд. Сабаби марказӣ ва ҳолати мавҷудияти ин фазоро ҳамон гурӯҳҳое созанда мебошанд, ки баҳри ба даст овардани манфиати худ динро ҳамчун мавқеи калидӣ истифода менамоянд (ҲНИТ).

Баёнияи ҷадиди ҲНИТ ба созмонҳои бонуфузи дунё ва ҳомиёни ҳуқуқи башар доир ба сиёсату сиёсатмадорони имрӯзаи кишвар иғвои навбатӣ буда, барои тирагардонии сиёсати кишвари мо ҳеҷ асос шуда наметавонад. Шӯрои иғвогари ҲНИТ бо дархост аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус ниҳодҳои ҳуқуқи башар ва додгоҳҳои байналмилалӣ аз ҳукумати кишвар шикоят карда, тақозо намудааст, ки «Ҷинояткорон новобаста аз мақом ва мансабашон ба додгоҳҳои байналмилалӣ кашида ва нисбати онҳо чораҳои лозима дида шавад». Амнияту осоиштагӣ, осудахотирӣ, истиқлолияти давлатӣ, таъмини фазои солиму ороми ҷомеа, сиёсати оқилонаи хориҷӣ, ҳама гуна бунёдкориҳо ва ғайра ба ҳайси хӯшае аз гӯшаи ҷумлаи шоҳкориҳои сиёсати давлату ҳукумати кунунии кишвар мебошанд, ки танҳо ғаразгӯён, бахусус Шӯрои иғвогари ҲНИТ онро нодида гирифта, дар ҷустуҷӯи манофеи шахсии хеш мебошанд. Шӯрои иғвогари ҲНИТ дар поёни баёнияаш арз намудааст, ки пойбандии худро ба муборизаи машруъ барои расидан ба як ҷомеаи мардумсолор, қонунмеҳвар ва адолатпеша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад дод. Мебояд тазаккур дод, ки мамнуъ гардидани фаъолияти ҲНИТ худ баёнгари мардумсолор, қонунмеҳвар ва адолатпеша будани сиёсати давлату ҳукумати кишвар мебошад. Шӯрои иғвогар ва пайравони ҲНИТ бо кирдорҳои нохалафонаи худ дорои хислатҳои ифротгароӣ ва фанатизми мазҳабӣ мебошанд. Ҳамфикрӣ ва ҳусни тафоҳуми наҳзатиён бо роҳбаронашон дар доираи хислатҳои мутакаббирӣ ва даҳшатофариву таассубкорӣ ҷараён гирифта, бо дилхоҳ тариқа пешбурдани сиёсати музахрафашон қарор мегирад. Хоҷагони хориҷӣ зинҳор мушкилоти мусалмононро муаррифӣ ва ҳаллу фасл карда наметавонанд. Таърих гувоҳ аст, ки хоҷагони номбурда буҳронсозони асили олами исломӣ буданд ва дар оянда низ чунин хоҳанд монд. Аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ қасдан даъват гардидани роҳбарияти ҲНИТ дар конференсияҳои байналмилалӣ худ баёнгари он аст, ки ҳизби номбурда бо пайравонаш лӯхтаки хоҷагонашон буданд ва хоҳанд монд.

Баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пояндагии оромии ҷомеа, устувории истиқлолу сарҷамъӣ ва хонаободии миллат барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон зарур аст, ки дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои миллатро сармашқи зиндагии хеш қарор дода, пайрави асили Пешвои миллат бошанд. Дар заминаи таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар як фарди ҷомеа, хусусан насли ҷавон дар шароити кунунии вазъи ҷаҳонӣ бояд ҳушёриро нигаҳ доранд ва нагузоранд, ба вазъи сиёсӣ, сулҳу суботи мамлакати мо, ки омили пешравии ҷомеа аст, халале ворид гардад. Бинобар ин ҳар як падару модар устодону муаллимон ва ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд ба ҳаводиси ҷаҳон бо дидаи ақлу хирад назар кунад ва барои нигоҳ доштани оромии пойдор дар сарзамини азизамон Тоҷикистон худро масъул шуморанд.

Чун ниқоби нави ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) дар Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Варшава ин ҳамон дасисабозӣ ва ҳадафҳои манфиатҷуёнаи онҳо мебошад, ки зери ақидаҳои нави ғаразнок ҷамъ меоянд. Таъсиси Паймони миллии мухолифини кишвар дар он аст, ки мардумро бо дасисаву ниятҳои нопоку хоинона, сарсону хароб намоянду ғаразҳои хоҷагонашонро амалӣ созанд.

Гурӯҳи номбурда роҳбари наҳзатиҳои ифротии худро дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ башардӯст, амалҳояш сиёсати сафову ормонидошта, паймонкор, ҳалкунандаи мушкилоти башар ва ҷомеаи мусалмон намудор мекунад. Аммо дар асл ӯ бо амалҳои дурӯягиву маккорӣ, ҳилагариву дасисакорӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ном баровардааст.

Бояд ёдовар шуд, ки ин гурӯҳ дар хориҷи кишвар аз ҳисоби хоҷагонашон дар хонаҳои боҳашамату муфарраҳ серу пур зиндагӣ дораду як умр аз боби хизмат ба ислому миллат шиорпартоӣ мекунад. ТТЭ ҲНИ ҳамеша аз қазияҳо доман тар накарда, хушк бурун омаданӣ мешавад. Чунки аҷнабиён ҳаминро тақозо доранд. Барои ҳамин маблағгузориашон мекарданду мекунанд. Вазифаашон ҳамин аст, ки бояд ин миллату ин давлатро соате ором нагузоранд. Дар назари ақидавии онҳо ҷойгоҳи миллат холист. Ҳамеша тахрибкорӣ ва пойбанди андешаи кӯр-кӯрона мешаванд.

Мусаллам аст, ки дар баргузории ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони Аҳдномаи Ҳамкории Аврупо ҳайати комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама ҷиноятҳо ва хиёнаткориҳои ҳизби наҳзати исломро бо далелҳои раднашаванда, бо иштироки худи собиқ мухолифони пушаймоншуда ба самъи иштирокчиёни ҷаласа расонидаанд.

Ҳар як гурӯҳу созмоне, ки гароиш ба ин эътилоф дорад, бояд донад, ки ТЭТ ҲНИ ҳеҷ гоҳ барои татбиқи сохтори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва махсусан дунявӣ дар Тоҷикистон, ки дар «Паймон» ҳамчун ҳадафи аввалин омадааст, майл надорад ва ҳамоно ҳадафи аслӣ ва ниҳоии он дар Тоҷикистон ҷорӣ кардани бадбахтиҳо ба сари мардум аст.

Новобаста ба ҳамаи ин хиёнатҳо дар зери сиёсати сулҳҷуёна ва бунёдкоронаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ашхоси номбурдаро авфи гуноҳашон кунад ва шахсонеро, ки гумроҳ шудаанд ва рафтори хатои худро дарк намуда, сидқан пушаймон мешаванд, бубахшад.

Курбоншоев Илҳом

Суфиев Ҷаҳонгир

Leave a Comment