Имрӯз дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи барномаи Эразмус+, бо дастгирии Дафтари миллии Эразмус+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯи “Барномаҳои муштарак ва таълим бо забони англисӣ” (Joint Programmes and Teaching in English) баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур коршиносони байналмилалӣ Улрике Кравагна (Ulrike Krawagna) аз Донишгоҳи Грази Австрия (University of Graz, Austria) ва Карен Лауридсен (Karen Lauridsen) аз Донишгоҳи Охурсскии Дания (Aarhus University, Denmark) ҷиҳати муаррифӣ (презентатсия) дар мавзӯи зикршуда ширкат намуданд.

Боиси қайд аст, ки дар чорабинии мазкур намояндагони муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок доранд.

Идомаи кори семинар пагоҳ – 25-уми октябри соли 2019 дар донишгоҳ ба назар гирифта шудааст.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment