Устодон ва донишҷӯёни азиз! Шуморо бо Рӯзи забони тоҷикӣ ва Иди касбии устодон – Рӯзи омӯзгор муборакбод гӯям. Дар ин рӯзҳои ҷашнии фархунда ба ҳамаатон саломатии комилу саодати хонадон ва дар амалишавии ҳамаи орзую ниятҳои некатон дастоварду комёбиҳои наву тоза орзу менамоям.
Устодон ва донишҷӯёни азиз! Шуморо бо Рӯзи забони тоҷикӣ ва Иди касбии устодон – Рӯзи омӯзгор муборакбод гӯям. Дар ин рӯзҳои ҷашнии фархунда ба ҳамаатон саломатии комилу саодати хонадон ва дар амалишавии ҳамаи орзую ниятҳои некатон дастоварду комёбиҳои наву тоза орзу менамоям.
Забони модарӣ яке аз рукнҳои ҳастии миллат аст. Зеро дар тӯли таърихи куҳан миллати мо маҳз бо забони худ арзи ҳастӣ кард ва аз гирдобҳои нобудкунандаи таърихӣ ҷон ба саломат бурд. Бешубҳа забони тоҷикии мо буд, ки дар дарбори шоҳони аҷнабӣ мақоми салтанату истифодаи худро аз даст надод ва забони давлатдорию маъмурӣ, ҳуҷҷатгузориву фармонфармоӣ гардид ва аз ин сабаб онро забони дарӣ, яъне забони дарбориён низ мегӯянд. Забони тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ аз забонҳои шево, ширин ва биҳиштӣ аст. Ҳатто пайғомбари дини муъбини Ислом низ гуфта, ки “Забони форс хоси ҷаннат аст”.
Сулолаҳои Ғазнавиён, Қарохониён, Салҷуқиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён ва Манғитиён, ки қариб ҳазор сол мушти салтанаташон болои сари мардуми тоҷик буд, маҳз ба хотири забони суфтаву ноби тоҷикӣ ва илму фарҳанги волои миллати тоҷик коргузории расмии давлатҳои худро бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда, корҳои вазорату девондории дарборашон ба дасти олимон, адибон ва арбобони давлатии тоҷик буд. Забони тоҷикӣ бо вуҷуди ҳама тангназарии тангдилону тангчашмон, тазйиқи рӯзгор, зиллату хорӣ, маҳдуд намудани мавқеъҳои ҷамъиятӣ, кӯшиши дур намудан, ҳатто гусастани робитааш бо таърих ва асолати азалӣ мудом забони давлатии ин ё он давлат ва ҳатто империяҳои бузурге вазифаи ҷамъиятии худро сарбаландона адо мекард.
Агар бо зӯри сипоҳу лашкар аҷнабие тахти аҷдоди тоҷиконро соҳиб шуда бошад, ӯ хоҳу нохоҳ коргузории расмӣ ва умури давлатдориашро бо забони тоҷикӣ пеш мебурд, ба низоми идоракунӣ ва системаи мукаммали давлатдории ниёгони мо такя мекард, сарвазир, аҳли девон ва надимонашро аз миёни тоҷикони донишманду соҳибтаҷриба интихоб менамуд. Кор то ҷое мерасид, ки аҷнабии тахтнишин баъзан забони модарии худро фаромӯш карда, аз таъсири адабу фарҳанг ва забони шевои тоҷикӣ ба шеъргӯӣ ва навиштани рисолаҳо мепардохт.
Муҳаббат ба забони поки модар, эҳтиром ба забони ноби тоҷикӣ ин ҳамон эҳтироми ирсии мо ба волидонамон аст. Ҳар касе ҳурмати забони модарии худро пос намедорад, ӯ ҳеҷ гоҳ заррае муҳаббатро ба модар, ба волидони худ нахоҳад дошт. Ин ҳисси ирсии мо имрӯзҳо дар пояҳои олии давлатдории тоҷикон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирӣ мешавад. Мо ифтихорманди онем, ки Роҳбари давлати навини тоҷикон аз минбари баландмақоми Созмони милали муттаҳид бо забони шевои модарии худ – забони тоҷикӣ сухан мегӯяд ва зери таъсири андешаҳои хирадмандона ва пешниҳодоти инсондӯстонаи ӯ Тоҷикистони моро ҷаҳон мешиносад. Борҳо Роҳбари муаззами мо барои эҳтироми забони тоҷикӣ ҳамагонро даъват намудааст, поку аз ҳар гуна ибораҳои ғайр эмин нигоҳ доштани забони модарӣ дастурҳо додааст. Пешвои миллат мефармояд, ки “Поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва асолату шевоии онро ҳифз кардан қарзи фарзандии ҳар яки мову шумост”.
