Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ докторантони PhD-и кафедраи “Меъмории биноҳо ва иншоот” АҲМАД Ҷовид Тафакур ва ШОКИРОВ Раҷабалӣ Маҳмадалиевичро бо ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмӣ муборакбод менамояд.

Имрӯз дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-016 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи рисолаҳои диссертатсионии Аҳмад Ҷовид Тафакур дар мавзӯи “Муассисаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони нуқсони узвҳои бинишдошта (барои шароити Ҷумҳурии Исломии Афғонистон)» ва Шокиров Раҷабалӣ Маҳмадалиевич дар мавзӯи “Асосҳои лоиҳакашии муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ барои кӯдакони нуқсони узвҳои такя ва ҳаракатдошта (дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон)”, барои дарёфти дараҷаи илмии доктори PhD аз рӯи ихтисоси 6D072900 – “Сохтмон”, ки зери роҳбарии дотсент, номзади меъморӣ, меъмори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанов Нозимшо Назокатшоевич иҷро гардидаанд, муваффақона барпо гардид.

Инҳо аз аввалин рисолаҳои доктори PhD дар ҷаласаи Шӯроҳои диссертатсионии назди донишгоҳ мебошанд. Дар роҳи мушкил ва пурбаракати илм ба олимони ҷавон бурдбориҳо таманно дорем.

Раёсати донишгоҳ

Leave a Comment