Имрӯзҳо оид ба пайдоиш ва инкишофи ҲНИТ фикру андешаҳои мухталиф вуҷуд дорад ва бештар коршиносон бар он андешаанд, ки ташаккулдиҳандагони ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваҳои беруна мебошад. Аз ҷумла бештар туркҳо ба ин масъала таъсиррасон мебошанд ва пантуркизмро заминаи асосии ташаккулдиҳандаи ҲНИТ меҳисобанд. Барои боз ҳам хубтар дарк кардани ин масъала моро зарур аст, ба таърих рӯ биёрем.
Имрӯзҳо оид ба пайдоиш ва инкишофи ҲНИТ фикру андешаҳои мухталиф вуҷуд дорад ва бештар коршиносон бар он андешаанд, ки ташаккулдиҳандагони ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваҳои беруна мебошад. Аз ҷумла бештар туркҳо ба ин масъала таъсиррасон мебошанд ва пантуркизмро заминаи асосии ташаккулдиҳандаи ҲНИТ меҳисобанд. Барои боз ҳам хубтар дарк кардани ин масъала моро зарур аст, ба таърих рӯ биёрем.
Дар дини мубини ислом ҳизб вуҷуд надорад. Пайғамбар (с) ва саҳобагон ҳизби сиёсӣ надоштанд ва созмони исломӣ таъсис надодаанд! Собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои зиддиисломӣ таъсис ёфтааст! Мақсади асосии ҲНИ танҳо сари қудрати сиёсии Тоҷикистон омадан аст, на чизи дигар! Дини ислом барои ҲНИ бегона аст ва арзиш надорад! Таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ дар ислом тибқи нақшаҳои душманони,ислом,анҷом дода мешавад.
Дар муддати 1300 соли мавҷудияти дини ислом ягон донишманди ислом ҳизби исломӣ таъсис надодааст ва инчунин оид ба таъсиси ҳизби исломӣ дар ягон сарчашмаи исломӣ, яъне дар Қуръон ва ҳадисҳои Пайғамбар (с) ягон хабар наомадааст! Душманони ислом аз барои тафриқа, низоъ ва решакан намудани таълимоти таҳаммулпазирии пайғамбар ҳизбҳои исломи сиёсиро роҳандозӣ намуданд.
Барномаи таъсиси ҲНИТ дар замони Шӯравӣ дар Узбекистон тарҳрезӣ гашта, муассисони сервисҳои хориҷии он барои амалӣ гаштани дурнамои ҲНИ Тоҷикистонро интихоб намуданд! Уламои Бухоро, ки солрафта буданд, аз таъсиси ҲНИ сахт нигаронӣ менамуданд, аммо ҳеҷ афсӯсхӯрӣ судашон намекард. Чунки дигар Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҳолати заволёбӣ қарор дошта ва аз Аморати Исломии Бухорои Шариф нишоне боқӣ намонда буд. Муллоҳои ба ном ваҳҳобӣ дар муқобили мусалмонони аҳли суннати Бухорову Самарқанд назарияи мубориза бо хурофот ва бидъатро сармашқи кори худ қарор дода, расму оинҳои мардумиро ҳаром эълон намуданд. Низоъ байни мусалмонони ҳанафимазҳаб бо «муллоҳои навбаромад», яъне ваҳҳобия дар ҷомеаи Тоҷикистон авҷ гирифт! Ҳизби наҳзати исломи узбекӣ аз водии Фарғона ба Тоҷикистон кӯч баст, хатари наҳзатҳои ваҳҳобияро, ки пешвоёни он муассисони ҲНИ ба ҳисоб мерафтанд, дар ҳамон шабу рӯз мусалмонони тоҷикро шинохта натавонистанд.
