Омӯзгор шахсест бузургу соҳибхирад ва меҳрубон. Ӯ дар ҳар давру замон сазовори эҳтиром буду ҳаст. На ҳар шахс метавонад омӯзгор бошад. Барои омӯзгор шудан инсон бояд аз хурдӣ омода гардаду аз таҳти дил илм биомӯзад.
Омӯзгор ҳампояи падари мост. Чун бори аввал ба мактаб меравем, ба омӯзгори аввалинамон шинос мешавем. Ӯ ба мо тарзи навиштану хондану ҳисоб карданро меомӯзад. Тӯли 11 сол мо дар мактаб илм меомӯзем ва баъд ба донишгоҳу коллеҷҳо дохил мешавем.
Азизу тоҷи сар бошӣ муаллим,
Ба қимат ҳамчун зар бошӣ муаллим.
Барои тифлакони ҳар дабистон,
Чу модар муътабар бошӣ муаллим.
Омӯзгор шахсест бузургу соҳибхирад ва меҳрубон. Ӯ дар ҳар давру замон сазовори эҳтиром буду ҳаст. На ҳар шахс метавонад омӯзгор бошад. Барои омӯзгор шудан инсон бояд аз хурдӣ омода гардаду аз таҳти дил илм биомӯзад.
Омӯзгор ҳампояи падари мост. Чун бори аввал ба мактаб меравем, ба омӯзгори аввалинамон шинос мешавем. Ӯ ба мо тарзи навиштану хондану ҳисоб карданро меомӯзад. Тӯли 11 сол мо дар мактаб илм меомӯзем ва баъд ба донишгоҳу коллеҷҳо дохил мешавем. Ман касби муҳандис шуданро интихоб намудам, ба ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дохил шудам. Вақте ки аз ш. Кӯлоб ба ш. Душанбе барои омӯхтани илм омадам, ман аз волидони худ дур мондам. Дар донишгоҳ омӯзгоронамон ҷойгузини волидонам ҳастанд. Ман ба онҳо фарзандвор дил бастам. Ҳамаи устодон меҳрубонанд, дастгиру тарбиятгари ҳар толибилму донишҷӯ мебошанд. Муаллим ҳаракат мекунад, ки вақти зиёди худро ба мо сарф намояд. Муаллим на танҳо омӯзгор, балки тарбиятгари мо мебошад. Ба мо ҷавонон аз зиндагӣ бисёр мисол меорад, то ки мо қадри худ ва Модар – Ватанро донем. Муаллим моро ба ҳаёти оянда омода месозад. Мо худамон гоҳо дарс мегузарему муаллим назорат мекунад. Ҳар камбудиеро бинад, ба мо мегӯяд, то онро ислоҳ намоему дар оянда сарбаланд бошем.
Мо донишҷӯёни соли 3-юми факултети нақлиёт аз устодони арҷманди хеш сипосгузорем ва ба онҳо рӯзгори пурсаодат таманно дорем. Сад шукр, ки ба бахти мо чунин омӯзгорон ҳастанд ва бигзор сафи онҳо зиёд гардад.
Агар дастам расад имрӯзу фардо,
Ба устодам кунам ҷое муҳайё.
Шинонам ҳар якеро боғи фирдавс,
Кунад хидмат баҳраш халқу миллат.
Эмомҷаъфари Эмомалӣ
Донишҷӯи курси 3-юми гурӯҳи 370105
Факултети нақлиёт