Аз 25 то 27-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Ҷамъомади байналмилалӣ бахшида ба 60-умин солгарди таъсисёбии “Гурӯҳҳои сохтмончӣ” (строительные отряды) доир гардид, ки дар ин ҳамоиши бошукӯҳ ҳайати ҷавонони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ даъват гардиданд.
Ҳайати ҷавонони тоҷик ба Федератсияи Россия ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд сафар намуданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии бошукӯҳ 7 нафар ҷавонони фаъоли кишвар, аз ҷумла Ардашер Шерзодов – раиси Созмони ҷавонони факултети Сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ иштирок намуда, дар баргузории як қатор чорабиниҳои илмӣ-адабӣ ва фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Боиси зикр аст, ки дар ҳошияи ҷамъомад дар меҳмонхонаи “Вега” мулоқоти ғайрирасмии раиси Созмони ҷавонони факултети сохтмон ва меъморӣ Ардашер Шерзодов бо раиси созмони “Строительный отряды”-и Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Бауман (МГТУ им. Баумана) Владислав Шербаков баргузор гардид, ки дар доираи он ба раиси созмони “Строительный отряды” доир ба фаъолияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ маълумоти муфассал дода шуд. Баргузор намудани чунин мулоқот барои мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани сифати баргузории чорабиниҳои сатҳи гуногун чораи саривақтӣ ва фоидаовар аст.
Мавриди зикр аст, ки дар заминаи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Росия Владимир Путин ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда шуда, ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар баргузории чорабиниҳои гуногуни давлати ба мо дӯсту бародар – Федератсияи Россия иштирок намуда, ҷиҳати табодули таҷриба, аз худнамоии усулҳои навини татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон мубодилаи афкор менамоянд.
Маркази иттилоот ва нашр.