Таърих бисёр забонҳои миллиеро медонист, ки бар асари ин ё он воқеа ва таҳаввуллоти сиёсию маданӣ ному нишони худро аз даст додаанд ва имрӯз аз онҳо ҳарфе ҳам боқӣ намондааст. Аз рӯзи аввал ҳар як халқият забону гуфтори ба худ хосае дошт, ки инъикосгари маданият ва ҳамчун қавми махсус будани он буд. Бо мурури замон як қатор халқиятҳо дар дарозои таърих аз забони хеш, ки омили ҳастии номи миллат мебошад, бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ маҳрум гардиданд.

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Таърих бисёр забонҳои миллиеро медонист, ки бар асари ин ё он воқеа ва таҳаввуллоти сиёсию маданӣ ному нишони худро аз даст додаанд ва имрӯз аз онҳо ҳарфе ҳам боқӣ намондааст. Аз рӯзи аввал ҳар як халқият забону гуфтори ба худ хосае дошт, ки инъикосгари маданият ва ҳамчун қавми махсус будани он буд. Бо мурури замон як қатор халқиятҳо дар дарозои таърих аз забони хеш, ки омили ҳастии номи миллат мебошад, бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ маҳрум гардиданд.

Яке аз омилҳои асосӣ, ки таърих онро хуб дар ёд дорад, ин таъсироти сиёсӣ ва идеологӣ мебошад. Халқиятҳое, ки имрӯз дар сарзамини Шарқи Наздик махсусан дар Сурияву Ироқ ва Миср умр ба сар мебаранд, замоне забон ва фарҳанги ба худ хосеро доро буданд. Имрӯз бошад, онҳо бо номи арабҳо, ки забонашон дар натиҷаи паҳншавии фарҳангу идеологияи араб арабӣ гардид, аз ҷониби оламиён шинохта мешаванд. Куҷо шуд он тамаддуни Мисри Қадим, ки асоси пешрафти он забони мисрӣ буд? Агарчӣ “ҷаҳонишавӣ” мафҳуми асри навин маҳсуб меёбад, вале он таърихи қадимае дорад. Рафти амалӣ гардидани ҷаҳонишавӣ дар таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна хусусиятҳои хоси худро дошт. Яке аз омилҳои ба вуҷуд омадани он дар сиёсати экспансионӣ (кишваркушоӣ)-и шоҳону императорони мухталиф буд. Ин омил дар замони Искандари Мақдунӣ оғоз ёфта, дар давраи ташкилёбии Хилофати Араб ва минбаъд васеъ шудани он аз ҳисоби сарзаминҳои шарқу ғарб рӯ ба инкишоф овард. Бо воридшавии туркҳо ба сарзамини Осиёи Марказӣ ва Эрон ва минбаъд лашкаркашии муғулҳо ба минтақаҳои мухталиф ҷаҳонишҳавӣ марҳилаҳои дигари хешро аз сар гузаронида, омилҳои мусбию манфии хешро барои ин ё он халқ ба бор меовард. Бо ворид гардидани арабҳо ба сарзаминҳои Шарқи Наздик ва туркҳо ба Осиёи Хурд халқҳои маҳаллӣ аз рукни асосии ҳастии фарҳанги моддӣ ва маънавии хеш – забони модарӣ маҳрум гардида, аввал забон ва баъдан ба воситаи он фарҳанги бегонаро қабул намуданд.

Дар миёни миллатҳои зиёди тобеи арабҳо мо ягона мардуме будем, ки забони худро ҳифз карда, аз истиқлоли адабӣ маҳрум намондаем. Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ бо вуҷуди он ҳама бархӯрд ва рӯ ба рӯ шудан бо чандин забонҳои тавонои дунё симои аслии хешро нигоҳ доштааст, ки ин далели тавоноии бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрӯз мебошад. Хушбахтона миллати фарҳангсолори тоҷик ва фарзандони фарзонаи он нагузоштанд, ки ба забони эшон осебе расад. Ба аҷдодони мо муяссар гардид, ки ҳамаи он саҳифаҳои пурмоҷарову аҳримании таърихро, ки боиси харобиҳои зиёди иқтисодиву сиёсӣ гардида буд, ба мушкилӣ ҳам бошад, паси сар намуда, ба мо як забони нобу покеро ба мерос гузоранд, ки он муаррифгари миллату давлати муосири мо бошад.

