Тибқи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои занони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ санаи 11-уми октябри соли 2019 дар хобгоҳи №3 бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар таҳти мавзӯи “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” гузаронида шуд. Семинарро Раиси Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ Раҳимова Сурайё оғоз бахшида, меҳмонон ва аҳли толорро хайрамақдам намуд. Номбурда иброз дошт, ки “Хушбахтии мо – дар он аст, ки дар фазои сулҳу суботи комил, якдиливу якпорчагии ватани маҳбуб, марҳилаи рушди устувор ва босуботи

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои занони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ санаи 11-уми октябри соли 2019 дар хобгоҳи №3 бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар таҳти мавзӯи “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” гузаронида шуд. Семинарро Раиси Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ Раҳимова Сурайё оғоз бахшида, меҳмонон ва аҳли толорро хайрамақдам намуд. Номбурда иброз дошт, ки “Хушбахтии мо – дар он аст, ки дар фазои сулҳу суботи комил, якдиливу якпорчагии ватани маҳбуб, марҳилаи рушди устувор ва босуботи ҷомеа умр ба сар бурда, баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Пешвои миллат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат баста, ҳамеша дар сафи пеши соҳибватанон қадамҳои устувор мегузорем.

Мо сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, бо донишу маърифат, заковати баланди худшиносию ватанпарастӣ саҳми арзанда мегузорем”.

Сипас, сухан ба сармутахассиси Кумитаи кор бо ҷавон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳина Шарифӣ дода шуд, ки ӯ дар масъалаҳои мубрами рӯз рӯшанӣ андохт. Аз ҷумла номбурда таъкид дошт, ки “Мо ҷавонон доимо ҳидоятҳои наҷиб ва созандаи Пешвои муззами миллатро сармашқи кори худ намуда, талаботи замонро пайваста эҳсос менамоем ва манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро бо зиракии сиёсии хеш ҳимоя менамоем. Мо аз он ифтихор дорем, ки ҷавонон дар меҳвари сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат қарор дошта, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи олии ин гуфтаҳост. Мо ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон дар созандагиву бунёдкории ватани биҳиштосоямон Тоҷикистон то абад боқӣ мемонем”.

Баъдан аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯдухтарон ва донишҷӯписарони фаъол яктоӣ DVD, маҷмӯи (набор) чойнику пиёла ва чойники электронӣ туҳфа карда шуд.

Дар охир Раиси Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ Раҳимова С. ба меҳмонон барои ташрифашон изҳори миннатдорӣ баён намуда, пешниҳод кард, ки чунин вохӯриҳо дар сатҳи факултет ва донишгоҳ бештар гузаронида шаванд.

Шӯрои занони ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Leave a Comment