Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ муаллимони калони кафедраи «Системаҳои муҳандисии биноҳо ва иншоот» ПОЧЧОЕВ Мирзоқурбон Мирзобурҳонович ва АБДУЛЛАЕВ Рахмонҷон Ғуломовичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмӣ самимона муборакбод мегӯяд.

Хотиррасон мешавем, ки имрӯз Поччоев М.М. рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Афзункунии хусусиятҳои гармимуҳофизии конструксияҳои берунаи биноҳои истиқоматии деҳот бо гарминигоҳдории самаранок ва истифодабарии нерӯи офтоб» ва Абдуллаев Р.Ғ. рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Такмили механизмҳои мубодилаи гармӣ ва масса дар истеҳсолоти нонпазӣ ҳангоми истифодабарии системаҳои ҳавотозакунӣ бо намнокии ҳаво» дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D КОА-016-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бомуваффақият дифоъ намуданд.
Раёсати донишгоҳ умедвор аст, ки дар оянда низ олимони ҷавон ба тадқиқоти худ идома дода, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ хоҳанд расид.
Раёсати донишгоҳ.