Ҳамкорони азиз!

Бо камоли эҳтиром Шуморо барои иштирок дар Конференсияи байналмиллалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Дурнамои рушди илм ва маориф», ки санаи 27-28-уми ноябри соли 2019 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор мегардад, даъват менамоем. Конференсияи мазкур бо мақсади мубодилаи иттилоотии илмӣ-амалӣ, ки роҳҳои пешрафти техника ва технологияи навин, рушди ҳамкориҳо дар татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ ва инноватсионӣ, роҳандозии робитаҳои корӣ ва муносибатҳои тиҷоратиро дар ин самт муайян месозад, баргузор мегардад.

Маълумоти муфассал дар сомонаи интернетии донишгоҳ оварда шудааст.

http://ttu.tj/ru/2019/09/16/interconf/

http://ttu.tj/2019/09/16/interconftj/

Суроғаи мо ш. Душанбе, хиёбони акад. Раҷабовҳо, 10, 2 ошёна, шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ (шуъбаи аспирантура). (Тел/факс: (992 37) 227 15 36; E-mail: conferencettu@mail.ru

Leave a Comment