Пантуркизм тамоюли фарҳангӣ ва сиёсиест, ки аз тарафи халқҳои туркзабон дар кишварҳои олам, ки дар фикр ба зарурати таҳкими сиёсии худ дар асоси ҷомеаи қавмӣ, фарҳангӣ ва забонӣ асос ёфтааст. Ҳаракати пантуркизм аслан дар асри XIX ба авҷи аъло рафта расид. Идеологияи пантуркизм таърихи беш аз якасра дорад ва ба консепсияи «туран» алоқамандии зич дорад.
Маълум аст, ки аз қарни VI сар карда, дар кишвари тоҷикон ва аҷдоди онҳо кам-кам унсурҳои этноси туркӣ роҳ ёфтан гирифт. Туркон аз садаи XI дар Осиёи Миёна ҳукмронии ҳарбиву сиёсии худро устувор карданд. Дар асри XVI фавҷи нави туркҳо, ин дафъа ақвоми ӯзбек ба ин сарзамин сар дароварданд. Номи халқи ӯзбек аз номи ҳамин қабилаҳо гирифта шудааст.
Ин туркҳои асир аз роҳи Осиёи Миёна бояд ба ватан бармегаштанд, вале дар ин кишвар чанд сол маскан гузида, махсусан дар муассисаҳои маориф амиқ реша ронда буданд ва фикрҳоро ба заҳри пантуркистӣ олуда карданд. Як идда зиёиёни тотор, аз ҷумлаи кормандони ҳизбиву шӯроӣ, ки рӯҳияи миллатгароӣ доштанд, низ ба онҳо кӯмак мекарданд. Дар байни намояндагони бонуфузи пантуркизми солҳои бист тоҷикон ҳам дучор меоянд: аз ҷумла баъзе тоҷикон, ки дар Туркия хатми таҳсил карда буданд, пайрави пантуркизм шуданд. Ошкоро эътироф накардани мавҷудияти халқи тоҷик ҳам дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Туркистон ва ҳам дар Ҷумҳурии Халқии Шӯрои Бухоро баъзе тамоюлҳои асосии сиёсати расмиро муайян намуд. Аз солҳои аввали Инқилоби Октябр дар сатҳи сиёсати давлатӣ пайи ҳам чанд қадами ғалат ва ё огоҳонаи миллатгароёна ба вуқӯъ пайваст, ки бар зидди тоҷикон равона шуда буд. Ин ҷо баъзе аз онҳоро гӯшрас меорем. Пеш аз инқилоби 1917 ҳам маъмурони ҳукумати подшоҳии Русия аксаран тоҷикони водинишин, махсусан тоҷикони дузабонро, яъне онҳоеро, ки забони ӯзбекиро медонистанд, ба қатори ӯзбекон медароварданд.
Мо бояд ҳамеша омодаи дӯстиву ҳамкорӣ бошем, нисбат ба ҳеҷ халқе ва кишваре кинаварӣ ва нияти бедод ба дил роҳ надиҳем, бо дили соф рӯ ба рӯ равем, вале нагузорем, ки софдилии моро бар зарари худи мо истифода кунанд. Аз ҷумла, мактабҳои Туркияро, ки дар Тоҷикистон кам нестанд, зери назорати аҳли ҷомеа бояд гирифт. Ғайр аз ин, ба Туркия толибилму донишҷӯ фиристодани мо на он қадар ба манфиати кор мебошад нест. Ба ин муносибат бояд боз ёдовар шавем, ки солҳои 1910-1914 чанд гурӯҳ бачагони Бухоро ба Туркия барои таҳсил фиристода шуданд ва бисёре аз онҳо олудаи заҳри ҷангҷӯии туркпарастӣ баргаштанд. Ғайр аз ин солҳои 1918-1922 туркони зиёде, ки дар Русия асири ҳарбӣ буданд, ба Осиёи Миёна омаданд ва бо сарпарастии туркгароёни маҳаллӣ кори маорифро ба даст гирифтанд, мактабҳои тоҷикиро ба туркӣ гардонда, насли наврасро дар рӯҳияи зиддитоҷикӣ тарбия кардан хостанд ва дар ин роҳ хеле ба комёбӣ ҳам ноил гардиданд.
Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