Аз 16 то 19-уми сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи И. Раззақов (ДДТҚ) 65-умин солгарди Донишкадаи политехникии Фрунзе – Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи И. Раззоқов ҷашн гирифта шуд.
Ба муносибати ин ҷашн ва дар доираи муносибатҳои ҳамкории ДДТҚ ба номи И. Раззоқов ва ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ боздиди намояндагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар ҳайати муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим д.и.т., и.в. профессор Саидзода Раҳимҷон Ҳамро ва н.и.т., ассистенти кафедраи “Электротаъминкунӣ” Чоршанбиев Сироҷиддин Раҷаббоқиевич баргузор гардид.

Намояндагони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ аз номи раёсати донишгоҳ роҳбарияти Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи И. Раззақовро ба муносибати 65-солагии ҷашни Донишкадаи политехникии Фрунзе – Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи И. Раззақов муборакбод намуданд.
16-уми сентябри соли 2019 намояндагони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар Форуми байналмилалии “Тамоюлҳои афзалиятноки ҳамгироии байналмилалии маориф”, ки дар чањорчӯбаи 15-солагии Донишкадаи техникии Қирғизистону Олмон дар назди ДДТҚ ба номи И. Раззоқов баргузор гардид, ширкат намуданд.
17-18-ум сентябр дар ДДТҚ ба номи И. Раззақов Конференсияи V илмӣ-техникии байналмилалии шабакавии “Раванди интегратсионӣ дар фазои илмӣ-техникӣ ва таълим” бахшида ба 65-солагии Донишгоҳи давлатии техникии ба номи И. Раззақов доир шуд. Дар кори конференсия профессорон, докторантон, аспирантон, омӯзгорон, донишҷӯён ва олимони макотиби олӣ аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Барнаул, Волгоград, Нижний Новгород, Иркутск, Орёл, Омск, Қазон, Воронеж, Томск, Майкоп, Калининград, Олмон, Ош, Норин, Ҷалолобод, Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.
Дар рафти конференсия дар сексияи «Мушкилоти актуалии энергетикї» бо ду маърӯза н.и.т., ассистенти кафедраи “Электротаъминкунӣ” Чоршанбиев С.Р. баромад намуд. Аз рӯйи натиҷаи маърӯза ба ӯ сертификати иштирокчӣ дода шуд.
Намояндагони донишгоҳи мо бо базаи моддӣ-техникии ДДТҚ ба номи И. Раззақов шинос шуданд.
19-уми сентябр дар Филармонияи давлатии Қирғизистон ба номи Т. Сатилганов чорабинии тантанавӣ ва барномаи мусиқӣ бахшида ба 65-солагии ДДТҚ ба номи И. Раззақов баргузор шуд, ки намояндагони донишгоҳи мо низ дар он иштирок намуданд.