Кишвари азизамон баъди расидан ба истиқлолияти комили сиёсӣ ба як қатор муваффақиятҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ноил гашт. Дастовардҳои кишвари мо дар ҷойи хушку холӣ ба вуҷуд наомада, балки он заминаҳои зиёди таърихиро дар худ доро мебошад. Халқи тоҷик аз замонҳои қадим фарҳангу давлатдории ба худ хосро соҳиб буд. Инчунин мардуми тоҷик шахсиятҳои зиёдеро соҳиб буд, ки барои рушду инкишофи ин миллату сарзамин хизматҳои зиёде кардаанд.

Сидқан дӯст дорем! Ҳар ҷое ки набошем, иттифоқ бошем, забони ширин дошта бошем, ба якдигар меҳрубон бошем, дасти якдигарро дар танҳоӣ, дар рӯзҳои сахт бигирем…

Эмомалӣ Раҳмон.

Кишвари азизамон баъди расидан ба истиқлолияти комили сиёсӣ ба як қатор муваффақиятҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ноил гашт. Дастовардҳои кишвари мо дар ҷойи хушку холӣ ба вуҷуд наомада, балки он заминаҳои зиёди таърихиро дар худ доро мебошад. Халқи тоҷик аз замонҳои қадим фарҳангу давлатдории ба худ хосро соҳиб буд. Инчунин мардуми тоҷик шахсиятҳои зиёдеро соҳиб буд, ки барои рушду инкишофи ин миллату сарзамин хизматҳои зиёде кардаанд.

Яке аз чунин шахсиятҳои бонуфуз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои рушди давлати соҳибистиқлоли мо хизматҳои беназире кардаааст. Бо шарофати истиқлолияти кишвари азизамон – Тоҷикистон пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, ҳамчунин азму талоши ватандӯстонаи мардуми тоҷик зери роҳбарии Президенти хирадпешаи худ ва сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ин абармарди олами сиёсат ба кулли ҷабҳаҳои ҷомеа – иқтисодиёт, сиёсат ва илму фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.

Истиқлолияти давлатӣ яке аз дастовардҳои беназире мебошад, ки миллати тоҷик бо кӯшишҳои зиёди фарзандони барӯмандаш ба даст овардааст.

Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик ва махсусан ҷавонон дастоварди муҳим ва беназире мебошад, ки барои рушди минбаъдаи тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ кӯмак намудааст.

Истиқлолияти давлатӣ волотарин сайри такомули иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию маънавии ҳар як халқу миллат ба ҳисоб рафта, дар заминаи хат, алифбо, забон ва дигар унсурҳои фарҳангӣ ва ормонҳои ягонаи миллию давлатӣ ба вуҷуд меояд. Маҳз омӯзиши чунин арзишҳои муштараки миллӣ худшиносиву худогоҳии миллиро ба вуҷуд оварда, нигоҳдорӣ ва арҷгузории онҳоро ба ояндагон талқин медиҳад. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳуввият ва Ваҳдати миллӣ арзишҳое мебошанд, ки дар заминаи ормонҳои ягонаи миллӣ ва умумибашарӣ ба вуҷуд омада, аз ҳар фарди ҷомеа матиниродагиву дурандешӣ, ватандӯстию посдории муқаддасоти миллӣ, қадршиносӣ, арҷгузории дигар арзишҳои муштараки миллӣ ва инсонгароиро талаб менамоянд. Шаклгирии ваҳдату ҳуввияти миллӣ замоне вусъат ва густариш меёбад, ки ҳар як шаҳрванд худро мансуби ин организми воҳид тасаввур намояду забону фарҳанг, муқаддасот ва дигар асолатҳои миллиро гиромӣ дорад ва дар ободиву  амнияти ин сарзамини биҳиштосо, ки номаш Тоҷикистон аст, камари ҳиммат бандад. Фалсафа ё худ ҳикмати Истиқлолияти давлатӣ ифодакунандаи сарҷамъиву муттаҳидии хонаводаву ҷомеа, гузаштан аз гуноҳи якдигар, саодатмандӣ ва орзуи хушбахтии миллиро ифода мекунад. Бояд қайд намуд, ки миллату давлат дар ҳоле худро хушбахту сарҷамъ ва ором ҳис мекунад, ки дар Ватан сулҳу субот ва истиқлолияти сиёсии миллӣ побарҷо бошад. Зимнан касби маърифат ва баланд гардидани тафаккури ҷомеа метавонад дар таҳкими пояҳои Ваҳдату худшиносии миллӣ ва дарки арзишҳои он ба бунёди як давлати миллӣ такони ҷиддӣ бахшад. Ба қавли ҷомеашиноси англис Г. Спенсер ҷамъият монанди организми инсон буда, ҳар як ҳуҷайра дар организм нақши муайяни худро иҷро мекунад. Дар ин ҳолат ҳама афроди ҷомеаро зарур аст, то дар бедорӣ ва худогоҳиву худшиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ бетараф набошанд.

Мо имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҷомеа баҳри шукуфоии кишвари азизамон мусоидат менамояд. Ҷавонони тоҷик таҳти роҳбарии ин шахсияти бузург ояндаи дурахшон доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалқӣ ҷойгоҳи намоёнеро соҳиб мебошад. Бо аксарияти кишварҳо, созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ робитаи хуб барқарор намудааст, ки барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Имрӯзҳо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин ниҳодҳо дастгирӣ ёфта, дар амал татбиқ мегарданд ва дар низоми нави ҷаҳонӣ мавқеъ ва нуфузи миллату давлати моро боз ҳам болотар мебарад.

Умуман қайд кардан бамаврид аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва вусъат бахшидани сиёсати ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷии кишвар хизматҳои фаромӯшнашавандаеро ба анҷом расонидааст. Маҳз бо шарофати Роҳбари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси давлати соҳибистиқлол ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои экологӣ шинохта шавад. Яке аз хизматҳои беназири Сарвари давлат барои мо ҷавонон сулҳу оромӣ ва шукуфоии кишвар мебошад, ки мо дар фазои сулҳу ороми Истиқлолят зиндагӣ карда, умр ба сар мебарем ва шукрона аз ин неъмати беназир бояд кард.

Абубакри Мирзоаҳмади Грезода

Омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Leave a Comment