Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо ташаббуси кафедраи “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши нақлиёт ва инфрасохтори он дар рушди соҳаи сайёҳӣ» баргузор гардид.
Дар ибтидо Одиназода Ҳ.О. – Ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ меҳмононро ба донишгоҳ хайра мақдам гуфта, ҷаласаи пленарии конференсияро кушода эълон намуданд.

Баъдан Абдуллоев М.А. – муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, Саидмуродзода Ш.О. – муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирбекзода Ҳ. – муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Субҳонзода И. – раиси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Ф.Ҳ. – муовини Раиси шаҳри Душанбе, Гулов С.Г. – директори генералии ҶСК “Корпоратсияи мусофирбар”, Исмоилзода Л.С. – директори КВД “Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии институти нақлиёт”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.т., дотсенти кафедраи «Сохтмони роҳ, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ»-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, Саломзода Р.С. – н.и.т., дотсент, мудири кафедраи “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт”-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, Каландаров А.Ҳ. – н.и.т., дотсенти кафедраи “Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ”-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бо маърӯзаҳои илмӣ ва пурмуҳтавои худ, ки фарогири мушкилоти соҳаи нақлиёт ва беҳдошти фаъолияти нақлиётӣ буданд, баромад намуданд.

Идомаи кори конференсияи мазкур дар ду бахш – бахши «Ташкили ҳамлу нақл, идоракунӣ ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ» ва бахши «Истифодабарии нақлиёти автмобилӣ, бехатарӣ, экология ва стандартикунонӣ» дар бинои факултети «Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ» ва факултети «Нақлиёт» баргузор мегардад

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment