Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ мулоқоти судманд доир гардид.
Рӯзи 29-уми октябр дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахдори кишвар дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили ҷинояткорӣ, худкушӣ, зӯроварӣ ва амалҳои иртиҷоӣ мулоқоти судманд доир гардид.

Дар мулоқоти мазкур намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, мудофиа, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – Мирзозода Иброҳим, — Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Тоҷиев Эркин Иҳромович – намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ҳотамиён Абдурашид – полковник, афсари шуъбаи кор бо ҷавонон ва собиқадори раёсати корҳои сиёсии тарбияи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насрудинов Қиёмуддин – намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, Ҳомидов Амирхон – намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хайров Фирдавс – подполковники милитсия, Сардори Хадамоти ноболиғон ва ҷавонони РКД ш. Душанбе, Ризозода Бахтиёр – подполковники милитсия, муовини сардори Хадамоти ноболиғон ва ҷавонони РКД ш. Душанбе, Маҳмудзода Нусратулло – намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳомидзода Насим – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ноҳияи Шоҳмансур, Ашӯрзода А.Н. – муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ, утодон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур меҳмонон – намояндагони вазорату кумитаҳо сухан ронда, ҷавононро ба омӯзиш, ҳушёрии сиёсӣ ва худогоҳии миллӣ даъват намуданд. Онҳо ифтихор аз ҷавонони пешқадами имрӯза карда, дар баробари он аз кирдорҳои номатлуби баъзе аз ҷавонон изҳори нигаронӣ намуданд. Рафтори ин гуна ҷавононро маҳкум ва таманнои онро карданд, ки ҷавонони саодатманди мо меросдори ҳақиқии гузаштагони боору бономус, бофарҳангу соҳибтамаддуни худ бошанд.
Шуъбаи кор бо ҷавонон.
Маркази иттилоот ва нашр.