Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон тайи рӯзҳои 24-ум – 25-уми октябри соли 2019 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ семинари байналмилалӣ дар мавзӯи “Барномаҳои муштарак ва таълим ба забони англисӣ” баргузор гардид, ки ба он коршиносони байналмилалии соҳаи таҳсилоти олӣ аз Иттиҳоди Аврупо Улрике Краваня аз Донишгоҳи Гратс (Австрия) ва Карен Лоридсен аз Донишгоҳи Аархус (Дания) ба сифати маърӯзачиён даъват шуда буданд.

 Дар кори семинар Диана Димова – ҳамоҳангсози барномаҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар соҳаи маориф, Зарина Нуридинова – ҳамоҳангсози дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон, Назарзода Рустам Саидмурод, Мамадамон Абдуллоев ва Санавбар Нурова – аъзои тими миллии Коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олӣ (КИТО, англ. HERE – Higher Education Reform Experts) ва беш аз 40 нафар намояндагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз саросари ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Аз ҷумла, намояндагони 17 донишгоҳу донишкадаҳои кишвар аз шаҳри Душанбе (Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи (Cлавянии) Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов), вилояти Суғд (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд) ва вилояти Хатлон (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб) иштироки худро дар чорабинии мазкур таъмин намуданд.

Нахуст, Зарина Нуридинова ба кори семинар оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо мақсаду вазифаҳои асосии чорабинӣ ва натиҷаҳои чашмдошт аз он шинос намуд. Таъкид гардид, ки иштирокчиёни семинар ба ҳадафу вазифа, усулу равишҳо ва таҷрибаҳои назарраси аврупоӣ дар самти байналмилаликунонии таҳсилот, аз ҷумла, таҳияи нақшаҳои таълим барои таълим ба забони англисӣ, байналмилаликунонии барномаҳои таълим, ташкили сайёрияти академӣ барои донишҷӯёни омӯзгорон ва масъалаҳои дигар, ки бевосита ба таъмини сифати таҳсилот алоқаманданд, шинос карда мешаванд. Дар заминаи донишҳои аз семинар бадастмеовардаи иштирокчиён ва бо дарназардошти баррасии ҳолати кунунии низоми таҳсилоти олӣ дар ҷумҳурӣ маҷмӯи тавсияҳо барои таҳия ва идораи барномаҳои муштараки таълим аз рӯйи усули “дарёфти ду диплом” (аз он ҳамчун “дараҷаи дудиплома” низ ном мебаранд) дар заминаи донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ҷиҳати ҷалби донишҷӯён аз хориҷи кишвар омода мегардад. Чунин чорабиниҳо, ки маъмулан онҳоро Маъмурияти кӯмаки техникӣ (англ. Technical Assistance Missions, TA) меноманд, дар ҳудуди кишвар аз ҷониби дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон бо маблағгузории барномаи Erasmus+ (Иттиҳоди Аврупо) мунтазам ташкил карда хоҳанд шуд, ки доираи мавзӯъҳои онҳоро аъзои тими миллии КИТО бо дарназардошти самтҳои афзалиятноки низоми таҳсилоти олии кишвар ва муҳиммияти масъалаҳои бамиёномада интихоб менамояд, – қайд намуд Зарина Нуридинова.

Диана Димова зимни суханронии худ таъкид намуд, ки имрӯзҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ раванди байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ ба худ яке аз мавқеъҳои аввалиндараҷаро касб кардааст. Мушкилоти имрӯзаи соҳаи маориф, ба вижа таҳсилоти олӣ, аллакай чаҳорчӯбаҳои миллиро убур карда, фазои умумиҷаҳониро дарбар мегирад. Бино бар ин, барои ислоҳот ва рушди соҳаи маориф ҳар як кишварро зарур аст, ки таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳониро дар самти байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ бахубӣ омӯхта, ҷиҳати татбиқи онҳо дар низоми маорифи кишвари худ кӯшиш намояд. Аз мавзӯи интихобгардида баръало маълум аст, ки натиҷаҳои чашмдошти чорабинӣ метавонад барои намояндагони низоми таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – иштирокчиёни семинар ҳамчун воситаи амалӣ дар раванди байналмилаликунонии таҳсилот бо истифода аз таҷрибаҳои назарраси ҷаҳонӣ, ба вижа таҷрибаи муассисаҳои таълимии аврупоӣ дар мисоли донишгоҳҳои муаррифишаванда (Донишгоҳи Гратси Австрия ва Донишгоҳи Аархуси Дания) хизмат намояд, – таъкид сохт ӯ.

Маърӯзаи якуми семинар ба мавзӯи “Байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ” бахшида шуда буд, ки доир ба он Карен Лоридсен ба самъи иштирокчиён маълумоти муфассалро бо овардани мисолҳои мушаххасу воқеӣ пешниҳод намуд. Пеш аз ҳама дар маърӯза шарҳу тавзеҳи истилоҳоти марбут ба байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ, ки аллакай дар Аврупо мавриди истифода қарор доранд, ба таври содаю равон баён карда шуданд. Тавре маърӯзачӣ иброз дошт, дар раванди байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ ба эътибор гирифтани як қатор ҷузъҳо шарт ва зарур аст, ки дар миёни онҳо пеш аз ҳама ба чунин самтҳо бояд диққати хосса дод: (1) байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ натанҳо донишҷӯёнеро бояд дарбар гирад, ки онҳо аз ҳамкориҳои муассисаҳояшон дар доираи сайёрияти академӣ истифода мебаранд, балки он бояд тамоми донишҷӯёнро фаро гирад. Бо ин мақсад, раванди байналмилаликунии таҳсилотро бояд аз сатҳи маҳаллӣ (муассисаҳои таълимӣ дар дохили кишвар) дуруст ва самаранок ба роҳ монд; (2) ҳангоми байналмилаликунонии таҳсилот ба назар гирифтани танҳо забони англисӣ шарт ва зарур нест. Дар ин самт, қабл аз ҳама шарту шароити кишвар, мавқеи ҷуғрофии он, сатҳи забондонии аҳолӣ (алалхусус, салоҳиятҳои забондонии донишҷӯёну омӯзгорон) ва забонҳои мавриди истифодаи доираи васеи аҳолӣ қарордошта ба эътибор гирифта шавад, то ки раванди таълиму тарбия босамар ва босифат роҳандозӣ гардад. Таъкид карда шуд, ки ҳатто дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо интихоб гардидани танҳо забони англисӣ ба сифати забони байналмилаликунонии таҳсилот баҳсҳои зиёдеро ба миён овардаанд; (3) бо дарназардошти яке аз ҳадафҳои асосии байналмилаликунонии таҳсилот, ки ба ҷалби шумораи ҳарчи бештари донишҷӯён аз хориҷи кишвар равона гардидааст, ба эътибор гирифтани урфу одат, фарҳанг ва дигар хусусиятҳои миллию нажодӣ ва динии донишҷӯёни хориҷӣ ҳатмӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки фикри донишҷӯёни байналмилалӣ дар бораи ҳар мавзӯи баррасишаванда аз нигоҳи урфу одат ва фарҳанги кишварҳояшон маълум ва ба назар гирифта шавад. Чунин амал метавонад барои дар сатҳи байналмилалӣ дарк кардани ин ё он мавзӯъ кӯмак намояд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар рафти муаррифӣ, бо мақсади муайян кардани дараҷаи фаҳмиш ва таҷрибаи иштирокчиёни семинар, инчунин барои боз ҳам фаъолтар гардонидани фазои толор ҷиҳати бештару хубтар шинос шудан бо мавзӯъ, Карен Лоридсен аз усули интерактивии таълим истифода карда, пайваста доир ба ин ё он мафҳум ва фаъолияти марбут ба соҳаи таҳсилоти олӣ иштирокчиёнро ба мубоҳиса ва баррасии фаъол ҷалб мекард.
Маърӯзаи дуюм дар мавзӯи “Шиносоӣ бо синфи байналмилалӣ” аз ду бахш иборат буд, ки бахши якумро бо унвони “Равонасозии синфхонаи байналмилалӣ ва тадрис ба забони англисӣ” Карен Лоридсен ва бахши дуюмро бо унвони “Барномаҳои муштараки таълим” Улрике Краваня муаррифӣ намуданд.
Дар бахши аввал Карен Лоридсен дар бораи мафҳуми синфи байналмилалӣ, принсипҳои асосию талаботи калидӣ барои ташкилу роҳандозии ингуна синфҳо дар партави раванди байналмилаликунонии таҳсилот маълумоти ҷолиберо пешниҳоди иштирокчиёни семинар гардонид. Аз маърӯзаи мавсуф маълум гардид, синфи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, бояд дар такя ба ду ҷанба таъсис дода шавад: якум, мундариҷаи барномаи таълим бояд бо дарназардошти фарҳангҳои гуногун ва мавқеъҳои ҷуғрофии мухталиф, ки намояндагони онҳо метавонанд донишҷӯёни имконпазири синфҳои байналмилалии таъсисёбанда бошанд, таҳия карда шавад; дуюм, натиҷаҳои мавриди интизорӣ аз таҳсили донишҷӯён дар синфхонаҳои байналмилалӣ бояд ҷузъҳои байналхалқӣ ва байнифарҳангиро низ инъикос намоянд, то дар натиҷа донишҷӯён салоҳиятҳои марбут ба ин ҷузъҳоро ба даст оранд. Синфхонаи байналмилалӣ, инчунин метавонад фанҳоеро фаро гирад, ки тадриси онҳо ё ба забони маҳаллӣ ё ба забони хориҷии интихобгардида (масалан, англисӣ) ба роҳ монда мешавад. Таъсиси синфхонаи байналмилалӣ натанҳо ҷалб кардани донишҷӯёнро аз минтақаҳои гуногун (хориҷи кишвар) дар назар дорад, балки донишҷӯёни он метавонанд аз ихтисосҳои дигари худи муассиса ё муассисаҳои таълимдии дигари ҳамон кишвар бошанд.
Агар Шумо хоҳиши таъсис додани синфхонаҳои байналмилалиро дошта бошед, пас бояд барои ба назар гирифтану баррасӣ намудани як қатор мушкилот омода бошед, – таъкид сохт Карен Лоридсен. Аз ҷумла, дар робита ба фарҳангҳои гуногуни қавмию миллӣ, динию нажодӣ ва урфу одатҳои донишҷӯёну омӯзгорон, ки дар синфхонаи байналмилалӣ ба ҳам меоянд ва бо дарназардошти вижагиҳои хоси фазои байналмилалию байнифарҳангӣ ӯ чор самти зерини мушкилотро мисол овард: (1) фарҳанги миллӣ ба назар гирифтани вижагиҳои фарҳангии омӯзгорону донишҷӯён ва арзандагию таҷрибаи онҳоро тақозо менамояд; (2) фарҳанги маҳаллӣ намунасозӣ (бо мисолҳо тақвият бахшидан)-и шарҳу тафсири мафҳумҳо ва истилоҳот, иртиботи маҳаллӣ ва байнифарҳангии омӯзгорону донишҷӯёнро вобаста ба гуногунии фарҳангҳои онҳо талаб мекунад; (3) фарҳанги академӣ таҷдиди пайвастаи методҳои таълим, муътақидсозии донишҷӯ ва баназаргирии фардияти ӯ дар таълим, истифодаи бамавриди ҳаҷв ҳангоми тадрис, ба таври доимӣ такмили ихтисос кардани омӯзгорон ва ғанӣ гардонидани таҷрибаҳои педагогияшонро тақозо мекунад; (4) фарҳанги фаннӣ баён кардани мафҳум ва вожаҳои калидӣ, истифодаи асосҳои консептуалӣ ва сохторҳои намунавӣ, тафриқагузорӣ дар байни фанҳои табиӣ (дақиқ) ва ҷомеъашиносӣ (гуманитарӣ), омӯзиши илмҳои байнифаннӣ ва ғайраро бо дарназардошти вижагиҳои хоси фазои байналмилалию байнифарҳангӣ талаб менамояд.
Дар такя ба таҷрибаҳои инфиродии худ, ки аз омӯзиш ва мавриди баррасӣ қарор додани мақолаҳои илмии гуногуни марбут ба синфхонаҳои байналмилалӣ ва аз натиҷаҳои пажӯҳишҳои илмияш ба даст овардааст, Карен Лоридсен 7 қадами зеринро ҳамчун машваратҳои муфид дар мавриди таъсис додани синфхонаҳои байналмилалӣ пешниҳод намуд: (1) арзёбии фазои таҳсилоти олӣ дар муассисаи таълимии худ; (2) арзёбӣ ва мутобиқсозии ҷузъҳои байналхалқӣ ва байнифарҳангӣ дар фанҳои таълимӣ; (3) муайянсозӣ ва ҳурмати гуногунии интизомӣ, фарҳангӣ ва забонӣ дар миёни донишҷӯён; (4) баназаргирии эҳтиёҷоти донишҷӯён ба таълим; (5) дастгирии донишҷӯён барои таҳсил: мутамарказ шудан ба паҳлӯҳои қавӣ ва коҳиш додани паҳлӯҳои заиф; (6) самимӣ будан дар иртибот ва рафтор; (7) баназаргирии динамикаи гурӯҳ: табдилдиҳии мушкилот ба имконот.
Дар бахши дуюм Улрике Краваня дар робита ба байналмилакунонии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои муштараки таълим маърӯза намуда, дар он мақсаду вазифа ва воситаҳои асосии раванди байналмилакунонии таҳсилоти олиро шарҳ дода, шарҳу тафсири баъзе истилоҳоти калидиро ба таври муфассал баён сохт. Аз ҷумла, истилоҳоти “дараҷаи муштарак” (англ. Joint Degree), “дараҷаи дудиплома” (англ. Double Degree) ва “дараҷаи бисёрдиплома” (англ. Multiple Degree)-ро маърӯзачӣ аз нигоҳи шарҳу тафсири дар Иттиҳоди Аврупо аллакай қабул гардида бо овардани мисолҳои мушаххас баён карда, ҳамзамон таъкид намуд, ки ҳангоми барпо намудани ҳамкориҳои ба самти барномаҳои муштараки таълим алоқаманд, пеш аз ҳама, нисбат ба истилоҳоти истифодашаванда ҷонибҳо бояд ба мувофиқа омада, фаҳмиши яксони онҳоро таъмин намоянд. Масалан, мафҳуми “дараҷаи муштарак” дар Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) комилан ба таври гуногун фаҳмида мешавад: дар ИМА ин мафҳум ба даст овардани дараҷаро аз рӯйи ду ихтисос (масалан, ихтисоҳои иқтисодиёт ва ҳуқуқ) мефаҳмонаду дар Аврупо – дарёфти ду дипломро аз ду муассисаи таълимии гуногун. Тавре аз маърӯзаи Улрике Краваня маълум гардид: аз роҳандозии барномаҳои муштараки таълим муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ метавонанд як қатор манфиатҳоро ба даст оваранд, аз ҷумла: (1) дар миёни муассисаҳои таълимии дигар паҳн кардан ва бо онҳо ба ҳам дидани дастовардҳои беҳамтои худ барои рушд ва такомули мутақобила; (2) ҷамъ овардани матолибе хосе, ки худи муассисаи таълимӣ наметавонад онҳоро дар алоҳидагӣ пешниҳод намояд; (3) дар умум баланд бардоштани сифати таҳсилоти пешниҳодмекардаи муассисаи таълимӣ; (4) ба донишҷӯён пешниҳод кардани салоҳиятҳои байнифарҳангӣ ва афзоиш додани сайёрияти академӣ дар миёни донишҷӯёну омӯзгорон; (5) мусоидат кардан ба ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотии минбаъда; (6) ба даст овардани нуфузу эътибори байналмилалӣ; (7) тақвият додани ҳамкориҳои миллии дуҷониба ё фаромарзӣ: (8) зиёд кардани қабули донишҷӯён аз соҳаи хос; (9) пешниҳод кардани дараҷа (диплом)-и байналмилалӣ ва таъмини шуғлёбии хамткунандагон.
Асосан, роҳандозии барномаҳои муштараки таълим дар ду навъ сурат мегирад, – иброз дошт Улрике Краваня: якум, таҳияи барномаи комилан нав ва дуюм, таҷдиди барномаи мавҷудбуда бо дарназардошти ворид кардани ҷанбаҳои байналмилаликунонии таҳсилот дар он. Тибқи маърӯзаи мавсуф, арзёбии барномаҳои муштарак, одатан, аз рӯйи дараҷаи интегратсия (аз он ҳамчун дараҷаи “шарикӣ” низ ном мебаранд) сурат мегирад, ки он аз шумораи ҷузъ (элемент)-ҳои дар барномаи муштарак амалишаванда вобаста аст: ҳар қадаре ки ҷузъҳои бештар дар барномаи муштараки таълим амалӣ шаванд, ҳамон қадар дараҷаи “шарикӣ” баландтар ба ҳисоб меравад. Ба сифати ҷузъҳои барномаҳои муштараки таълим аз чунин ҷузъҳо ном бурда шуд: таҳияи муштараки нақшаи таълим, интихоби якҷояи донишҷӯён, ташкил кардани давраи сайёрияти ҳатмӣ дар муассисаи шарик, эътирофи бевосита (автоматӣ)-и натиҷаҳои академӣ, пешниҳоди дараҷаи муштарак (дудиплома, бисёрдиплома). Чуноне Улрике Краваня дарҷ намуд: фарзия (консепсия)-ҳои барномаҳои муштараки таълим ду равишро дарбар мегирад. Якум, барномаҳои пурра, ки тибқи онҳо ҳар як муассисаи таълимии шарик барномаи таълимро ба пуррагӣ фаро гирифта, дар доираи он донишҷӯён дар муассисаи таълимии дигар (шарик) сайёрияти ҳатмии академиро мегузаранд. Дуюм, барномаҳои пурракунанда, ки тибқи онҳо як муассисаи таълимӣ барномаи таълими муассисаи дигарро мукаммал (пурра) гардонида, дар доираи он донишҷӯён дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ (шарикон) бояд таҳсили худро ба роҳ монанд.

Рӯзи дуюми семинар бо маърӯзаи Улрике Краваня дар мавзӯи “Барномаҳои муштарак: таҳия, роҳандозӣ ва ташкил” оғоз гардид, ки он саросар мисолҳои мушаххасу воқеиро дар бар мегирифт ва дар худ характери сифр амалиро инъикос менамуд. Ҳамчун мисоли таҷрибаҳои беҳтарин мавсуф 3 лоиҳаи ҳамкории аз ҷониби Донишгоҳи Гратс амалигардида (1 – Магистратураи муштараки байналмилалӣ дар соҳаи “Рушди устувор”, 2 – Дараҷаи дудиплома дар соҳаи “Иқтисодиёти таҷрибавӣ (эмпирикӣ)”, 3 – Барномаи магистратураи байналмилалӣ дар соҳаи “Иқтисодиёти даврӣ”)-ро ба таври муфассал муаррифӣ намуд. Аз ҷумла, роҷеъ ба ҳар як лоиҳаи зикргардида маълумоти мушаххас бо фарогирии чунин қисмҳо пешниҳод карда шуд: (1) мақсаду вазифаҳо; (2) шарикон ва уҳдадориҳои онҳо вобаста ба пешниҳод кардани дараҷа (диплом) ё таъмин кардани сайёрияти академӣ; (3) сохтори нақшаи таълим дар робита ба фанҳои таълимӣ, шумораи кредитҳои барои онҳо ҷудогардида ва муассисаҳои таълимии масъул барои тадриси онҳо; (4) навъи дараҷаҳои пешниҳодшаванда ва намунаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи онҳо (дипломҳо) ва ғайра. Зикр гардид, ки мақсаду мароми асосии ҳар яке аз ин барномаҳои ҳамкорӣ бевосита ба байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ равона гардидаанд.
Барномаҳои муштараки таълимро метавон дар самтҳои зерин инъикос намуд, – гуфт Улрике Краваня: синфи байналмилалӣ, таҳсилоти байналмилалӣ, ҳамкории байналлмилалӣ, бакортаъминкунии байналмилалӣ ва салоҳиятҳои байнифарҳангӣ. Ҳамзамон, тавре ӯ таъкид намуд: агарчи барномаҳои муштараки таълим дорои манфиатҳои зиёданд, аммо дар раванди таҳия ва роҳандозии онҳо бо душвориҳои зиёде низ рӯбарӯ шудан мумкин аст, ки барои ба таври дуруст ва самаранок дар амал татбиқ намудани барномаҳои муштарак мебояд онҳоро бомуваффақият баррасӣ ва паси сар намуд. Аз ҷумла, бо дарназардошти талаботи вижа ва гуногунии шарту шароити кишварҳои мухталиф, ки муассисаҳои таълимии шарик дар онҳо ҷойгиранд мушкилоти зерин номбар гардид: (1) мувофиқакунонии намуд, сохтор ва мундараҷаи ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ барои додани дараҷа (диплом), инчунин талаботи вижа ба чоп ва тасдиқи онҳо; (2) ҳамоҳангсозии санадҳои меъёрию ҳуқуқии марбут ба соҳаи таҳсилоти олӣ; (3) ба эътибор гирифтани гуногунии тақвимҳои академӣ; (4) баназаргирии маблағи таҳсил ва имконияти маблағгузории сайёрияти ҳатмии академӣ; (5) баррасии масъалаҳои логистикӣ.
Бо мақсади роҳандозии бомуваффақияти раванди таҳияи барномаҳои муштараки таълим ва ба осонӣ паси сар кардани мушкилоти эҳтимолии дар ин самт бамиёнмеомада Улрике Краваня харитаи кориеро манзури иштирокчиёни семинар гардонид, ки он чор марҳалаи асосиро дарбар мегирад: 1 – ибтидо; 2 – таҳия; 3 – амалисозӣ; 4 – оғози барнома. Марҳалаи “ибтидо” хеле муҳим буда, он баррасии комили як қатор масъалаҳои калидиро дар назар дорад, аз ҷумла: мақсад ва вазифаҳои ташкили барномаҳои муштараки таълим, муайянсозии гурӯҳҳои мақсаднок, интихоби бодиққати шарикон, омӯхтани санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти шарикон дар самти таҳсилоти олӣ, таъмини шумораи кофии ҳайати маъмурию омӯзгорӣ, муътақид будан ба мавҷудияти стратегияи устувори маблағгузорӣ, таҳияи сиёсати забонӣ, муқаррарсозии сохтори иртиботию маъмурӣ, муайянсозии дараҷаи интегратсия (дараҷаи “шарикӣ”) ва ғайра. Марҳалаи “таҳия” аслан ба омодасозии ҳуҷҷатҳои дахлдор нигаронида шудааст, ки дар он шартномаи ҳамкорӣ ҳамчун ҷузъи марказӣ мавқеи хосро соҳиб аст. Аз ин ҷост, ки шартномаи ҳамкорӣ аз ҷониби ҳамаи шарикон баррасӣ ва тасдиқ гардида, одатан чунин масъалаҳоро фаро мегирад: сохтори барнома ва идораи он, хизматрасониҳои маъмурии ба донишҷӯён нигаронидашуда, сайёрияти академӣ ва дар ин самт омодасозии созишномаҳо бо шарикони иловагӣ, шакли ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ оид ба дараҷаҳои пешниҳодшаванда ва механизми додани онҳо. Ин марҳала, инчунин, раванди таҳияи нақшаи муштараки таълимро фаро мегирад. Дар марҳалаи “амалисозӣ”, маъмулан, чунин ҷабҳаҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд: тартибҳои гуногун ва муҳлатҳои амалисозии онҳо, тасдиқ ва аккредитатсияи барномаҳои нави таълим, ба назар гирифтан ва ҷудо кардани вақти кофӣ барои санҷишҳои ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои дахлдор ва мувофиқакунонии онҳо, банақшагирии бодиққати амалисозии барномаи таҳияшаванда. Марҳалаи “оғози барнома”, одатан, ба баррасии чунин нуқтаҳои ҳамкорӣ равона мегардад: усул ва воситаҳои иртибот дар байни шарикон, фаъолият дар самти робита бо ҷомеа (муносибатҳои ҷамъиятӣ) ва сомонаҳои интернетӣ, махзанҳои иттилоотӣ (сабт ва нигаҳдории маълумот), вохӯриҳо, тартиби ҳуҷҷатсупорӣ ва раванди интихоб, хизматрасониҳои ба донишҷӯён нигаронидашуда, раванди қабул – тартиби инфиродӣ дар муассисаҳои таълимии шарик, шахсони масъул ва ғайра.

Сипас, Карен Лоридсен дар мазӯи “Байналмилакунонии таҳсилот дар дохили кишвар ва таълим ба забони англисӣ” маърӯза намуда, дар доираи он 7 машварати муфидро дар робита ба таъсис додани синфхонаҳои байналмилалӣ дар партави роҳандозии раванди байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ бо овардани мисолҳои воқеӣ ба таври муфассал баён намуд ва барои таъсис додани чунин синфхонаҳо дар шароити кишвар барои иштирочиёни семинар маслиҳатҳои амалӣ ироа намуд.
Бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидан ба донишҳои тайи ду рӯзи кори семинар бадастовардаи иштирокчиён барои дар амал татбиқ карда тавонистани онҳо, дар нимаи дуюми рӯз иштирокчиён барои иҷрои кори амалӣ дар доираи сессияи гурӯҳҳои корӣ, ки дар чорабиниҳои ҳамсон аз онҳо одатан ҳамчун “кафеи ҷаҳонӣ” ном мебаранд, ҷалб карда шуданд. Кафеи ҷаҳонӣ аз рӯйи самти “Таҳаввулоти ҷадид ва тағйироти (сохторӣ ё тартибӣ) зарурӣ ҷиҳати таҳияи барномаҳои байналмилалии босифат дар Тоҷикистон” дар доираи се бахши корӣ ба роҳ монда шуд: 1 – таҳияи барномаи таълим, ҳамоҳангсозӣ, тадрис ва таълим (роҳбари бахш: Мамадамон Абдуллоев); 2 – рушди шарикӣ ва барномаҳои сайёрият (роҳбари бахш: Санавбар Нурова); 3 – муайянсозии кашшофон (ҷалбшавандагони нахустин): фан ва барномаҳои таълими барои донишҷӯёни байналмилалӣ ҷолиб, таҳияи пешниҳодҳои шавқовар (роҳбари бахш: Назарзода Рустам Саидмурод). Бахшҳои корӣ дар як вақт, аммо барои фаро гирифтани ҳамаи иштикрочиён дар се фосилаи вақт фаъолияти худро таъмин намуданд. Тибқи тартиб иштирокчиён низ ба се гурӯҳ тақсим шуда, бо мақсади фаро гирифтани мавзӯъҳои ҳар се бахш дар онҳо аз рӯйи фосилаҳои вақти ҷудогардида мувофиқан иштирок намуданд. Бояд қайд кард, ки ҳамаи иштирокчиёни семинар дар кори кафеи ҷаҳонӣ хеле фаъолона ширкат варзида, дар такя ба таҷриба ва донишу малакаҳои худ оид ба мавзӯъҳои баррасигардида фикру ақида ва тавсияю пешниҳодҳои ҷолиби худро иброз доштанд. Дар охир, натиҷаҳои кори ҳар бахш аз ҷониби роҳбарони онҳо муаррифӣ гардиданд. Дар навбати худ, Улрике Краваня ва Карен Лоридсен нигоҳи худро оид ба кафеи ҷаҳонӣ ва муаррифиҳои натиҷаҳо дар шакли як қатор маслиҳатҳои муфид иброз намуданд. Аз ҷумла:

1. Вобаста ба усулҳои инноватсионии таълим тавсия дода шуд, ки беҳтарин иқдом дар ин самт ба роҳ мондани усулҳои фаъолгардонии донишҷӯён дар раванди таълим, ба мисли ҷалби худи донишҷӯён дар тадриси фанҳо ба ҳайси омӯзгор, роҳандозии таълими ба лоиҳаҳо асосёфта ва дар ин радиф пешниҳод кардани лоиҳаҳои гурӯҳӣ.
2. Бо мақсади рушди қобилият ва тақвияти неруи зеҳнии омӯзгорон ба таври пайваста таъмин кардани иштироки онҳо дар курсҳои бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисос.
3. Дар робита ба масъалаи бакортаъминкунии хатмкунандагон таъкид гардид, ки пеш аз ҳама, дар ин самт бояд ҳамкориҳои муассисаҳои таълимиро бо кордиҳандагон (истеҳсолот) ба роҳ монда, онҳо дар ҳамаи зинаҳо густариш дода шаванд. Аз ҷумла, ҷалб кардани муассисаҳои иестеҳсолотӣ ҳангоми таҳияи барномаҳои таълим, раванди тадриси фанҳои тахассусӣ, ташкили таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ, гузаронидани пурсишномаҳо дар бораи эҳтиёҷи онҳо ба мутахассисону салоҳиятҳои касбии онҳо ва ғайра.
4. Ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои байналмилалӣ таъмин кардани дастрасӣ ба иттилооти боэътимод дар бораи муассисаи таълимӣ ба забонҳои бештар маъмул (масалан, забони англисӣ) тавассути сомонаҳои интернетӣ.
5. Дар самти тақвият бахшидани ҷабҳаҳои нисбатан заифи муассисаи таълимӣ ба эътибор гирифтани ҷузъҳои алоҳидаи ҳамкории байналмилалӣ барои ба даст овардани манфиатҳои мутақобила.
6. Барои таъсис ва роҳандозии синфхонаҳои байналмилалӣ ҳамчун ҷузъи калидӣ дар раванди байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ муайян ва муқаррар кардани сиёсати забонӣ: дар қатори забонҳои дар муассиса ва умуман дар кишвар маъмул (масалан, забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои кишвари мо) муайян кардани забони хориҷӣ вобаста аз шарту шароити кишвар, талаботу эҳтиёҷот ба он дар бозори меҳнат, салоҳиятҳои забондонии донишҷӯёну омӯзгорон (чи маҳаллӣ ва чи хориҷӣ) ва ҳайати маъмурии муассисаи таълимӣ (масалан, забони англисӣ ё забони хитоӣ).
7. Бо дарназардошти оғоз бахшидан ва татбиқ кардани раванди байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ дар муассисаи таълимӣ (чи дар сатҳи маҳаллӣ – дар дохили кишвар ва чи дар сатҳи байналмилалӣ) ҳамчун қадамҳои нахустин шуруъ кардан аз ҷузъҳои содатарини ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз қабили ташкил кардани курсҳои кӯтоҳмуддат ва мактабҳои тобистона, баргузор намудани семинару конференсияҳо, барқарор кардани иртибот ва ҳамкориҳои академӣ дар байни омӯзгорон, ташкил кардани вохӯриҳои фосилавӣ дар реҷаи бархат (онлайн) бо истифода аз воситаҳои муосири технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ғайра. Сипас, аз таҷрибаҳои бадастмеомада густариш додани онҳо то ба ҳадди ҳамкорҳиҳои васеи байналмилалӣ дар самти таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълим.
Дар охир иштирокчиёни семинари байналмилалӣ дар мавзӯи “Барномаҳои муштарак ва таълим ба забони англисӣ” барои таъмин кардани иштироки фаъолонаи худ бо сертификатҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчун хулоса, таъкид менамоем, ки тайи ду рӯзи баргузории семинар иштирокчиёни он аз таҷрибаҳои пешсафи ду донишгоҳи аврупоӣ – Донишгоҳи Гратси Австрия ва Донишгоҳи Аархуси Дания дар самти барномаҳои муштараки таълим аз наздик шинос шуда, барои худ маълумоти ҷолиби назариявию амалиро дарёфтанд, то ки дар фаъолияти минбаъдаи худ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар самти байналмилакунонии таҳсилоти олӣ аз онҳо ба таври муфид ва самаранок истифода баранд.

Назарзода Рустам Саидмурод,
узви тими миллии КИТО (HERE) дар назди
дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон

Leave a Comment