Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар вазъияти тантанавӣ 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.
Дар ин чорабинии идона судяи суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳошимзода Д. иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар баромади худ ӯ доир ба зарурати Конститутсия, моҳият, арзиш ва мақоми он қайд карда, волоияти онро бори дигар хотиррасон намуд.
Баъдан Ҳошимзода Д. ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О.-ро барои меҳнати софдилона ба халқу миллат, тарғиби ғояҳои сиёсӣ, тараннуми ватанпарастию худогоҳии миллӣ дар донишгоҳ бо ифтихорномаи суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз намуд.

Дар охир бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 нафар ятимони кулл ва маъюбоне, ки дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, бо кӯмаки яквақтаи молиявӣ қадрдонӣ шуданд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment