Рӯзи 18-уми октябри соли 2019 дар толори хониши китобхонаи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ даври аввали интихобии олимпиадаи математика доир гардид. Дар олимпиада 72 нафар донишҷӯён аз тамоми факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд.
Математика аз фанҳои дақиқест, ки ихтисосҳои техникиро бе омӯзиши он тасаввур кардан номумкин аст. Кафедраи математикаи донишгоҳ доимо бар он мекӯшад, ки завқи донишҷӯёнро ба математика баланд бардошта, дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси техникӣ саҳми босазои худро гузорад.

Пас аз муайян гардидани ғолибони олимпиада роҳбарияти донишгоҳ беҳтаринҳоро бо туҳфаҳо сарфароз карда, ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сафарбар менамояд.

Дар ташкил ва баргузории олимпиадаи мазкур Садриддинов М., Саидов Ш., Ҳафизов Ҳ., Абдусаломзода Х., Ҷабборов М., Хоразмшоев С., Ғайбуллоев Б., Рустамбекова У., Самаров Ш. ва дигарон ширкат намуданд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment