Имрӯз вобаста ба санҷиш, таҳлил ва ҷамъбасти ҳолати иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва банди 9 Нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ҷиҳати амалисозии «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз вобаста ба санҷиш, таҳлил ва ҷамъбасти ҳолати иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва банди 9 Нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ҷиҳати амалисозии «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализода — сарнозири Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҳимзода Сабзалии Ҷурабег – нозири калони Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону кормандони донишгоҳ ҷаласаи васеъ бо иштироки зиёда аз 140 нафар гузаронида шуд.

Зимни мулоқот Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод — сарнозири Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаи худ дар мавзӯи «Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа» ва пешниҳоди худро оид ба натиҷаи санҷиш ба ҳозирин баён намуданд.

Дар охири ҷаласа устодону кормандон ба саволҳои худ посух гирифта, аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия Ашурзода А.Н. ба меҳмонон изҳори миннатдорӣ ва сипоси бепоён барои ҳамкорӣ изҳор карда шуд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Шуъбаи кор бо ҷавонон.

Leave a Comment