Самти дигари сиёсати давлати навини тоҷикон дар сатҳи олӣ донистани забони модарӣ ва омӯзиши ҳатмии он аз ҷониби ҷавонон баҳри ояндаи дурахшон ва рушду нумуи кишвари биҳиштосоямон аст. Дар замони ҳозира бо глобалишавии масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа зарурати донистани забонҳои гуногун, махсусан забонҳои англисиву русӣ ва вақтҳои охир забони хитойӣ ба миён омадааст. Лекин ин маънои камтар шудани мақоми забони модарӣ, забони давлатиро надорад. Беҳуда нагуфтаанд, ки:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Бо мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар ҷумҳуриамон барои рушду такмили забони тоҷикӣ шароити мусоид ба миён омад. Тайи ин солҳо барои воқеан ба забони коргузориву идоракунӣ табдил додани забони точикӣ корҳои зиёде амалӣ карда шуданд ва боз амалӣ карда хоҳанд шуд. Ҳоло забони тоҷикӣ забони маҳфилҳо, анҷуманҳо, ҷаласаҳои илмию адабӣ, техникию фарҳангӣ, ахлоқию фалсафӣ ва ғайраҳо гардидааст. Тоҷикистони навин дар арсаи ҷаҳонӣ бо ин забон шинохта шуд.
Аз замони Рӯдакӣ то ба имрӯз забоне, ки зинда омада расидааст, моро ҷовидонӣ хоҳад дошт. Барои ин олимон, зиёиён, мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи моро зарур аст, ки корҳои илмию эҷодӣ, тадқиқотию таҷрибавиашонро бо забони тоҷикӣ ба роҳ монанд ва аз дигар забонҳои ҷаҳон адабиёти заруриро бо забони тоҷикӣ баргардон кунанд. Дар ин самт устодони гиромии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ бояд саҳмгузор бошанд ва дар омӯзиши касби муҳандисӣ барои донишҷӯёну аспирантон ва магистрон кӯмаки беғарази худро дареғ надоранд.
Боиси зикр аст, ки дар ин санаи бароямон гуворо Иди касбии омӯзгорон низ қайд карда мешавад. Мо дар донишгоҳ худ тарбиятгар ҳастем. Барои ҳар яки мо аввалин устод волидонанд, ки то овони мактабхонӣ ҳар чӣ омӯхтем аз онон аст. Аммо тарбияи ҷамъиятии мо аз устодон аст, устоде, ки дасти моро барои навиштан рост кард, барои азбаркунии саводи ибтидоӣ раҳнамо шуд. Аз ин рӯ, муаллим, омӯзгор вожаҳоеанд, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас мебошад. Зери ин калимаҳои бузург омӯзондани илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мӯнису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Аз ин рӯ
Ҳақи устод аз падар беш аст
В-аз падар устод дар пеш аст.
Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, чун нуре ба тасвир кашем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад. Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси руҳи инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё лоиҳаи ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад.
Муаллимро оинаи халқ низ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрат аст. Зеро ба гуфтаи Д.И. Менделеев “Тамоми ифтихори муаллим дар шогирдон аст ва он ба дараҷаи рушди ҳосили коридааш меафзояд”. Ва сиёсатмадори асри ХХ Уинстон Черчил низ гуфтааст, ки: “Омӯзгорони мактаб қудратеро доранд, ки аз он сарвазирон танҳо орзу карда метавонанд”.
Аҷдодони гузаштаи мо – тоҷикон бар он мекӯшиданд, ки фарзандашон босаводу боодоб ва аз илмҳои замона огоҳ тарбият ёбад. Ҳар тифле, ки ба дунёи ҳастӣ меомад, аввал ӯро номи нек медоданд, баъдан аз рӯзҳои аввал ба тарбияи он мепардохтанд. Дар назди устод кӯдак бо талабу хоҳиши волидонаш мерафт ва тақдири баъдинаи ӯ пурра дар дасти муаллим буд. Бо тақдири як шахс бозӣ кардан мушкил аст, вале муаллим бо дилпурӣ ин масъулиятро бар дӯш мегирифт, ба шогирд илмҳои замонаро меомӯзонд. Хушбахтона имрӯзҳо ҳам он анъанаи неки ниёгон, ки устодон аз устодони гузаштаи худ гирифта, то ба имрӯз омадаанд, давом дорад ва он масъулияти сангини таълиму тарбияи насли наврас, омодакунии мутахассисони ҷавобгӯйи бозори меҳнат, қонеъгардонии системаи хоҷагии халқ бо мутахассисони зарурӣ боз ҳам бар дӯши устодон аст. Зеро ба гуфтаи И.В. Сталин “Маориф ва маълумот яроқест дар дасти шахс ва самараи он аз он вобастааст, ки кӣ онро дар даст дорад ва бо он киро задан мехоҳад”.
Дар анҷом Рӯзи забон ва Рӯзи омӯзгорро ба тамоми шумоён бори дигар табрик гуфта, ба хонадонатон бахту саодат ва дар кору зиндагониатон сарбаландиву пирӯзиҳо орзумандам.
Сарбаланду хонаобод бошед!