Бояд тазаккур дод, ки мафҳуми “ҷаҳонишавӣ”-и замони муосир бо хусусиятҳо ва таъсироти хеш то ҷое фарқкунанда ва дар айни ҳол осебпазир мебошад. “Ҷаҳонишавӣ” метавонад дар замони муосир ҳам оқибатҳои мусбӣ ва ҳам манфии хешро ба бор орад. Агар дар гузашта он бештар хусусияти сиёсию низомӣ дошт, дар айни замон бошад, “ҷаҳонишавӣ” бештар хусусияти иқтисодиро касб намуда, ба ин восита ба фарҳанг ва унсурҳои он таъсиррасон мебошад. Васеъ гардидани бозори ҷаҳонӣ агар аз лиҳози иқтисодӣ манфиатдор бошад, дар дигар ҳолат метавонад ба маданияти маънавии халқҳои давлатҳои рӯ ба инкишоф таъсири манфӣ расонад. Имрӯз давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ба воситаи маҳсулоти истеҳсолнамудаи саноати пешрафтаи хеш фарҳанг – махсусан забонашонро низ паҳн намуда истодаанд. Иқтисод дар замони муосир омили рушди фарҳанг гардида истодааст. Яъне иқтисодиёти тараққикарда роҳи паҳншавии фарҳанг, аз ҷумла забонро мекушояд. Аз ин рӯ давлатҳои рӯ ба инкишофро мебояд, ки ин омили манфии “ҷаҳонишавӣ”-ро ба инобат гирифта, зиреҳи фарҳангии хешро бо мақсади дифои унсурҳои он, махсусан забон боз ҳам мустаҳкам нигоҳ доранд. Дар айни ҳол вазифаи ҳар як миллати соҳибзабон, махсусан тоҷикон дар ҷаҳони пурталотум ҳифзи манфиатҳои миллӣ, махсусан забони модарӣ ба шумор меравад. Мо тоҷиконро мебояд, ки дар радифи дигар муқаддасоти миллии хеш забони модариамонро, ки қимматарин унсури фарҳанг ва муаррифгари миллатамон дар дохил ва арсаи байналхалқӣ мебошад, ба мисли ҷони худ ҳифз намуда, нагузорем, то ягон зуҳуроти номатлуб ба он таъсир расонад. Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки забонро ҳастии миллат номида, онро ба сифати шиносномаи миллат ва сарчашмаи ҳастии фарҳанги хосаи он донистааст. Қайд намудан бамаврид аст, ки дар ин росто Пешвои миллат китоби хешро бо номи “Забони миллат – ҳастии миллат” рӯйи чоп овард, ки фоли некест дар мустаҳкамшавии мавқеи забони тоҷикӣ. Ин гуна асарҳо метавонанд, дар рисолати ҳифозати забони модарии насли навраси кишвар, ки дар марҳилаи бисёр нозук яъне “ҷаҳонишавӣ” қарор доранд, таъсири мусбӣ расонида, ҳуввияти миллии эшонро боз ҳам мустаҳкам намоянд.

Забони тоҷикӣ агарчӣ таърихи кӯҳан ва волоро доро аст, вале ба истиқлолияти давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз истиқлолияти миллӣ метавонад амнияти забон ва анъанаҳои мардумиро ҳифз намояд. Яке аз омилҳои асосӣ дар маънии воситаи ҳимоякунандаи забон дар раванди ҷаҳонишавӣ имрӯз давлати миллӣ ба шумор меравад. Дар ин росто Пешвои миллат дуруст зикр намудааст, ки “Забони мо бо Истиқлоли Ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне вақте ки ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст ва баръакс. Гузашта аз ин, аз ҳамон ибтидои пайдоиш забон яке аз авомил ва ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Барои ниёгони мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша ҳаммаъно будааст”.

Таърихи давлатдории аҷдодони мо исботи он аст, ки бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ онҳо аз унсури забонӣ истифода намуда, барои рушди босубот ва густариши забони модарии хеш дар ҳар як марҳилаи давлатдориашон тадбирҳои муҳим меандешиданд. Махсусан Саффориён ва Сомониён забонро ба сифати силоҳи сиёсӣ дар мубориза бо арабҳо барои ба даст овардани истиқлол истифода намуда, дар ин роҳ муваффақ ҳам шуданд. Маҳз натиҷаи чунин хизматҳо ва сиёсати миллӣ буд, ки нахустин осор ба забони тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) пайдо шуда, бузургтарин пешвоёни ин забон ва адабиёт Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва барҷастатарин олимони асрҳои миёна чун Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав ва пайравону шогирдони онҳо машҳуртарин асарҳои илмии он давраро ба забони модарии хеш навиштаанд. Ва ё замоне, ки шоири роздон ва баландфикр Ҳаким Фирдавсӣ парешонӣ ва заволи давлати Сомониёнро пай бурд, ба ҷамъоварӣ ва ҳифзи ҳикоёт, достонҳо ва расму оини гузаштагон пардохт ва бузургтарин достони хамосии ҷаҳон «Шоҳнома»-ро офарид. Ҳаминро мебояд иброз намуд, ки баъд аз суқути давлати Сомониён ва аз даст додани истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ низ батадриҷ истиқлолияти худро аз даст дод. Бо вуҷуди он ки забони тоҷикӣ дар дастгоҳи ҳокимони нав мақоми забони адабӣ ва идориро дошт, вале дар ин дарборҳои аҷнабӣ оҳиста-оҳиста ба забонҳои қабилаҳои мухталифи ҳоким дар минтақа махлут шуда, дар бисёр маврид таровату зебоӣ ва ҷӯшу хурӯши офарандагии худро аз даст дод.

Ҳамин хизмати бузурги эшон буд, ки минбаъд забони тоҷикӣ то соли 1920 дар Моваруннаҳр ҳамчун забони давлатӣ, новобаста аз аслу насаби сулолаи ҳукмрон арзи вуҷуд намуда, пояҳои истиқлолияти давлати муосири Тоҷикистонро гузошт. Дар солҳои тақсимоти миллӣ марзӣ ба сифати яке аз воситаҳои асосии ба даст овардани мухторият забони тоҷикӣ гардид, ки он ҳамчун силоҳ бар зидди идеологияи шовинистии душманони миллат баромад намуд. Бояд қайд намуд, ки дар ҳар давру замон яке аз вижагиҳои муҳими забони модарии мо дар хусусияти баҳамоварӣ ва ваҳдатофариниаш зоҳир мегардид.

Моро зарур аст, ки дар боз ҳам мустаҳкам гардидани ин ҷиҳати забони хеш, ки омили муттаҳидӣ ва бузургии мо аст, талош намуда, дар ин марҳилаи сарнавиштсози миллат бетарафӣ зоҳир накунем. Дар ҳифзи забони хеш пайравӣ аз Яъқуби Лайси Саффорӣ, Исмоили Сомонӣ ва Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон намоем.

Комрон Асоев – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Leave a Comment