Санаи 11-уми октябри соли 2019 дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 – 2022” ва Нақшаи амали он барои соли 2019 – 2020 курси “Мактаби духтарони сарвар” барои донишҷӯдухтарони болаёқат баргузор гардид, ки дар он Раҳимова Сурайё — Раиси Шӯрои кор бо занон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ иштирок намуд. Дар он 2 нафар донишҷӯдухтарони донишгоҳ
Санаи 11-уми октябри соли 2019 дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 – 2022” ва Нақшаи амали он барои соли 2019 – 2020 курси “Мактаби духтарони сарвар” барои донишҷӯдухтарони болаёқат баргузор гардид, ки дар он Раҳимова Сурайё — Раиси Шӯрои кор бо занон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ иштирок намуд. Дар он 2 нафар донишҷӯдухтарони донишгоҳ Саидова Дилафрӯз Ҷамшедовна – донишҷӯи бахши 2-юми гурӯҳи 690101-и факултети Сохтмон ва меъморӣ ва Бобобекова Наҷиба Асламбековна — донишҷӯи бахши 2-юми гурӯҳи 450103-02-и факултети Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия низ иштирок намуданд.
Курси омӯзишии “Мактаби духтарони сарвар”-ро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода И.Т оғоз намуда, иштирокчиён, собиқадорони меҳнат Бозгул Додхудоева, Адолат Ҷӯрабоева ва Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзодаро ба аҳли толор шинос намуд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ба иштирокчиёни курси “Мактаби духтарони сарвар” даъват ба амал овард, ки онҳо фаъолона дар омӯзиш ширкат варзида, донишу таҷрибаи худро бой намоянд. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳди миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳар баромадҳои худ ба занону бонувони Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва бонувони бохираду боиффатро дар вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин менамоянд.
Инчунин дар ифтитоҳи курси омӯзишии мазкур собиқадорони меҳнат Бозгул Додхудоева, Адолат Ҷӯрабоева ва Гавҳар Шарофзода доир ба фаъолият, таҷриба, тарзи муносибати дуруст ба атрофиён сухан ронданд.
Шӯрои занон ва духтарони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